Аз нишастҳои матбуотӣ

Журналистон дар ислоҳи камбудиҳо саҳм мегузоранд

№ 15.08.2023

Chairman-of-Barki-Tojik-Mirzo-IsmoilzodaБа Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ 4310 адад аснод ворид гардид, ки 3081 адади онро муроҷиати хаттӣ ва 643 ададро муроҷиати шифоҳии шаҳрвандон ташкил медиҳад. Дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи муроҷиати шаҳрвандон 525 адад кам шудааст. Ин мавзӯи саволи хабарнигори рӯзнома буд, ки ба он раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода зимни нишасти матбуотии рӯзи 14 август баргузоршуда посух гуфта, аз ҷумла қайд кард: «Сабаби коҳиш ёфтани шумораи муроҷиаткунандагон дар он аст, ки мо супориш додем, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба муроҷиати мардум таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир кунанд ва барои ҳалли мушкилоташон расидагӣ намоянд. Раисони ҷамоатҳо роҷеъ ба ин масъала мунтазам ба мо гузориш пешниҳод менамоянд. Рӯзҳои қабул дар мақомот низ мо бо шаҳрвандон мулоқот доир карда, арзу дархосташонро гӯш мекунем. Ягон муроҷиат ва дархости шаҳрвандон набояд бе ҷавоб монад.»

Дар ҷавоб ба саволи навбатии мо роҷеъ ба вазъи китобхонаҳо ва ба китобхонӣ ҷалб кардани мардум низ раиси шаҳр ва масъулони соҳа таври муфассал маълумот доданд. Маълум шуд, ки дар миқёси шаҳр китобхонаи марказӣ ва 46 китобхонаҳои оммавӣ фаъолият мекунад. Бо вуҷуди корҳои зиёд дар ин бахш ҳанӯз масъалаҳои ҳалталаб зиёданд. Нарасидани адабиёти бачагона, нокифоя будани маблағгузорӣ барои таъмиру тармими китобхонаҳо ва пуррагардонии фонди онҳо аз ҷумлаи камбудиҳо арзёбӣ гардид.  Мирзо Исмоилзода дар ин маврид гуфт, ки мо имкону шароит пайдо карда, маблағгузориро ба ин соҳа зиёд мекунем.

Ҳамин тавр дигар намояндагони воситаҳои ахбори омма тавонистанд роҷеъ ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳашон аз роҳбарияти шаҳр ва масъулон ҷавобҳои мушаххас пайдо кунанд, зеро нишасти матбуотӣ пурра таври саволу ҷавоб сурат гирифт. Ба хабарнигорон ҳамзамон «Оид ба ҷамъбасти нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Ваҳдат дар нимсолаи аввали соли 2023» маълумоти муфассал пешниҳод шуд. Аз маълумотнома бармеояд, ки 21 корхонаи саноатии шаҳр нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд карданд, ҳаҷми гардиши чаканаи мол ва хизматрасониҳои пулакӣ низ афзоиш ёфт. Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидории шаҳр ба маблағи 495 миллиону 32 ҳазор сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 87 миллиону 78 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Раиси шаҳри Ваҳдат аз намояндагони воситаҳои ахбори омма изҳори сипос намуд, ки бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳамкории зич доранд ва дар инъикоси фаъолияти он, ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта саҳм мегузоранд.

Бурҳониддин КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»