№44 (4940) 09.04.2025

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Лаҳистон таъин намудани Сатторов И.М.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ­фармон ­медиҳам:

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Германия Сатторов Имомудин Мирзоевич ҳамзамон сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Лаҳистон таъин карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 7 апрели соли 2025, №1018