Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005 — 2015)

№77(3378) 06.06.2015

00

«Масъалаи об, мисли проблемаҳои дигари асри оянда бо проблемаҳои таъмини амният дар шароити ба ҳамдигар вобаста будани мамлакатҳо бевосита алоқаманд аст. Проблемаи об ҳамзамон бо ҷиҳатҳои соф гуманитарии он, инчунин ҷиҳатҳои дигар, аз ҷумла ҷиҳатҳои иқтисодӣ ва экологӣ низ дорад. Обро ҳамчун сарвати умумӣ баррасӣ намуда, масъулияти ҳифзи онро барои наслҳои оянда ба зиммаи ҳамаи давлатҳо гузоштан зарур аст. Ҳамкории амалии умумиҷаҳонӣ дар асри XXI ба ҳалли сиёсии ин проблема имконият фароҳам оварда, кафолат дода метавонад, ки ҷиҳати низомии он ҳеҷ гоҳ мавриди истифода қарор нагирад. Умедворем, ки ташаббуси мо дар бораи ҳалли проблемаҳои ба об вобастабудаи на танҳо Тоҷикистон, ки дорои захираҳои фаровони об аст, балки барои аксарияти давлатҳои узви СММ ҳаётан муҳим буда, ҳамовозӣ пайдо хоҳад кард».

(Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии сиёсии Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи умумии СММ, 1 октябри соли 1999, шаҳри Ню — Йорк)

 

«Имсол Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005 — 2015), ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эълон гардида буд, ба анҷом мерасад.

Бидуни шакку шубҳа иҷрои нақшаи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005 — 2015) барои муттаҳид сохтани саъю талоши муштараки мо дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ ба хотири тақвияти тадбирҳои расидан ба ҳадафҳо дар соҳаи захираҳои об асоси хубе ба миён овард. Вале таҳдиду хатарҳои муосири глобалӣ, аз ҷумла буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, афзоиши аҳолӣ, тағйири иқлим, зуд-зуд рух додани ҳодисаҳои офатбори гидрометеорологӣ, норасоии об ва дар натиҷа, боло рафтани сатҳи камбизоатӣ, густариши бемориҳои сирояткунанда ва афзоиши фавти модару кӯдак аз мо саъю талоши бештар ва дар ин арса андешидани тадбирҳои марбутаро тақозо доранд, зеро таҳдидҳои зикршуда имкон надоданд, ки ҳадафу вазифаҳои Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005 — 2015) пурра татбиқ карда шаванд.

Бо дарназардошти ин пешниҳод менамоям, ки Даҳсолаи дуюми байналмилалӣ таҳти шиори «Об — ба хотири рушди устувор» эълон карда шавад.

Мо умедворем, ки ин пешниҳод аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пуштибонӣ хоҳад ёфт».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 12 апрели соли 2015, шаҳри Дэгуи Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ