Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018-ро барои мардуми шарифи кишвар соли воқеан таърихӣ номиданд. Ҳақиқатан ҳам ин сол дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангии кишвар рӯйдодҳои басо муҳиму сарнавиштсоз ба вуқӯъ пайвастанд, ки на танҳо аз густариши раванди созандагиву бунёдкорӣ дарак медиҳанд, балки заминаҳои фардои дурахшонро низ фароҳам меоваранд. Бидуни тардид, дар сархати рӯйдодҳои сарнавиштсози соли сипаришуда ба кор андохтани чархаи якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» қарор дорад, ки шаҳодати ҷасорати бемисли қавлу амали Пешвои миллат ва мукофоти заҳмати бурдборонаи мардум маҳсуб мешавад. Ва аз гардиши куллӣ ва фатҳу нусратҳои навин дар масири давлатсозии миллӣ паём мерасонад, ки он дар ақсои олам тавассути бузургтарин расонаҳои хабарӣ инъикос ёфт. Аз ин рӯ, месазад, ки соли 2018 дар тақвими таърихи муосири кишвар чун соли оғози кори НБО «Роғун» бо ҳарфҳои заррин навишта шавад.
Баробар бо ин, сиёсати «дарҳои боз» ва бисёрсамтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, ки бо хираду заковати фитрии Пешвои миллат тарҳрезӣ гардид, ба таъмини манфиатҳои миллӣ ва таҳкими мақом ва нуфузу обрӯи давлат дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намуд. Аз ин рӯ, соли сипаришударо метавон соли идома ва тақвияти ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат дар соҳаи об ва оғози муваффақонаи татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии Пешвои миллат дар соҳаи об — Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» низ номид. Ба шарофати ин ташаббусҳо ва роҳандозии густурдаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи об Тоҷикистон имрӯз дар ҳалли мушкилоти вобаста ба об дар арсаи ҷаҳонӣ нақши фаъол ва созанда дорад. Моҳият ва фалсафаи ташаббуси Пешвои миллат доир ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар он ифода меёбад, ки манбаъҳо ва захираҳои об таҳти таъсири тағйирёбии иқлим рӯ ба коҳиш овардаанд ва ҳалли ин мушкили глобалӣ, ки барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор зарур аст аз ҷомеаи ҷаҳонӣ роҳандозии тадбирҳои муштарак ва ҳамкории фарогиру созандаро дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об ҷиҳати бақои ҳаёт дар сайёра ва рушди устувори инсоният талаб мекунад.
Бо дарназардошти аҳамияти бузурги ташаббуси мазкур барои минтақа ва ҷаҳон, оғози расмии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки 22 марти соли сипаришуда — Рӯзи байналмилалии захираҳои об бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид, мавриди истиқболи гарми ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифт ва бори дигар мақоми пешрави мамлакатро барои ҳалли мушкилоти об таъйид намуд.
Ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалӣ бо ҳидояти Пешвои миллат ва ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 20-22 июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд «Даҳсолаи байналмилалии амал: «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки зиёда аз 1500 нафар аз 120 кишвари дунё баргузор гардида, натиҷаҳои назаррас ҳосил шуданд. Дар фарҷоми чорабинӣ санади ниҳоии конфронс — Эъломияи ниҳоӣ қабул гардида, ду санади дигари он, аз ҷумла «Хулосаи ҳамраисони конфронс» ва «Даъват барои амал» ба сифати ҳуҷҷатҳои Иҷлосияи 73-юми Маҷмаи умумии СММ интишор ёфтанд. Конфронси мазкур барои тақвият бахшидани фаъолият ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум оид ба амалисозии саривақтӣ ва босамари Ҳадафи шашум ва дигар Ҳадафҳои рушди устувор, инчунин баррасии қадамҳои минбаъдаи Нақшаи амали Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва кишвар заминаи мусоид фароҳам овард. Бо такя ба ин замина Тоҷикистон лоиҳаи қатъномаро таҳти унвони «Шарҳи миёнамуҳлати фарогири татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳия намуд, ки он 20 декабри соли 2018 зимни Иҷлосияи 73-юми Маҷмаи умумии СММ якдилона ва бо ҳаммуаллифии 190 кишвари ҷаҳон қабул гардид. Ин санад ҳадафи танзими ҷараёни баррасии миёнамуҳлати Даҳсола ва баргузории чорабиниҳои муҳими ҷаҳониро дар чаҳорчӯби татбиқи ҳадафҳои ташаббуси Тоҷикистон пайгирӣ менамояд. Аз ҷумла, дар қатънома баргузории ҷаласаи сатҳи баланди Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати мусоидат ба татбиқи ҳадафу вазифаҳои марбут ба захираҳои об моҳи марти соли 2021 ва Конфронси Созмони Милали Муттаҳид доир ба Шарҳи миёнамуҳлати фарогири ҷараёни татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» 22-24 марти соли 2023 таъкид шуда, иқдомоти дигаре, ки оид ба ин раванд дар сатҳҳои минтақавӣ ва кишвар роҳандозӣ мегарданд, пешбинӣ шудаанд. Қабули қатъномаи мазкур нишони ҳамовозии ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ибтикороти созанда ва дурнигаронаи Пешвои миллат ва эътирофи нақши Тоҷикистон дар ҳалли масоилу мушкилоти олам ба шумор меравад.
Ин нукта дар барқияи шодбошии муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи умумии СММ возеҳ ифода ёфта, дар он Муншии умумӣ рӯйдоди мазкурро «қадаме бузург ва таҷассумгари эътимоди кишварҳои аъзои СММ нисбат ба Тоҷикистон, ҳамчун кишвари пешсаф дар пешбурди масоили об ва ҳомии раванди ҷаҳонии татбиқи ҳадафу вазифаҳои марбут ба оби Рӯзномаи 2030 барои рушди устувор» номидааст.
Соли сипаришуда дар тақвими сиёсати хориҷии Пешвои миллат, барҳақ, чун соли эҳё ва рушди ҳамкориҳои фарогир бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон сабт мегардад. Дар давоми сол мушкилоту масъалаҳои дар тӯли беш аз ду даҳсола миёни ду кишвари ҳамсоя бавуҷудомада ба шарофати иродаи сиёсии роҳбарони ҳар ду давлат, ки аз анъанаҳои дӯстиву бародарии таърихии халқҳои тоҷику ӯзбек сарчашма мегиранд, ҳаллу фасл гардиданд. Дар ин масъала, сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (9-10 март) ва сафари давлатии ҷавобии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон (17-18 август) нақши ҳалкунанда бозиданд.
Дар ҷараёни мулоқотҳои сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд маҷмӯи масъалаҳои таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои калидии ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардида, доир ба ҷорӣ намудани низоми бидуни раводид миёни ду кишвар то 30 рӯз, делимитатсия ва демаркатсияи тақрибан ҳама қитъаи сарҳади давлатӣ ва барқарор гардидани фаъолияти гузаргоҳҳои мавҷуда дар сарҳади байни Тоҷикистону Ӯзбекистон, фаъол намудани роҳи оҳани қитъаи Ғалаба — Амузанг ва тавсеаи имконоти истифодаи зарфиятҳои нақлиётиву коммуникатсионии ҳар ду кишвар, ҳамчунин истифодаи обанбори Фарҳод ва татбиқи муштараки лоиҳаҳои энергетикӣ ва дигар масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои байни ду кишвар мувофиқаҳои мутақобилан судманд ба даст омаданд. Дар натиҷаи ин ду сафари таърихӣ 53 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки бахшҳои муҳими ҳамкории дуҷонибаро фаро мегиранд. Дар миёни санадҳои баимзорасида «Созишнома дар бораи ҳамкории шарикии стратегӣ» дорои мақоми хоса аст, зеро он муносибатҳои ду кишвари дӯстро ба сатҳи сифатан нав баровард ва анъанаҳои дӯстиву қаробат ва ҳусни ҳамҷавориро миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон устувор гардонид.
Соли 2018 муносибатҳои дӯстӣ ва накуҳамсоягӣ бо кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ низ тақвият пайдо карданд. 14-15 март сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бори аввал дар тӯли беш аз ду даҳсола дар Остона мулоқоти корӣ баргузор намуданд, ки дар он Пешвои миллат омодагии кишварро ба тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муассир ва роҳандозии ҳамгироии воқеии минтақавӣ изҳор намуданд.
Соли сипаришуда, ҳамчунин, соли тақвияти ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо шарикони озмудашуда дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва манотиқи дигари ҷаҳон буд. Дар самти тавсеаи муносибатҳо бо шарикони анъанавӣ ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ 11 сафари хориҷии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла, сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон ва иштирок дар мулоқоти кории сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ (14-15 март), сафари корӣ ба шаҳри Ню-Йорки ИМА ҷиҳати иштирок дар чорабинӣ бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, 2018-2028» (20 — 23 март), сафари корӣ ба шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (9 — 11 июн), сафари корӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия (14 июн), сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон барои иштирок дар таҷлили 20 — солагии пойтахти Қазоқистон — Остона ва муаррифии «Маркази байналмилалии молиявии Остона» (6 июл), сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон (9 — 11 август), сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон (17 — 18 август), сафари корӣ ба Туркманистон барои иштирок дар мулоқоти сарони давлатҳои муассиси Хазинаи байналмилалии Наҷоти Арал (24 август), сафари расмӣ ба Япония (3 — 6 октябр), сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон барои иштирок дар ҷаласаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (8 ноябр), сафари корӣ ба Федератсияи Россия барои иштирок дар Ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ (6 — 7 декабр) боиси кушода шудани уфуқҳои нав дар ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва кишварҳои ҷаҳон гардиданд.
Соли 2018 аз лиҳози ташрифи ҳайатҳои зиёди хориҷӣ ба Тоҷикистон дар таърихи кишвар бесобиқа буд. Зеро тақрибан 400 ҳайати гуногунсатҳи кишварҳои хориҷӣ ва намояндагони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ниҳодҳои молиявӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд ва 62 мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони ҳайатҳои хориҷӣ баргузор гардид, ки барои густариши бештари муносиботи байналмилалӣ дар асраи ҷаҳонӣ саҳми муассир дошт.
Дар ин давра сафарҳои расмӣ (1 — 2 феврал) ва кории (27 — 28 сентябр) Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон С. Жээнбеков, сафари давлатӣ (9 — 10 март) ва кории (27 — 28 сентябр) Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. Мирзиёев, сафари расмӣ (16 — 18 май) ва кории (27 — 28 сентябр) Президенти Ҷумҳурии Беларус А. Лукашенко, сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн (19 июн), сафари кории Президенти Туркманистон Г. Бердимуҳаммедов (20 июн), сафарҳои кории Президенти Федератсияи Россия В. Путин, Президенти Қазоқистон Н. Назарбоев, Президенти Озарбойҷон И. Алиев, Президенти Молдова И. Додон, Сарвазири Арманистон Н. Пашинян (27-28 сентябр), сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Рам Натҳ Ковинд (7-9 октябр), сафари расмии Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Д. Медведев (31 май), сафари расмии Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Халқии Хитой Ли Кетсян (12-14 октябр), сафари расмии Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло (21 июн), сафари расмии Раиси палатаи қонунбарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурдинҷон Исмоилов (19-20 ноябр), сафарҳои кории муовини муншии умумии СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Лиу Женмин (19-21 июн), ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ Сирил Мюллер (15-16 ноябр) ва дигар ҳайатҳои баландмақом ба Тоҷикистон анҷом ёфтанд.
Соли 2018 бо баргузор гардидани нишасту чорабиниҳои зиёди байналмилаливу минтақавӣ низ дар таърихи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун соли беназир сабт мегардад. Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (16-17 апрел), конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба мубориза бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез (3 — 4 май), ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ (31 май-01 июн), конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, 2018-2028» (20-22 июн), ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ (27 сентябр), ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ (28 сентябр), ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (11-12 октябр), маросими тантанавӣ ба муносибати ба истифода додани чархаи якуми НБО «Роғун» (16 ноябр) ва даҳҳо нишасту чорабиниҳои дигар Тоҷикистон ва шаҳри зебои Душанберо ба маркази тасмимгириҳо дар масоили минтақавию ҷаҳонӣ табдил доданд. Лозим ба таъкид аст, ки ҷараёни баргузории чорабиниҳои муҳими соли сипаришударо дар Душанбе беш аз 1200 хабарнигори дохилӣ ва хориҷӣ инъикос карданд. Дар натиҷа, Тоҷикистон ба ҳайси мизбони чорабиниҳои муҳими байналмилаливу минтақавӣ пайваста дар сархати воситаҳои ахбори оммаи ҷаҳонӣ қарор дошт.
Соли 2018 соли раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои бонуфузи минтақавӣ, аз ҷумла Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буд. Тибқи консепсияи раисии Тоҷикистон, ки бо ҳидояти Пешвои миллат таҳия гардид, муҳимтарин ҳадафҳои раёсати кишвар дар таҳкими минбаъдаи ҳамгироии кишварҳои иштирокдори ИДМ баҳри таъмини амнияту субот, тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ муайян гардиданд. Дар доираи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо кишварҳои иштирокдор, Кумитаи иҷроия, дигар мақомоти салоҳиятдор ва соҳавии Иттиҳод беш аз 100 чорабинии дорои аҳамияти умумӣ, аз ҷумла қариб 40 ҷаласаи шӯроҳои соҳавӣ баргузор гардиданд, ки бозгӯи вусъат ва ғаномандии муҳтавои раёсати кишвар маҳсуб мешавад. Муҳимтарин ҷаласаҳои мақомоти олии ИДМ — Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ (1 июн) ва Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ (27-28 сентябр) дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуданд. Ҳуҷҷатҳо ва қарорҳои муҳиме, ки дар ҷаласаҳо қабул гардиданд, ба таҳкиму густариши муносибатҳои шарикӣ миёни кишварҳои иштирокдори ИДМ мусоидат мекунанд. Ба эътирофи умум, раёсати муваффақонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИДМ на танҳо ҷойгоҳи баланди кишвар ва Пешвои миллатро дар арсаи созмон таъйид кард, балки омили тақвият ва самаранокии фаъолияти ИДМ гардид.
Яке аз рӯйдодҳои муҳими соли сипаришуда баргузории ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар шаҳри Душанбе (11-12 октябр) буд. Дар он маҷмӯи васеи масоили ҳамкории иқтисодӣ ва гуманитарӣ дар минтақаи бузурги Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ гардида, даҳ қарори Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои СҲШ ва ду санади нави ҳамкорӣ байни вазорату идораҳои дахлдори давлатҳои аъзои СҲШ ба имзо расиданд, ки ба тақвияти минбаъдаи ҳамкории бисёрҷанба дар доираи СҲШ нигаронида шудаанд. Дар маҷмӯъ, дар давраи раисии Тоҷикистон дар Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и кишварҳои аъзои СҲШ 72 чорабинии гуногунсатҳ баргузор гардид, ки аз нақши кишвар дар рушди фаъолияти ин созмони муътабари ҷаҳон шаҳодат медиҳанд.
Соли 2018 раёсат дар Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) низ ба уҳдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар робита, дар ин ниҳоди иқтисодии минтақавӣ, 16-17 апрел дар шаҳри Душанбе бо иштироки вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲИ Иҷлосияи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ баргузор гардид. Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар он зарурати таҳкими ҳамкориҳо дар самтҳои афзалиятноки иқтисодӣ дар минтақаи СҲИ таъкид гардида, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар раванди ҳамгироии бештари минтақа ва некуаҳволии мардуми он муҳим арзёбӣ шудааст, аз ҷониби ширкаткунандагони иҷлосия истиқболи гарм пайдо кард.
Қабул гардидани Барномаи нави СҲИ оид ба мусоидат ба Афғонистон ва санади ниҳоӣ — Эъломияи Душанбе, ки дар онҳо ҳамкории минтақавӣ ҷиҳати фароҳам сохтани шароити мусоид барои истиқрори сулҳу субот ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар Афғонистон, ҳамчунин тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷорат, нақлиёт ва энергетика, туризм, рушди иқтисодӣ ва ҳифзи муҳити зист миёни кишварҳои аъзои созмон таъкид гардидааст, аз натиҷаҳои муҳими иҷлосия маҳсуб мешаванд.
Ба уҳдаи Тоҷикистон вогузор гардидани раёсат дар созмони дигари бонуфуз — Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё барои солҳои 2018-2020, ки 24 сентябр зимни ҷаласаи махсуси вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунанда дар Ню-Йорк сурат гирифт, эътирофи нақши муассир ва мавқеи созандаи Тоҷикистон дар фаъолияти ниҳодҳои минтақавӣ аст. Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин созмон, ки ағлаби кишварҳои қитъаи Осиёро муттаҳид мекунад, ҳадафи тақвияти ҳамбастагӣ миёни давлатҳои иштирокдор ҷиҳати таҳкими тадбирҳои эътимод ва амният ва рушди ҳамкориҳои судманд дар минтақаро пайгирӣ мекунад.
Ҳамкорӣ бо кишварҳои шарик ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ҷиҳати мубориза бо чолишу хатарҳои замони муосир, мисли терроризм, экстремизм, ҷинояткории муташаккилона ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Дар робита ба ин масъала бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти марбутаи кишвар ва ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва Иттиҳоди Аврупо (ИА) 3-4 май дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалии сатҳи баландро дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» баргузор намуд, ки дар он беш аз 400 намояндаи воломақоми идораҳои сиёсати хориҷӣ ва дигар сохторҳои соҳавӣ аз 48 кишвари ҷаҳон ва 31 созмони байналмилалию минтақавӣ, инчунин марказҳои илмиву тадқиқотӣ ширкат варзида, вазъ ва тасмимҳо ҷиҳати таҳкими муборизаи муштарак алайҳи таҳдидҳои амниятӣ дар минтақа ва ҷаҳонро мавриди арзёбӣ қарор доданд. Сарвари давлат омодагии Тоҷикистонро, ки бинобар мавҷудияти хати тӯлонии сарҳад бо Афғонистон дар саргаҳи мубориза бо таҳдиду чолишҳои амниятӣ қарор дорад, ҷиҳати роҳандозии ҳамкории бисёрҷониба дар ҳама сатҳу зина иброз намуда, парҳез аз «рақобату бартариҷӯйӣ» ва «меъёрҳои дугона»-ро омили муваффақият дар мубориза бо терроризму ифротгаройӣ дар шароити мураккабу пуртазоди ҷаҳони имрӯз хонданд. Натиҷаҳои конфронс, ки дар санади ниҳоии он бо номи «Баёнияи Душанбе» дарҷ гардид, вокуниши мусбати доираҳои коршиносони байналмилаливу минтақавиро эҷод кард.
Муаррифии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари дорои фарҳангу тамаддуни қадима яке аз самтҳои калидии сиёсати хориҷии кишвар ба шумор меравад. Соли 2018 аз ин лиҳоз низ бобарор буд, зеро чакани тоҷикон бо қарори Ассамблеяи генералии ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарӣ ворид гардид.
Татбиқи самараноки сиёсати хориҷии Пешвои миллат дар соли сипаришуда боиси афзудани обрӯву эътибори Тоҷикистон ва Сарвари хирадманду дурнигари он дар арсаи байналмилалӣ гардид. Ин соли бобарори сиёсати хориҷӣ имрӯз моли таърих шудааст, вале бо такя ба дастовардҳои он метавон самтҳои шаклгирифтаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистонро бо кишварҳои дӯст ва созмонҳои шарик дар минтақа ва ҷаҳон таҳкими беш аз пеш бахшид. Вобаста ба ин дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастуру вазифаҳои мушаххас ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои милливу давлатӣ баён гардидаанд ва иҷрои онҳо қарзи касбиву шаҳрвандии ҳар як корманди низоми хидмати дипломатии кишвар мебошад.
Низомиддин ЗОҲИДӢ, муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон