Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи XVII Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ 30 январи соли 2017, шаҳри ДушанбеМуҳтарам аъзои Шӯро!Ҳозирини гиромӣ!
Дар ҷаласаи имрӯза масъалаҳои муҳими беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд, ки бешубҳа, барои боз ҳам тақвият бахшидани раванди ислоҳот дар мамлакат мусоидат хоҳанд кард.
Ҳукумати Тоҷикистон рушди бахши хусусӣ ва сармоягузориро дар ҳуҷҷатҳои стратегии мамлакат, аз ҷумла «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» яке аз воситаҳои асосии таъмини ҳадафҳои гузошташуда муайян намудааст, ки тибқи сарчашмаҳои маблағгузории амалисозии онҳо ба бахши хусусӣ 54,7 миллиард доллари амрикоӣ ё 46,3 фоизи маблағҳои пешбинишуда рост меоянд.
Ин далели возеҳи аҳамияти бахши хусусӣ барои таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ дар 15 соли оянда мебошад.
Соли 2016 Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2016 таҳти унвони «Рушди истеҳсолоти миллӣ — имконияти нави сармоягузорӣ», 20 ҳамоиши доираҳои соҳибкориву сармоягузории Тоҷикистону кишварҳои шарик ва дигар чорабиниҳо баргузор гардиданд, ки дар доираи онҳо байни соҳибкорону сармоягузорони ватаниву хориҷӣ ва мақомоти давлатӣ як қатор санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд. Санадҳои баимзорасида ба бунёди корхонаҳои саноатӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва беҳтар намудани инфрасохтори соҳибкориву сармоягузорӣ равона гардидаанд.
Бо мақсади боз ҳам мусоид намудани шароит барои фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз таҷрибаи байналмилалӣ такмил ёфта, як қатор сабукиҳои андозӣ ҷорӣ гардиданд. Аз ҷумла, аз 1 июни соли 2016 андози фурӯш барои нахи пахта бекор карда шуда, аз 1 январи соли 2017 меъёри андоз аз фоида ба андозаи 1 фоиз паст ва меъёри пардохтҳои ҷории он кам карда шуд.
Аз 1 — уми январи соли 2017 ҳадди ниҳоӣ барои гузариш ба низоми умумии андозбандӣ ва бақайдгирӣ ҳамчун супорандаи андоз аз арзиши иловашуда аз 500 ҳазор сомонӣ то 1 миллион сомонӣ зиёд карда шуд.
Бо мақсади суръат бахшидан ба раванди саноатикунонӣ, рушди соҳибкории истеҳсолӣ ва содирот дар Паёми имсолаи Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олӣ якчанд супориш дода шуд.
Омӯзиши ҳаматарафаи механизми пешниҳоди дастгирии давлатӣ ва имтиёзҳои андозиву гумрукӣ барои истеҳсолкунандагон ва содироткунандагони молу маҳсулоти ватанӣ, баробар кардани сатҳи андозбандӣ бо шарикони асосии иқтисодиву тиҷоратӣ, аз пардохтҳои андозию гумрукӣ озод намудани воридоти таҷҳизоту маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ, инчунин, аз пардохти андоз аз фоида озод намудани ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон ва дигар чораҳои ҳавасмандгардонии фаъолияти соҳибкорӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Бинобар ин, соҳибкорону сармоягузонро зарур аст, ки барои ворид намудани таҷҳизоту технологияҳои нав, бунёди корхонаҳои саноатӣ ва инфрасохтори ҳозиразамони сайёҳӣ, ҷалби сармоя ва сайёҳони хориҷӣ, истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ ва тавсеаи фаъолияти худ мунтазам талошҳо намоянд.
Ҳозирини арҷманд!
Яке аз масъалаҳои асосие, ки дар ҷаласаи имрӯза мавриди баррасӣ қарор дода шуд, натиҷаҳои таҳлили фазои сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика ва таъмини бахши хусусӣ бо неруи барқ, инчунин, лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат дар ин самт мебошад.
Дар натиҷаи ислоҳоти муҳим дар соҳаи энергетика ва тадбирҳои андешидашуда дар ин самт, аз ҷумла бунёди Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» бо тавоноии 400 мегаватт, имконият пайдо шуд, ки аз 14 январи соли 2017 маҳдудияти барқ пурра бардошта шуда, аҳолӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ дар тамоми қаламрави кишвар бисту чор соат бо барқ таъмин шаванд.
Таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» ба маблағи 1,1 миллиард сомонӣ оғоз гардида, соли ҷорӣ марҳалаи якуми барқарорсозии неругоҳҳои барқи обии «Норак» дар ҳаҷми 3 миллиард сомонӣ ва «Қайроққум» ба маблағи 600 миллион сомонӣ шурӯъ мешавад.
Илова бар ин, дар қаламрави кишвар корҳои вобаста ба таҷдиди иқтидорҳои мавҷуда, сохтмони дигар иншооти муҳими тавлиди неруи барқ ва хатҳои интиқоли он, аз ҷумла сохтмони хатти интиқоли неруи барқи CASA -1000 идома доранд.
Санаи 29 октябри соли 2016 оғоз гардидани сохтмони сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар таърихи кишвари мо рӯйдоди арзишмандтарин ба ҳисоб рафта, сохта ва ба истифода додани он бо иқтидори 3600 мегаватт ва ғунҷоиши 13,3 километри мукааб об дар обанбори неругоҳ метавонад барои ҳаллу фасли масъалаҳои обу энергетика дар минтақа нақши муассир дошта бошад.
Тибқи ташхисҳои коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ ва олимону коршиносони байналмилалӣ иншооти мазкур барои васеъ гаштани истеҳсоли «энергияи сабз», обёрии босифати заминҳои дар истифода қарордошта ва азхудкунии заминҳои нав дар мамлакат ва кишварҳои поёноб имконият фароҳам хоҳад овард.
Дар ин замина, идомаи ислоҳот ва боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика, инчунин, ҷалби ҳар чӣ бештари сармоя барои зиёд намудани иқтидорҳои энергетикӣ ва тавлиди неруи аз ҷиҳати экологӣ тоза муҳим арзёбӣ мегардад.
Бинобар ин, ба Вазорати энергетика ва захираҳои об супориш дода мешавад, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳо дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин мониторинги иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи энергетикаро гузаронида, вобаста ба такмил додани онҳо, ҷалби бештари сармоя, аз ҷумла сармояи хусусӣ ва афзоиши иқтидорҳои истеҳсолӣ, ҷорӣ намудани технологияи каммасрафи неруи барқ ва коҳиш додани талафоти он ба Ҳукумати мамлакат пешниҳодҳои мушаххас манзур намоянд.
Яке аз роҳҳои асосии таъмини пурраи аҳолӣ ва корхонаҳо бо неруи барқ истифодаи сарфакорона ва коҳиш додани талафоти он мебошад. Дар ин самт дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд як қатор лоиҳаҳо амалӣ карда шудаанд.
Вале тадбирҳои андешидашуда ҳанӯз нокифоя буда, барои ҷорӣ намудани технологияҳои каммасрафи неру ва кам кардани талафоти он дар кишвар корҳои зиёде бояд ба анҷом расонида шаванд.
Бинобар ин, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, ШСХК «Барқи Тоҷик» ва дигар сохторҳои марбута вазифадоранд, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаи сохтмони иншоот ҳатмӣ будани насби технологияҳои каммасрафро ба инобат гирифта, бо аҳолӣ ва корхонаҳо корҳои фаҳмондадиҳиро пайваста ба роҳ монанд.
Ҳамзамон бо ин, якҷо бо шарикони рушд ҷиҳати насби ҳисобкунакҳои муосир ва ҷорӣ намудани технологияҳои замонавии паст кардани талафоти барқ лоиҳаҳои муштарак таҳия ва амалӣ карда шаванд.
Дар баробари ин, ба вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва захираҳои об, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ШСХК «Барқи Тоҷик» ва дигар вазорату идораҳои марбута зарур аст, ки ҷорӣ намудани чораҳои ҳавасмандгардонии бахши хусусӣ ва зиёд намудани саҳми он дар рушди соҳаи энергетикаро мавриди омӯзиш қарор диҳанд ва лоиҳаи методологияи нави тарифиро, ки арзиши ҳамаи марҳалаҳои истеҳсоли неруи барқ, интиқол ва тақсимоти онро то истеъмолкунандаи ниҳоӣ ба таври шаффоф инъикос мекунад, таҳия намуда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод созанд.
Масъалаҳои дигари энергетикие, ки ба рушди бахши хусусӣ таъсири манфӣ мерасонанд, сифати на чандон хуби таъмини қувваи барқ ва пайвастшавӣ ба шабакаи таъминоти барқ мебошад.
Тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ мавҷудияти 9 расмиёт ва зарурати 133 рӯз барои пайвастшавӣ ба шабакаҳои барқӣ мавқеи кишварро аз рӯи нишондиҳандаи мазкур дар байни 190 мамлакат дар ҷойи 173-юм қарор додааст.
Бинобар ин, тадбирҳои минбаъда аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои об ва ШСХК «Барқи Тоҷик» дар самти мазкур бояд ба содагардонии расмиёти пайвастшавӣ ба шабакаҳои барқ тавассути ташкили низоми «Равзанаи ягона» мусоидат намоянд.
Ҳамзамон бо ин, Вазорати энергетика ва захираҳои об вазифадор карда мешавад, ки лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика ва таъмини бахши хусусӣ бо неруи барқро, бо дарназардошти пешниҳодҳои дар ҷаласаи имрӯза баёнгардида, мукаммал намуда, ҳар чӣ зудтар ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.
Муҳтарам иштирокчиёни ҷаласа!
Ҳоло мехоҳам вобаста ба мавзӯъҳои ҷаласаҳои навбатии Шӯрои машваратӣ — беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар бахши бонкдориву молия ва муосиргардонии хизматрасониҳои давлатӣ ба соҳибкорон ибрози назар намоям.
Бахши бонкдорӣ ва молия яке аз омилҳои асосии дастрасии васеи соҳибкорон ба захираҳои молиявӣ буда, айни замон, аксарияти корхонаҳои кишвар бо мушкилоти нокифоя будани захираҳои қарзӣ ва гаронии он рӯ ба рӯ шудаанд. Зеро меъёри миёнаи фоизи қарзҳои пешниҳоднамудаи бонкҳои тиҷоратӣ дар мамлакат 25 фоиз ва муҳлати миёнаи онҳо 20 моҳро ташкил мекунад.
Дар баробари ин, фаъолияти номуназзами баъзе бонкҳои тиҷоратӣ боиси халалдор шудани фаъолияти соҳибкорон, аз ҷумла паст шудани ҳаҷми истеҳсолот ва хизматрасонӣ, гардиши молиявӣ ва дигар нишондиҳандаҳои корхонаҳо, инчунин, коҳиш ёфтани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ гардида истодааст.
Бо мақсади бартараф намудани мушкилот барои сармоякунонии бонкҳои тиҷоратии мамлакат қарори дахлдори Ҳукумати Тоҷикистон қабул гардид, ки тибқи он ба таври мақсаднок равона шудани маблағҳо, дар навбати аввал, таъмин гардидани уҳдадориҳои бонкҳои мазкур дар назди буҷет ва пасандозгузорон, ки зина ба зина амалӣ мегардад, таҳти назорат қарор дода мешавад.
Барои беҳтар намудани фаъолияти босуботи низоми бонкӣ ва таъмини рушди устувори он дар кишвар бояд ба беҳтар кардани сифати дороиҳо, ҷалби сармоягузории хориҷӣ ва дохилӣ, пурзӯр намудани идоракунии хавфҳо, зиёд намудани сармояи асосӣ, такмил додани усулҳои идоракунии корпоративӣ, сатҳи пардохтпазирӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолият диққати ҷиддӣ дода шавад.
Бинобар ин, ба Бонки миллӣ ва Вазорати молия супориш дода мешавад, ки якҷо бо Котиботи Шӯрои машваратӣ ва дигар вазорату идораҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахшҳои бонкдорӣ ва молия, ба низоми муайян даровардани фаъолияти бонкҳои тиҷоратӣ, омӯзиши қоидаҳои муайян намудани фоизи қарзҳои бонкӣ ва дигар ҷанбаҳои соҳа таҳлили муфассал гузаронида, тавсияҳои мушаххасро ба ҷаласаҳои ояндаи Шӯро пешниҳод намоянд.
Ҳозирини арҷманд!
Дар шароити имрӯза муосиргардонии хизматрасониҳои давлатӣ ба соҳибкорону сармоягузорон тавассути дар як равзана ҷамъ овардани маҷмӯи хизматрасониҳои мақомоти давлатӣ барои осон намудани фаъолияти соҳибкорону сармоягузорон зарур арзёбӣ мегардад.
Таҷрибаи баъзе кишварҳо нишон медиҳад, ки намудҳои зиёди хизматрасониҳо ба таври шаффоф ва бо сифати баланд дар вақти кам ва дигар меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ тавассути ташкили як равзана бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои марбута пешниҳод карда мешаванд.
Аз ин рӯ, ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Котиботи Шӯрои машваратӣ супориш дода мешавад, ки якҷо бо вазорату идораҳо ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд вобаста ба муосиргардонии хизматрасониҳои давлатӣ ба соҳибкорону сармоягузорон ва дар маҷмӯъ, ба аҳолии мамлакат, таҳлилҳои ҳамаҷониба гузаронида, ба ҷаласаҳои ояндаи Шӯро тавсияҳои мушаххас пешниҳод намоянд.
Муҳтарам иштирокчиёни ҷаласа!
Дар хотима мехоҳам изҳори итминон намоям, ки амалӣ намудани қарорҳои дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯро қабулгардида барои боз ҳам беҳтар шудани фазои сармоягузорӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар кишварамон саҳми назаррас мегузорад.
Бо ҳамин ҷаласаи ҳабдаҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузориро пӯшида эълон мекунам.
Ба ҳамаи аъзои Шӯрои машваратӣ ва шахсоне, ки дар кори ҷаласа фаъолона иштирок карданд, изҳори сипос ва барори кор орзу менамоям.
Саломат бошед!