Иштироки Пешвои миллат дар чорабинии сатҳи баланд

№36-37 (4298-4299) 20.03.2021

51050379483_e9d0285ea6_o18 марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланд – «Татбиқи ҳадаф ва вазифаҳои «Рӯзномаи 2030 марбут ба масъалаҳои об», ки дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорк ба таври фосилавӣ баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ карданд.

Мавзӯи ҳамоиш «Густариши ҳамкориҳои бисёрҷониба ва суръат бахшидани амалҳои мушаххас ҷиҳати расидан ба ҳадафу мақсадҳои «Рӯзномаи 2030 марбут ба масъалаҳои об» ва «Ҳадафҳои рушди устувор» ба ҳисоб мерафт.

Мусаллам аст, ки дар вазъияти ҳозира татбиқи саривақтии «Рӯзномаи 2030 марбут ба масъалаҳои об» барои аксари кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, алалхусус кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва камтараққӣ, душвор хоҳад буд. Бинобар ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки чунин ҳолат, бешубҳа, тақвияти бештари ҳамкориҳоро ҷиҳати суръат бахшидан ба амалҳои ҳамоҳангшуда зимни татбиқи ҳадафҳои марбут ба захираҳои оби «Рӯзномаи 2030 марбут ба масъалаҳои об» талаб менамояд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар омодагии Тоҷикистонро дар пешбурди минбаъдаи масъалаҳои об, хусусан, вобаста ба пешгирии таҳдидҳои муосир, аз қабили тағйирёбии иқлим, дар ҳама сатҳ таъкид намуданд.

Бар асари рӯзафзуни таҳдидҳои муосир, ноил гаштан ба ҳадафҳои рушди устувор ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, Сарвари давлат бо итминон иброз доштанд, ки Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор» заминаи мусоидро барои ҳамоҳанг кардани амалҳо фароҳам меорад ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аз он бояд ба таври муносиб истифода барад.

Тоҷикистон соли 2022 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба раванди Даҳсолаи «Об — барои рушди устувор» — ро доир хоҳад кард ва умед аст, ки он дар раванди омодагирӣ ба Конфронси соли 2023 саҳми босазо хоҳад гузошт.

Дар чорабинии «Татбиқи ҳадаф ва вазифаҳои «Рӯзномаи 2030 марбут ба масъалаҳои об», ҳамчунин, Раиси Маҷмаи умумии СММ Волкан Бозкир, муовини Дабири кулли СММ Амина Муҳаммед, Президенти Шӯрои иҷтимоӣ ва иқтисодии СММ Мунир Акрам, Сарвазири Подшоҳии Нидерланд Марк Рутте, Раиси ниҳоди «СММ ва об» Жилбер Унгбо ва дигар коршиносони сатҳи байналмилалӣ суханронӣ намуданд.

Мавриди зикр аст, ки чорабинӣ дар асоси қатъномаи аз ҷониби ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшудаи Маҷмаи умумии СММ аз 18 марти соли 2018 таҳти унвони «Бознигарии миёнамуҳлати фарогири Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, 2018-2028» доир шуд.

www.president.tj