Ифтитоҳи иншооти нави саноатӣ

№108 (4370) 31.08.2021

51406611897_34aacb2dbf_o28 августи соли 2021 дар ­ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам ­Рустами ­Эмомалӣ Комплекси агросаноатии мурғпарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мармарӣ»-ро ифтитоҳ карданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Себис­тон» нахуст бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти инкубатори корхона оғоз бахшиданд. Барои сохтмони он як гектар замин ҷудо гардида, масоҳати сохтмони зери бинои инкубатор беш аз 2000 метри мураббаъро ташкил медиҳад ва калонтарин инкубатор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар он ҷо биноҳои истеҳсолии ҳозиразамон ва иншооти ёрирасон бо насби таҷҳизот ва технологияи навтарин, инчунин гузаронидани системаи инфрасохтори муҳандисӣ бо дарназардошти талаботи санитарӣ — эпидемиологӣ сохта ба истифода дода шуд.

Иншоот аз минтақаи коркарди санитарии техника, ҷойи қабули тухми инкубатсионӣ, сардхонаи нигоҳдории тухми инкубатсионӣ, ҳуҷраи гузоштани тухми инкубатсионӣ бо аробаҳои махсуси қуттидор, толори ҷевонҳои инкубатсионӣ, толори ҷевонҳои чӯҷабарорӣ, ҳуҷраи эмгузаронӣ ва ҳуҷраи таҳвили чӯҷаҳо иборат мебошад.

Иқтидори солонаи барориши чӯҷа дар инкубатор зиёда аз 5 миллион сарро ташкил медиҳад, ки аз ин 3 миллион сар ба мурғхонаи комплекси парандапарварии «Мармарӣ» барои парвариш таҳвил дода мешавад. Чӯҷаҳои боқимондаи корхона барои таъмини дигар мурғхонаҳои кишвар бо чӯҷаҳои хушзоти гӯштӣ интиқол дода мешавад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ, инчунин, дар деҳоти «Себистон» фабрикаи парандапарварии мурғи гӯштии комплекси агросаноатии мурғпарварии Ҷамъияти дорои ­масъулияти маҳдуди «Мармарӣ»-ро ифтитоҳ карданд.

Мурғхона 22,75 гектар заминро дар бар гирифта, дар он бинои маъмурӣ, 12 фермаи парвариши паранда, 4 анбор, бинои санитарӣ, 2 минтақаи коркарди санитарии техника ва обанбор сохта шудааст.

Дар ҳар ферма то 30 ҳазор сар мурғ нигоҳубин мешавад ва давраи парвариш 45 рӯзро дар бар мегирад. Бо истифода аз иқтидори мурғхонаҳо имкон аст, дар як сол зиёда аз 3 миллион сар мурғ парвариш гардад.

Маблағи умумии сармояи ба бунёди корхона ҷудогардида 104 миллион сомониро ташкил дода, дар он якҷо бо инкубатор зиёда аз 160 ҷойи кори нав муҳайё карда шудааст.

Дар фермаҳо таҷҳизоти муосири ширкатҳои аврупоӣ ва хитоӣ насб гардидааст, ки аз хатҳои хӯрокдиҳӣ, обдиҳӣ, равшанидиҳӣ, гармидиҳӣ ва ҳавотозакунӣ иборат мебошанд.

Инфрасохтори мурғхона бо хатти барқ ва хатти об таъмин гардида, роҳҳои он мутобиқ ба стандартҳо мумфарш карда шудааст. Инчунин, ҷиҳати пешбурди корҳои ободонӣ, гирду атроф ва дохили мурғхона кабудизор карда шуда, беш аз 2500 бех дарахт шинонида шудааст.

Фаъолияти мурғхонаи нав мутобиқ ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат, бахусус таъмини аҳолӣ бо ғизои хушсифат ва саноатикунонии босуръати кишвар ба роҳ монда шудааст.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам ­Рустами Эмомалӣ, инчунин, забҳхонаи Комплекси агросаноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мармарӣ»-ро ифтитоҳ карданд.

Он дар масоҳати 1,7 гектар бунёд гардида, аз биноҳои маъмурӣ, истеҳсолӣ ва иншооти ёрирасони муосир иборат мебошад. Дар забҳхона бо риояи талаботи санитарӣ — эпидемиологӣ инфрасохтори муҳандисӣ, аз қабили хатти оби нӯшокӣ ва техникӣ, хатти қувваи барқ, корезӣ ва селпарто гузаронида шудааст.

Бинои истеҳсолӣ аз ҷойи қабули паранда, коргоҳи забҳ ва кандани парҳо, шустан ва хунук кардани гӯшти паранда, коргоҳи ба қисмҳо ҷудо кардани паранда ва бандубаст, сардхонаҳои махсуси яхкунандаи гӯшт ва сардхона — анборхонаҳо бо нигоҳдории маҳсулот то 18 дараҷа хунукӣ иборат мебошад.

Бо мақсади муайян намудани сифати маҳсулот лабораторияи махсус ташкил шудааст, ки дар рафти корҳои забҳкунӣ ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз рӯи сифат, намуд, андоза ва дигар нишондиҳандаҳои зарурӣ назорат ба роҳ монда шудааст. Дар ниҳояти истеҳсолот маҳсулоти тайёр ва маҳсулоти бандубастшуда дар сардхонаҳои махсус ҷой дода мешаванд.

Қобили зикр аст, ки бори аввал дар забҳхона сардхонаи яхбандии амиқи ҳалқапеч васлу насб гардида, он айни замон дар кишвар беназир ба ҳисоб меравад. Он дар ҳарорати 40 дараҷа хунукӣ фаъолият намуда, қисмҳои парандаро бо иқтидори 3 ҳазор килограмм дар 1 соат то 18 дараҷа хунук менамояд. Таҷҳизоти сардхонаҳо аз ширкати бонуфузи хитоӣ «СиБиЭфАй» («CBFI») харидорӣ гардидааст, ва имкон фароҳам меоранд, ки гӯшти паранда сифат ва ғизонокиашро гум накунад, зеро дар муддати кӯтоҳ ях карда мешавад. Инчунин, бартарияти таҷҳизот дар он аст, ки фаъолияташ пурра ба таври автоматӣ ба роҳ монда шудааст.

Баъд аз анҷом ёфтани раванди истеҳсолот маҳсулоти тайёри ниҳоӣ дар 2 сардхона-анбор, ки ҳарорати дохили онҳо 18 дараҷа хунук мебошад, то ба фурӯш баровардан, нигоҳдорӣ карда мешаванд.

Иқтидори се сардхона — анборҳои дар забҳхона бунёдгардида 10, 150 ва 300 тоннаро ташкил медиҳанд. Маҳсулоти истеҳсолшуда муддати зиёд аз рӯи меъёрҳо нигоҳдорӣ карда мешавад.

51407360851_2cbd88b0d5_oБарои мунтазам фаъолият намудани забҳхона беш аз 15 техника ва механизмҳои махсус кор фармуда мешаванд, ки меҳнати кормандонро сабуктар менамояд. Ҳаҷми умумии маблағи бунёди забҳхона 51 миллион сомониро ташкил дода, дар доираи фаъо­лияти забҳхона 100 ҷойи кори нав таъсис ёфтааст. Коргарон бо шароити хуб, бахусус маоши сазовор, ошхона, либосҳои корӣ, ҷой барои истироҳат таъмин мебошанд.

Фаъолияти Комплекси агросаноатии мурғпарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мармарӣ» идомаи занҷираи арзиши иловашудаи ширкат буда, мутобиқ ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат, бахусус таъмини аҳолӣ бо ғизои хушсифат ва саноатикунонии босуръати кишвар, бунёд шудааст. Ин тадбир, ҳамчунин, ҷиҳати ғанигардонии бозори истеъмолии пойтахт бо маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаи гӯшти парҳезӣ амалӣ гардидааст.

Бо бунёди Комплекси агросаноатии мурғпарварии Ҷамъияти дорои ­масъулияти маҳдуди «Мармарӣ» дар ноҳияи Данғара ва шаҳри Душанбе 270 нафар бо кори доимӣ таъмин гардиданд.

Баъди шиносоӣ бо фаъолияти ширкат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва соҳибкорони ватандӯст барои бунёди чунин коргоҳи муосир, дастгирии ташаб­бусҳои созандаи Ҳукумати мамлакат ва ташкили ҷойҳои нави кор изҳори сипос карданд.

28 августи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи ­Раҳмон Набиеви ноҳияи Синои пойтахт Ҷамъияти дорои ­масъулияти маҳдуди «Эскимо Мастер»-ро мавриди истифода қарор дода, бо раванди истеҳсолот шинос шуданд.

Корхона дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Зариф Раҷабов дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд аз Федератсияи Россия ба истиқболи ҷашни бошукӯҳи 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, асосан яхмос ва маҳсулоти қаннодӣ истеҳсол мекунад. Иқтидори истеҳсолии он ҳар сол наздики 500 тонна маҳсулот мебошад ва дар масоҳати 0,5 гектар замин қомат афрохта, аз бинои истеҳсолии дуошёна ва маъмурӣ бо 20 ҳуҷраи корӣ иборат аст.

Хатҳои истеҳсолии корхона аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Халқии Хитой ворид шудааст.

Бо таъсиси он 220 нафар сокини маҳаллӣ, асосан духтарону занон, бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори ватанӣ барои ҷонибдорӣ аз сиёсати бун­ёдкорӣ ва созандагӣ дар самти таъсиси корхонаи нави саноатӣ, ки ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии мамлакат равона шудааст, изҳори сипос карда, бо мақсади фаъолияти босамар ва тақвияти иқтидори истеҳсолии он маслиҳати судманд доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки маҳсулоти хом барои коркард ва бандубасти истеҳсолот ба «Эскимо Мастер» аз корхонаҳои ватанӣ дар асоси ҳамкорӣ ва шартномаи дутарафа харидорӣ ва дастрас мегардад ва қабл аз коркард дар озмоишгоҳи корхона мавриди ташхис қарор дода мешавад.

Раванди истеҳсоли маҳсулот дар корхонаи муосири саноатӣ дар асоси талаботи байналмилалӣ ба роҳ монда шуда, бо сифати баланд зери тамғаи «Эскимо М» ба бозор пешниҳод мегардад.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо раванди истеҳсолот ва суҳбати самимӣ бо кормандону масъулони корхона гӯшаи намоиши маҳсулоти тайёри корхонаро аз назар гузарониданд. Дар он зиёда аз 20 номгӯи яхмос ва 10 навъи маҳсулоти қаннодӣ, ки мувофиқ ба талаботи муосир истеҳсол ва бастабандӣ мегардад, муаррифӣ шуд.

Сарвари давлат зимни боздид аз истеҳсолоти тайёри корхона барои истифодаи боз ҳам пурраи имконоту иқтидори мавҷуда дар мамлакат ба роҳбарияти корхона ва дигар шахсони масъул дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Роҳбарияти корхона ба Пешвои миллат маълумот доданд, ки бо афзудани иқтидори истеҳсолӣ шумораи кормандонро бештар ва содироти маҳсулоти ватаниро ба хориҷи кишвар ба роҳ мемонанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи корхонаи муосири саноатиро дар арафаи таҷлили ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми шоиста ва саҳми босазо дар пешрафту шукуфоии мамлакат арзёбӣ карда, масъулонро барои дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорони ватанӣ бобати бунёд ва рушди истеҳсолот дар кишвар вазифадор карданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам ­Рустами ­Эмомалӣ, инчунин, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Композит Т. А.»-ро ифтитоҳ намуданд.

Дар он беш аз 150 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуда, ҳар сол то 150 километр қубурҳои қутрашон гуногуни аз 300 то 3000 миллиметр истеҳсол мекунанд.

Маҳсулоти корхона ивазкунандаи воридот буда, баробари таъмини кишвар содироти он ба хориҷи мамлакат низ ба роҳ монда мешавад.

«Композит Т. А.» корхонаи муштарак буда, дар ҳамкорӣ бо яке аз ширкатҳои бонуфузи озарбойҷонӣ – «Азкомпозит» таъсис ёфтааст.

Барои истеҳсоли қубурҳо асосан маҳсулоти қуми кварсӣ, нахи шишагин ва қатрон истифода мегардад. Дар мамлакат конҳои қуми кварсӣ зиёд буда, истифодаи васеи он аз дохили кишвар ба нақша гирифта шудааст. Дигар намуди ашёи хом то пайдо намудани манбаи дохилӣ аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад.

51407642728_a9bc3c9cfc_oПас аз ифтитоҳи иншоот Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар муаррифии автобусҳо иштирок намуданд.

Автобусҳои дохилишаҳрии тамғаи «Акиа Ориё» истеҳсоли корхонаи муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Корхонаи муштараки «Акиа ­Авесто Автоматив Индастри» аз аввали соли 2020 дар асоси фармоиши Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе истеҳсоли автобуси дохилишаҳриро бори аввал ба таври силсилавӣ, бо номгузории тоҷикӣ – «Акиа Ориё» оғоз намуд. Ҳоло аз ҷониби корхона ба таври силсилавӣ автобусҳо бо дарозии 8 ва 12 метр истеҳсол гардида, бандубаст ва тарҳрезии автобусҳои дуошёна, автобуси таъиноти байнишаҳрӣ, автобуси бо гази табиӣ ҳаракаткунанда, электробус ва электро-троллейбус идома дорад.

Ҳамчунин, корхона электро-троллейбуси худ­рави озмоишии навро истеҳсол намуд, ки он муҷаҳҳаз бо техника ва технологияҳои нав, ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ ва дорои иқтидори ҳаракати автономӣ ба масофаи то 40 километр роҳ бе пайвастшавӣ ба хатти неруи барқ дорад.

Дар баробари ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯй будани воситаи нақлиёт симои зоҳирӣ ва дохили он ба таври замонавӣ бо мақсади рафтуои бароҳати мусофирон тарҳрезӣ шудааст.

Корхона, инчунин, электробуси замонавии озмоишии навро бо тарҳи замонавӣ истеҳсол намуд, ки муҳаррики он пурра бо неруи барқ фаъолият карда, то масофаи 200 километр роҳ бо неруи барқ ҳаракат менамояд, ки аз лиҳози экологӣ яке аз безарартарин нақлиёт дар олам ба ҳисоб меравад.

Иқтидори истеҳсолии корхона ҳар сол то 300 адад воситаи наклиётро ташкил дода, шумораи кормандон аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ 150 нафарро ташкил медиҳад.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо шароити муосири хизматрасониву мусофиркашонӣ тавассути воситаҳои нақлиёти нав бо истифодаи имконоту иқтидорҳои мавҷуда дар ин самт ва роҳандозии содироти автобусҳои истеҳсолшаванда дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Акиа Авесто Автоматив Индастри» ба масъулон супоришҳои мушаххас доданд.

www.president.tj