Номаи изҳори тасаллӣ аз Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим–Жомарт Токаев ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

№27 (4610) 20.02.2023

Стандарти Садои мардум КазокҲабдаҳуми феврали соли 2023 дар робита ба оқибатҳои фоҷиабори фаромадани тарма дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам ­Қосим – Жомарт Токаев низ номаи ҳамдардӣ ворид гардид, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Хабари фоҷиабори ба ҳалокат расидани одамон бар асари тармафароӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боиси андуҳи зиёди мо гардид.

Дар робита ба ин талафоти ҷуброннопазир зимни изҳори ғамшарикӣ хоҳишмандам аз номи мардуми Қазоқистон ва шахсан аз номи ман ҳамдардии амиқ ва суханони тасаллиомези моро ба пайвандон ва наздикони фавтидагон, инчунин таманниёти ҳар чӣ зудтар шифо ёфтанро ба зарардидагон расонед».

www.president.tj