Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъин карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 16 январи соли 2024, №686
РАҲМОНЗОДА Абдулло Қурбоналӣ
аз 27 январи соли 2020 дар вазифаи Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
кор мекунад
Соли таваллуд 21 феврали соли 1983 Ҷои таваллуд ноҳияи Фархор
Миллат тоҷик Маълумот олӣ
Соли 2005 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст
Ихтисос ҳуқуқшинос- омӯзгор
Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, немисӣ (бо луғат)
Вакили халқ ҳаст ё не не
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не не не
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 2000 – 2005- | Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон |
Солҳои 2005 — 2009 - | Ассистент, муаллими калони кафедраҳои «Ҳуқуқи конститутсионӣ ва ҳуқуқи байналхалқӣ», «Ҳуқуқи иқтисодӣ»- и Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон |
Солҳои 2005 -2009- | Аспиранти шуъбаи ғоибонаи Институти «Давлат ва ҳуқуқ»-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2009-2012 - | Мутахассиси пешбари шуъбаи қонунгузории меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ, илм, маориф ва фарҳанги Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
(02- 12) соли 2012 - | Муовини сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба муносибатҳои гражданӣ, оилавӣ ва соҳибкории Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2013-2017- | Ҳуқуқшиноси Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҳамзамон раиси ташкилоти ҷамъиятии «Созандагони Ватан» |
Солҳои 2017-2020 | Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон |
аз январи соли 2020то 16 январи соли 2024 | Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |