Қабули эътимоднома аз 9 сафири нав

№29 (3979) 16.03.2019

53742492_2518402521563252_5411018829947994112_o15 март дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 9 сафири нави фавқулода ва мухтори кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул карданд.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой Лю Бин, Иёлоти Муттаҳидаи Америка Ҷон Марк Поммершайм, Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадтақӣ Собирӣ, Ҷумҳурии Қирғизистон Жаниш Рустенбеков, Шоҳигарии Дания Карстен Сендергорд, Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Нурдин Муҳаммад Шаҳид, Ҷумҳурии Боливариании Венесуэла Карлос Алкала Кордонес, Ҷумҳурии Конго Давид Мадука ва Ҷумҳурии Гана Муҳаммед Саюти Яҳая эътимодномаҳоро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафиронро ба муносибати таъин гардиданашон ба ҳайси роҳбарони сафоратҳои давлатҳои худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки онҳо бо фаъолияти пурсамари дипломатӣ ба рушду тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанбаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳояшон мусоидати ҷиддӣ хоҳанд кард.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо такя ба Консепсияи сиёсати хориҷӣ, ҷиҳати пешбурди ҳамкориҳои фарогир бо кишварҳои хориҷии дуру наздик кӯшишҳои пайвас­та ба харҷ медиҳад».

Президенти мамлакат оид ба рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамҷавор, минтақаҳои Осиё ва Осиёи Марказӣ, давлатҳои ҳавзаи Иттиҳоди Аврупо, қитъаҳои Америкаи Ҷанубӣ ва Африка, андешаронӣ карда, изҳори умед намуданд, ки сафирони фавқулода ва мухтори навтаъин бо иҷрои рисолати сермасъул саъю талошҳои пайгиронаро баҳри татбиқи ҳадафҳои неки давлатҳо ва барои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибот ва ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои худ бо Тоҷикистон равона месозанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон баҳри ҳалли мушкилоти умумибашарии марбут ба об, ­масъалаҳои таҳкими амнияту суботи минтақавӣ ва глобалӣ, ҳамкории байналмилалию минтақавӣ ва муборизаи муштараку самарабахш дар ҳамкорӣ бо кишварҳои олам бо терроризм ёдовар шуданд.

Дар фарҷом Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба сафирон ба муносибати оғози фаъолияташон барору комёбӣ орзу намуда, омодагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро баҳри мусоидат дар самти пешбурди фаъо­лияти дипломатиашон махсус таъкид карданд.

www.president.tj