Қабули эътимоднома аз даҳ сафири нав

№35 (3515) 14.03.2016

25069501534_6fa57bb5d9_o11 марти соли 2016 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»- и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз даҳ сафири нав эътимоднома қабул намуд.

Зимни маросими эътимодномасупорӣ ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Америка хонум Элизабет Инга Миллард, Ҷумҳурии Беларус Олег Иванов, Туркманистон Чари Атаев, Шветсия хонум Ингрид Терсман, Ирландия Эдриан Макдейд, Юнон хонум Данаи — Магдалина Куманаку, Маҷористон Андраш Барани, Бразилия Клаудио Раҷа Габаглиа Линс, Бруней Доруссалом Ҳоҷӣ Маҳадӣ Маидин ва Того Оуро Сама Муҳаммад Сад эътимодномаҳои худро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим намуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ сафиронро барои оғози фаъолияти дипломатӣ дар Тоҷикистон табрик намуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон сиёсати мутавозину сулҳхоҳона ва санҷидаву фарогирро пеша карда, муносибатҳои мукаммали байналмилалиро бо тамоми кишварҳои ба он дӯсту хайрхоҳи ҷаҳон ба роҳ монд.

Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди муносибатҳо ва робитаҳои гуногунҷанба бо Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Беларус, Туркманистон, Шветсия, Ирландия, Юнон, Маҷористон, Бразилия, Бруней Доруссалом ва Того андешаронӣ карда, изҳори умед намуд, ки сафирон барои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибот ва ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои худ бо Тоҷикистон бо баҳрабардорӣ аз имкониятҳои истифоданашуда ҷаҳду талош мекунанд.

- Ҳадаф аз ин ҳамдастии мо саҳмгузорӣ дар ҳаллу фасли проблемаҳои умдаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мебошад, — таъкид дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки масъалаҳои густариш додани муносибатҳои дуҷониба самти нисбатан наву рушдёбандаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор меравад.

 www.president.tj