13 апрел дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз панҷ сафири навтаъиншудаи кишварҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд.
Зимни эътимодномасупорӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҳасан Дилсуз оглу Маммедзаде, Ҷумҳурии Ӯзбекистон Эргаш Шоисматов, Ҷумҳурии Арабии Миср Иҳаб Аҳмад Талат Наср, Ҷумҳурии Словакия Ян Бори ва Ҷумҳурии Куба Эмилио Певида Пупо, ҳамчунин паёму дуруди роҳбарияти кишварҳои хешро расониданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафиронро ба муносибати таъин гардиданашон ба ҳайси роҳбарони сафоратҳои давлатҳои худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки онҳо бо фаъолияти пурсамари дипломатӣ ба рушду тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанбаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳояшон мусоидати ҷиддӣ хоҳанд кард.
Таъкид гардид, ки робитаҳои дӯстиву ҳамкории кишварҳои мо барои рушду таҳкими минбаъда майдони фарох доранд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистон бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, минтақаи Осиёи Марказӣ, ҷаҳони араб, давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои воқеъ дар Амрико андешаронӣ карда, изҳори умед намуданд, ки сафирони фавқулода ва мухтори навтаъиншуда бо иҷрои рисолати сермасъул саъю талошҳои пайгиронаи худро баҳри татбиқи ҳадафҳои неки давлатҳо ва барои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибот ва ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои худ бо Тоҷикистон равона месозанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон баҳри ҳалли мушкилоти глобалии марбут ба об ва муборизаи самарабахш алайҳи хатару таҳдидҳои замони муосир ёдовар шуданд.
Таъкид гардид, ки ба даст овардани натиҷаҳои мусбат дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, тундгаройии динӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ дар бисёри маврид аз амалҳои муштарак ва ҳамоҳангшуда вобастагӣ дорад.
Дар фарҷом Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба сафирон ба муносибати оғози фаъолият барору комёбӣ орзу намуда, омодагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баҳри мусоидат дар самти пешбурди фаъолияти дипломатиашон махсус таъкид карданд.
www.president.tj