Қабули эътимоднома аз сафирони нав

№23 (3169) 08.03.2014

1

Шашуми марти соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони навтаъини 11 давлати ҷаҳон эътимоднома қабул намуд.

Ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафирони нави фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Туркманистон- Ишанкули Аманлиев, Куба-Карлос Энрике Валдес Де Ла Консепсион, Ҷумҳурии Сербия-Славенко Терзич, Амороти Муттаҳидаи Араб- Суҳайл Матар Саид ал-Катбӣ, Ҷумҳурии Корея- Ли Ук-Хен, Ҷумҳурии Словакия-Павол Иван, Давлати Фаластин- Муҳаммад Абдулло Таршаҳанӣ, Ҷумҳурии Мисри Араб- Муҳаммад Абдуссаттор ал-Бадрӣ, Ҷумҳурии Судон-Муҳаммад Илёс Муҳаммад ал-Ҳаҷ, Ҷумҳурии Кипр-Георгиос Касулидис ва Ҷумҳурии Гурҷистон-Константин Жгенти эътимодномаҳои худро тақдим намуданд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сафирони тозатаъинро бо оғози фаъолияти дипломатиашон дар Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, изҳори итминон намуд, ки онҳо ба рушду тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанба мусоидати фаъол хоҳанд кард.

www.president.tj