Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даҳуми декабри соли 2015 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гурӯҳи сафирони нави кишварҳои Аврупо, Осиё ва Африқо эътимоднома қабул намуд.
Зимни маросими эътимодномасупорӣ ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой Ю Э Бин, Ҷумҳурии Ҳиндустон Бираҷа Прасад, Ҷумҳурии Литва Витаутас Наудужас, Ҷумҳурии Латвия Эдгарс Бондарс, Испания Педро Хосе Санз Серрано, Ҷумҳурии Филиппин Даниел Рамос Эспириту, Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир Носир Бушерит ва Ҷумҳурии Гвинея Бангали Диахаби эътимодномаҳои худро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим намуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи сафиронро барои оғози фаъолияти дипломатӣ дар Тоҷикистон табрик намуд.
Президенти мамлакат бо итминон иброз дошт, ки дар доираи сиёсати дарҳои боз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дорад ва омода аст, бо тамоми кишварҳои дунё, бидуни истисно, муносибатҳои дӯстиву ҳамкории мутақобилан судманд дошта бошад.
Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди муносибатҳо ва робитаҳои гуногунҷанба бо кишварҳои Аврупо, Осиё ва Африқо андешаронӣ карда, изҳори умед намуд, ки сафирон барои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибот ва ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои худ бо Тоҷикистон бо баҳрабардорӣ аз имкониятҳои истифоданашуда ҷаҳду талош мекунанд.
Рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунсоҳаи муассир, авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими равобит бо кишварҳо, муносиботи сохторҳои соҳибкорӣ ва мақомоти давлатии Тоҷикистону ин кишварҳо аз масъалаҳои асосии суханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сафирони нав буд.
Инчунин таъкид гардид, ки кишварҳои Аврупо, Осиё ва Африқо имрӯз дар сафи дӯстону шарикони Давлату мардуми Тоҷикистон қарор доранд.
- Ин робитаҳо барои рушду таҳкими минбаъда майдони фарох доранд ва мо дар ин ҷода аз фаъолияти дипломатии шумо самараҳои неку назаррасро интизорем, — таъкид намуд дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
www.president.tj