Қабули эътимоднома аз сафирони нав

№145 (3625) 24.11.2016

DSC_180022 ноябри соли 2016 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 14 сафири нави кишварҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътимоднома қабул намуданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон бо арзи дуруду шодбошиҳои роҳбарони кишварҳо сафирони давлатҳои Арабистони Саудӣ — Абдулазиз ибни Муҳаммад ал-Бодӣ, Туркия — Алӣ Рифат Коксал, Фаронса — хонум Ясмин Гуедар, Италия — Андреа Бертоззи, Австрия — Герхард Сайллер, Шоҳигарии Нидерландия — Дирк Ян Кооп, Юнон — Андреас Фриганас, Чехия — Ярослав Сиро, Конфедератсияи Швейтсария — Урс Шмид, Ватикан — Фрэнсис Ассизи Чулликатт, Молдова — Думитру Брагиш, Корея — Квон Ён У, Бангладеш — Маҷибул Раҳман Буиян ва Зеландияи Нав — Иэн Александр Хилл эътимоднома супориданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони навтаъинро барои оғози фаъолияти ­дипломатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбош гуфта, изҳор доштанд: «Тоҷикистон, ки бо доираи васеи мамолики сайёра ҳамкории судманду баробарманфиати сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангиву гуманитарии дуҷониба ва бисёрҷонибаро ба роҳ мондааст, ба рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи худ бо кишварҳои олами Араб, Аврупо, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Ҷанубӣ, инчунин бо кишварҳои ИДМ аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир ­менамояд».

Изҳори итминон карда шуд, ки сафирони тозатаъин барои ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳо бо Тоҷикистон талоши бештар намуда, дар рушду тавсеаи муносибатҳои дӯстонаи байнидавлатӣ саҳми муносиб мегузоранд.

www.president.tj