Қабули эътимоднома аз сафирони нав

№34 (4774) 15.03.2024

53588934208_b41896dcce_o15-уми марти соли 2024 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави фавқулода ва мухтори як қатор кишварҳои хориҷӣ эътимоднома қабул карданд.

Зимни маросим ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон Раҷеш Уки, Ҷумҳурии Халқии Бангладеш Муҳаммад Мунирул Ислом, Шоҳигарии Нидерланд Нико Схемерс, Ҷумҳурии Литва Навикас Эгидиюс, Ҷумҳурии Словакия Виктор Боретски, Ватикан Ҷорҷ Ҷорҷ Панамтундил, Ҷумҳурии Ангола Аугушто да Силва Куня, Ҷумҳурии Бенин Андре Акамби Окунлола-Биау, Ҷумҳурии Сйерра-Леоне Моҳамед Йонгаво ва Ҷумҳурии Колумбия Эктор Исидро Аренас Нейра эътимодномаҳои худро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи сафиронро ба муносибати таъйин гардиданашон ба ин маснад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфтанд. Изҳори итминон карда шуд, ки фаъолияти самараноки сафирон омили муассири рушду таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунсоҳа байни кишварҳо хоҳад гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки мулоқоти имрӯза дар айёме сурат мегирад, ки дар саросари сарзамини куҳантамаддуни Тоҷикистон накҳати яке аз зеботарин ҷашнҳои Машриқзамин — Наврӯзи олам­афрӯз ба машом мерасад.

Бо истифода аз фурсат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сафирони навтаъйиншуда табрикоту таманниёти некашонро ба муносибати ин ҷашни байналмилалӣ иброз намуданд. Зикр гардид, ки баробари мақоми байналмилалӣ гирифтани Ҷашни Наврӯз фазилатҳои неку созандаи он аз фазои миллию фарҳангиаш фаротар рафта, мазмуну тобиши ҷаҳонӣ касб кардааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Бангладеш, Шоҳигарии Нидерланд, Ҷумҳурии Литва, Ҷумҳурии Словакия, Ватикан, Ҷумҳурии Ангола, Ҷумҳурии Бенин, Ҷумҳурии Сйерра-Леоне ва Ҷумҳурии Колумбия андешаронӣ карданд.

Президенти мамлакат зикр намуданд, ки давлати Тоҷикистон тайи солҳои соҳиб­истиқлолӣ пайваста саъй менамояд, то доираи шарикону дӯстонашро дар арсаи байналмилалӣ бештару густурда гардонад. Дар ин замина, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самтҳои мухталифи сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва амниятӣ равобити фаъолу созандаро пеш мебарад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба авҷи бесобиқаи ташаннуҷ дар манотиқи гуногуни олам андешаронӣ карда таъкид доштанд, ки дар чунин шароити ҳассос ҳамраъйӣ, ҳусни тафоҳум ва ҳамкориҳои пурсамари байнидавлатӣ ҳамчун омили калидии устувории ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳамияти дучанд пайдо мекунад.

Дар ин замина, давлати Тоҷикистон идомаи шарикӣ бо кишварҳои сафирони навтаъйиншударо бахши таркибии сиёсати хориҷии худ дониста, дурнамои онро нек арзёбӣ менамояд.

www.prezident.tj