Даҳуми марти соли 2015 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави панҷ давлат эътимоднома қабул намуд.
Зимни маросими эътимодномасупорӣ ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Ҳю Стэнли Филпотт, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон Тариқ Иқбол Сумро, Сафири Фавқулода ва Мухтори Салтанати Уммон Саид ибн Аҳмад ибн Холид ал-Барованӣ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Фан Ван Фао ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Эфиопия Айалев Гобезие Воркенеҳ эътимодномаҳои худро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои худ тақдим намуданд.
Зимни суханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла зикр гардид, ки «… дар чаҳорчӯбаи сиёсати «дарҳои боз» Тоҷикистон имкон дорад ва омода аст, ки бо тамоми кишварҳои дунё – бидуни истисно — муносибатҳои дӯстиву ҳамкории мутақобилан судманд дошта бошад».
Дар ин росто, изҳори умед карда шуд, ки сафирони нав барои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибот ва ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои худ бо Тоҷикистон ҷаҳду талош мекунанд.
www.president.tj