Қабули эътимодномаҳо аз сафирони нав

№140 (3777) 23.11.2017

38510224852_2d561bf083_o20 ноябри соли 2017 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 8 сафири нав эътимоднома қабул намуданд.

Бо супоридани эътимодномаҳо ба Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Германия Найтхар Хёфер — Виссинг, Шоҳигарии Белгия — Алекси де Кромбрюгхе де Пикендаел, Руминия — Чезар — Маноле Армяну, Ҷумҳурии Эстония — Ҳейти Маймес, Канада — Николя Бруссо, Иёлоти Муттаҳидаи Мексика — Жозе Алфонсо Зегбе Камарена, Ҷумҳурии Аргентина — Иван Иванишевич ва Ҷумҳурии Чили — Родриго Хосе Нйето Матурана паёму дуруди роҳбарияти кишварҳои хешро низ расонданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафиронро барои оғози фаъолияти дипломатӣ дар Тоҷикистон табрик намуданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки давлати Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии худ пайваста кӯшиш менамояд, ки бо тамоми кишварҳои дуру наздик равобити фаъолу созандаро ба роҳ монда, сафи шарикону дӯстонашро дар арсаи байналмилалӣ зиёд гардонад.

Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди муносибатҳо ва робитаҳои гуногунҷанба бо Ҷумҳурии Федеративии Германия, Шоҳигарии Белгия, Руминия, Ҷумҳурии Эстония, Канада, Иёлоти Муттаҳидаи Мексика, Ҷумҳурии Аргентина ва Ҷумҳурии Чили андешаронӣ карда, изҳори умед намуданд, ки сафирон баъди шиносоии наздик бо шароити кишвари мо, барои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибот ва ҳамкории мутақобилан судманди давлатҳои худ бо Тоҷикистон бо баҳрабардорӣ аз имкониятҳои истифоданашуда ҷаҳду талош мекунанд.

21 ноябри соли 2017 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 7 сафири навтаъиншудаи кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул намуданд.

Дар баробари супоридани эътимодномаҳо­яшон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Муғулистон — Лувсан Баттулга, Ҷумҳурии Индонезия — Раҳмат Прамоно, Амороти Муттаҳидаи Араб — Муҳаммад Аҳмад Султон Иссо Ал-Ҷобир, Шоҳигарии Марокаш — Абдулҷалил Саубрӣ, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ — хонум Кейтуметси Тандека Метюс, Ҷумҳурии Кипр- Леонидас Маркидес ва Давлати Исроил — Эдуард Шапиро паёму дуруди роҳбарияти кишварҳои хешро расониданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон сафиронро ба муносибати таъин гардиданашон ба ҳайси роҳбарони сафоратҳои давлатҳои худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки онҳо бо фаъолияти пурсамари дипломатиашон ба рушду тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанбаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои худ мусоидати ҷиддӣ хоҳанд кард.

Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи давраи соҳибистиқлолӣ, тибқи сиёсати бобарори дарҳои кушода, бо доираи васеи ҷомеаи олам ҳамкориҳои судманду баробарҳуқуқро дар ҳама соҳаи мавриди таваҷҷуҳ ба роҳ монда, густариш медиҳад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанба бо кишварҳои қитъаи фарохи Осиё, Осиёи Ҷануби Шарқӣ, кишварҳои олами араб ва давлатҳои қитъаи Африқо андешаронӣ карда, изҳори умед намуданд, ки сафирони навтаъиншудаи Муғулис­тон, Индонезия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Марокаш, Африқои Ҷанубӣ, Кипр ва Исроил бо шароиту имкониятҳои васеи равобити гуногунҷанба, фазои мусоиди сармоягузорӣ шинос шуда, барои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибот ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди кишварҳои худ бо Тоҷикистон бо баҳрабардорӣ аз имкониятҳои истифоданашуда дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҷаҳду талош мекунанд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баҳри мусоидат дар самти пешбурди фаъолияти дипломатии сафирон махсус таъкид карданд.

www.president.tj