18 феврали соли 2021 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави фавқулода ва мухтори кишварҳои хориҷӣ эътимоднома қабул карданд.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммадзоҳир Ағбар, Ҷумҳурии Фаронса — Мишел Тарран, Давлати Фаластин — Луай Исса, Ҷумҳурии Италия — Агостино Пинна, Маҷористон — Михай Матяш Галошфай ва Ҷумҳурии Хорватия Рефик Шабанович эътимодномаҳоро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳояшон тақдим карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ сафиронро ба муносибати оғоз гардидани фаъолияти дипломатиашон дар ин маснади пуршарафу сермасъул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона таҳният гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки онҳо бо талошу фаъолияти самарабахш ҷиҳати такони тоза бахшидан ба муносибатҳои шарикии кишварҳо дар арсаи гуногуни ҳамкорӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт. Инчунин, таъкид доштанд, ки Тоҷикистон чун субъекти мустақил ва баробарҳуқуқи низоми навини робитаҳои байналмилалӣ бо яксаду ҳафтоду ҳашт кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатиро ба роҳ монда, муносибатҳояшро бо онҳо дар шакли дуҷониба ва чорчӯбаи созмонҳои бонуфузи байналмилаливу минтақавӣ фаъолона пеш мебарад.
Президенти мамлакат оид ба рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Фаронса, Давлати Фаластин, Ҷумҳурии Италия, Маҷористон ва Ҷумҳурии Хорватия андешаронӣ карда, изҳори умед намуданд, ки сафирони навтаъиншуда бо иҷрои рисолати сермасъул саъю талоши пайгиронаро баҳри татбиқи ҳадафи неки давлатҳо ва барои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибот ва ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳояшон бо Тоҷикистон равона месозанд.
Дар фарҷом Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба сафирон ба муносибати оғози фаъолияташон барору комёбӣ орзу намуда, омодагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баҳри мусоидат дар самти пешбурди фаъолияти дипломатиашон махсус таъкид карданд.