Суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода додани «Майдони Истиқлол» ба муносибати 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ
шаҳри Душанбе, 8 сентябри соли 2022
Ҳамватанони азиз!
Сокинони муҳтарами пойтахт!
Ҳозирини гиромӣ!
Ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ — 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ, инчунин, ба муносибати ифтитоҳи майдон ва муҷассамаи «Истиқлол» тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, сокинони пойтахт ва ҳамаи шумо – ҳозирини ин чорабинии бошукӯҳи идонаро самимона табрик гуфта, ба кулли шаҳрвандони мамлакат саломативу сарбаландӣ, сулҳу осоиш, хушбахтӣ ва рӯзгори обод орзу менамоям.
Истиқлолияти давлатӣ оғози давраи комилан нав дар таърихи давлатдории тоҷикон, марҳалаи тоза дар ташаккули ҳувияти миллии мо ва муқаддастарину бузургтарин ҷашн барои мардуми Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Истиқлолу озодӣ мояи ифтихору сарфарозӣ ва нангу номуси халқи мост, ки ба шарофати он беш аз се даҳсола инҷониб мо барои ободии Ватани азизамон ҷаҳду талош меварзем.
Бо ифтихору қаноатмандӣ аз заҳмати содиқонаи мардуми шарафманди Тоҷикистон иброз медорам, ки дар арафаи таҷлили 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе ҳамчун рамзи истиқлолу озодӣ ифтитоҳ гардидани чунин майдони зебо ва муҷассамаи бошукӯҳ боз як дастоварди сокинони кишвар мебошад.
Мо аз неъмати истиқлолу озодӣ шукрона мекунем, ки ба шарофати он то ба имрӯз дар тамоми гӯшаву канори кишвари маҳбубамон ҳазорон иншооти хурду бузург, аз ҷумла муҷассамаи бошукӯҳи «Истиқлол»-ро бунёд кардем.
Вақтҳои охир бо ташаббус ва иқдомоти созандаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, заҳмати ватандӯстонаи мутахассисону соҳибкорони бонангу номуси кишвар ва сохтмончиёни тоҷик дар пойтахти мамлакат бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ, роҳу пулҳои муосир, майдонҳои варзиш, боғу гулгаштҳои замонавӣ ва марказҳои хизматрасонӣ вусъати бесобиқа гирифта истодааст.
Ҳадаф аз бунёди Муҷассамаи «Истиқлол» дар пойтахти кишварамон — шаҳри Душанбе, пеш аз ҳама, ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии халқи тоҷик, таҷассуми рукнҳои муҳими давлатдорӣ, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва дар зеҳну шуури шаҳрвандони мамлакат, хусусан наврасону ҷавонон, тақвият бахшидани андешаи истиқлолу озодӣ мебошад.
Бо истифода аз фурсат, ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт, меъморону мутахассисон, сохтмончиён ва ҳамаи онҳое, ки барои қомат афрохтани муҷассамаи пуршукӯҳи «Истиқлол» ва бунёди майдони зебои он саҳми ватандӯстона гузоштаанд, миннатдории самимии худро изҳор менамоям.
Ҳамватанони азиз!
Тамоми азму талош, ташаббусҳои созандаву бунёдкорона ва нақшаву ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Тоҷикистон, ки дар замони соҳибистиқлолӣ амалӣ гардидаанд, ба хотири муҳайё сохтани шароити зиндагии шоиста барои ҳар як сокини кишвар, таъмин намудани истиқлоли энергетикии он, таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва ба кишвари пешрафтаву саноатӣ табдил додани Ватани маҳбубамон равона шудаанд.
Вобаста ба ин, як нуктаи муҳимро хотирнишон менамоям. Имрӯз мардуми шарифи кишвар хуб дарк кардаанд, ки ҳамаи пешравиҳои Тоҷикистон, пеш аз ҳама, аз баракати истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, яъне иттиҳоду сарҷамъии халқи тоҷик ба даст омадаанд.
Мо минбаъд низ бояд бо муттаҳидиву сарҷамъӣ ва заҳмати аҳлонаву созандаи худ сарзамини аҷдодиамонро боз ҳам ободу зебо намоем ва тамоми имконияту иқтидорамонро ба хотири рушди давлати соҳибистиқлоламон ва болоравии обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ сафарбар созем.
Дар ин раванд, хурду бузурги кишвар бояд аҳамият ва зарурати ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллии тоҷиконро амиқан дарк намоянд ва дар хотир дошта бошанд, ки ҳар иқдому ташаббусе, ки ҳар яки мо имрӯз анҷом медиҳем, барои халқи Тоҷикистон ва фардои ободи фарзандонамон, яъне наслҳои оянда мебошад.
Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки мардуми мо, бахусус насли ҷавони кишвар, андешаи истиқлоли миллиро ҷузъи муҳимтарину ҷудоинопазири ҳаёт ва ҳастии худ, меҳвари нангу номус ва ҳувияту ғурури миллӣ шуморида, ба хотири таҳкими ҳар чӣ бештари он саъю талош намоянд.
Мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки Истиқлолияти давлатӣ муқаддастарин ва бузургтарин дастоварди халқи Тоҷикистон, бебаҳотарин неъмати зиндагии мо, мояи ифтихору сарбаландӣ ва нангу номуси хурду бузурги мамлакат ва сарчашмаи тамоми пешрафту комёбиҳои мардуми шарифи кишвар мебошад.
Раванду рӯйдодҳои ҷаҳони пуртазоди имрӯза ба ҳар яки мо ҳушдор медиҳанд, ки барои ҳифзи истиқлолу озодӣ – бузургтарин неъмати зиндагиамон ва ҳимояи манфиатҳои давлату миллатамон ҳамеша ҳушёру омода бошем.
Такроран таъкид менамоям, ки ҳамаи заҳмату талоши мо бояд ба хотири обод намудани Ватани азизамон ва ба қатори давлатҳои пешрафта расонидани Тоҷикистони маҳбубамон сафарбар карда шавад.
Мо бояд ба тарғибу ташвиқи моҳияти давлату давлатдории муосири миллӣ, эҳтироми волоияти қонун, қадру қимати сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, яъне дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа диҳем.
Бо истифода аз фурсати муносиб, мардуми қавиирода ва бонангу номуси Тоҷикистони маҳбубамонро даъват менамоям, ки Ватани азизи худро сидқан ва мисли ҷони хеш дӯст доред, шукронаи ин обу хоки муқаддасро ба ҷо оваред, барои ҳимояи он аз ҳама гуна таҳдидҳои ҷаҳони муосир омода бошед ва ба хотири ободиву сарсабзии ин диёри биҳиштосо даҳчанд саъю талош намоед.
Ман ба азму иродаи шумо – мардуми бонангу номуси Тоҷикистон ва махсусан, ҷавонони ватандӯсту ватанпарасти он эътимоди комил дорам ва медонам, ки аз уҳдаи ин рисолату вазифаи бошараф чун ҳарвақта сарбаландона мебароед.
Бори дигар ҳамаи шаҳрвандони сарбаланди кишвар, сокинони пойтахт ва шумо — ҳозирини арҷмандро ба муносибати 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ифтитоҳи Муҷассамаи «Истиқлол» ва майдони «Истиқлол, ки рамзи давлатдории миллии тоҷикон мебошад, самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо фазои орому осуда, иқболи нек ва барору комёбӣ орзу менамоям.
Ҷовидон бод халқи қаҳрамон, шарафманду сарбаланд, ватандӯсту ватанпарвар, бонангу номус ва заҳматкашу қавииродаи Тоҷикистон!
Бигзор сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва пешрафту ободӣ дар Тоҷикистони азизи мо абадӣ бошад!
Поянда бод Ватани маҳбуби мо – Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр!
Тоҷикистони азизи ман!
Ба сӯи пешрафту тараққиёт ва фатҳу нусратҳои нав ба пеш!