18 августи соли 2021 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»- и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.
Қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати ҷашни миллӣ — 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳният гуфта, таъкид намуданд, ки дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ намудани заҳмати намояндагони касбу кори гуногун ва шахсони содиқу обрӯманди ҷомеа рамзи сипосгузорӣ ба хизматҳои шоёни онҳо дар ҷодаи пешрафти соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ ва бахшҳои иҷтимоӣ мебошад.
Ҳамин тавр, дар фазои тантанавӣ барои дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ, фаъолияти самарок дар хизмати давлатӣ, рушди илму фарҳанг, тандурустӣ, хизматрасонӣ ва дигар бахшҳои хоҷагии халқи мамлакат бештар аз 120 нафар корманди соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар хизматчиёни давлатӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон, унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, унвони фахрии Ҳофизи халқии Тоҷикистон, унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, ордени «Дӯстӣ», ордени «Шараф» дараҷаи I, ордени «Шараф» дараҷаи II, медали «Хизмати шоиста», медали ҷашнии «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2021 ва Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимон ва омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2021 қадрдонӣ шуданд.
Дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон» барои саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги мамлакат, ҳифзи саломатии аҳолӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва дастовардҳои баланди истеҳсолӣ 34 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, 2 нафар бо унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон, 5 нафар бо унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, 1 нафар бо унвони фахрии Ҳофизи халқии Тоҷикистон, 5 нафар бо унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, 1 нафар бо ордени «Дӯстӣ», 2 нафар бо ордени «Шараф» дараҷаи I, 13 нафар бо «ордени Шараф» дараҷаи II, 29 нафар бо медали «Хизмати шоиста», 4 нафар бо медали ҷашнии «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва 2 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Ҳамчунин, тибқи қарори комиссияи дарёфти ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2021, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, 12 нафар барандагони ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2021 гардиданд.
Сарвари давлат 18 марти соли 2020 зимни вохӯрӣ бо олимони кишвар бо мақсади ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар муассисаҳои таълимӣ ва беҳтар кардани сифати таҳқиқоти илмӣ дар институту марказҳои илмии академӣ пешниҳод намуданд, ки Ҳукумати мамлакат барои ҳавасманд гардонидани олимону омӯзгорони фанҳои табиӣ ва дақиқу риёзӣ мукофоти махсуси давлатӣ таъсис диҳад ва ҳар сол 15 нафар омӯзгорону олимони беҳтарин бо он сарфароз гардонида шаванд.
Бори аввал, тибқи қарори Комиссияи дарёфти ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимон ва омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2021, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, 15 нафар омӯзгорони беҳтарин соҳиби ҷоиза гардиданд.
Ҳамин тавр, аввалин шуда бо ин мукофоти давлатӣ омӯзгори фанни химияи мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Хоруғ Алидод Абдолбеков сарфароз гардонида шуд.
Ҳамчунин, омӯзгори фанни технологияи иттилоотии литсейи физикӣ — математикии №1 ба номи академик М. Осимӣ Ҳусейн Ачилов, профессори кафедраи химияи органикӣ ва биологии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Сироҷиддин Бандаев, омӯзгори фанни физикаи литсейи Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд Ҷӯрабой Бобоҷонов, омӯзгори фанни химияи литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Азизбек Зумратов, профессори кафедраи химияи физикӣ ва колоидии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мубаширахон Раҳимова, омӯзгори фанни технологияи иттилоотии литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Фароғат Рӯзиева, омӯзгори фанни химияи литсей — интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳушанг Собиров, омӯзгори фанни химияи литсейи давлатии «Ориёно»-и шаҳри Бохтар Қобил Тошов, мудири кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетикаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Мирзоҳамдам Холбегов, мудири кафедраи барномарезӣ ва низоми иттилоотии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Хуршед Худойбердиев, омӯзгори фанни математикаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и ноҳияи Роштқалъа Эраҷ Ҷонмирзоев, мудири кафедраи низом ва шабакаҳои энергетикии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Шарипов, омӯзгори фанни математикаи литсейи фанҳои табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Асадулло Шарифов, муовини директор оид ба инноватсия ва технологияҳои нави таълимотии Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб Алмосшо Шоев барандагони ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимон ва омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2021 гардиданд.
Дар анҷоми маросими мукофотсупорӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар нафаронеро, ки барои фаъолияти пурсамар дар роҳи рушду пешрафти ҷомеа аз ҷониби роҳбарияти Давлату Ҳукумати мамлакат бо мукофотҳои олӣ қадрдонӣ гардиданд, самимона табрик гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки фарзандони содиқи Ватан минбаъд низ имконияту қобилияти зеҳнӣ, донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талошро барои боз ҳам ободу пешрафта гардидани Тоҷикистони соҳибистиқлол, таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони мамлакат равона месозанд.
www.president.tj