Қадрдонии намояндагони Ӯзбекистон бо мукофотҳои давлатии Тоҷикистон

№107 (3901) 01.09.2018

44309168902_1435f38151_o30 августи соли 2018, дар арафаи таҷлили ҷашни умумимиллӣ — 27 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ ходимони давлатӣ, намояндагони соҳаи илм, маориф ва фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистони ҳамсояро бо мукофотҳои давлатии Тоҷикистон сарфароз гардониданд.

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 авгус­ти соли 2018 шахсони мазкур, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар таҳкиму тавсеабахшӣ ва густариши муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ, робитаҳои фарҳангию башардӯстона, иҷтимоию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва ҳамкории ҳамаҷонибаи самарабахши байни ду кишвар ба манфиати мардуми тоҷику ӯзбек саҳми босазо гузош­таанд, бо мукофотҳои давлатии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд: Абдулло Орипов — Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Абдул­азиз Комилов — вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо Ордени «Исмоили Сомонӣ» дараҷаи II, Шавкат Ҳамроев — вазири хоҷагии оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо ордени «Шараф» дараҷаи I, Зокирҷон Алматов — мушовири вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Абдуваҳҳоб Воҳидов — раиси Маркази фарҳанги миллии тоҷики вилояти Самарқанд, Исмоил Ҷӯрабеков — мушовири вазири хоҷагии оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Тухтамиш Тухтаев — мудири шуъбаи рӯзномаи «Овози тоҷик» ва Таваккал Чориев — профессори кафедраи таҳсилоти ибтидоии Донишгоҳи давлатии Бухоро бо Ордени «Дӯстӣ».

Ҳамчунин, барои саҳми арзанда дар таҳкими муносибатҳои фарҳангӣ Шералӣ Ҷураев — ҳофизи Муассисаи давлатии «Ӯзбекконсерт» ва Мавлуда Халилова — ходими калони илмии шуъбаи «Устод — шогирд мактаби» — и Маркази миллии ӯзбекии санъати мақоми Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо унвони фахрии «Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон» қадрдонӣ шуданд.

Боиси таъкид аст, ки соли 2018 барои халқҳои бо ҳам бародари Тоҷикистон ва Ӯзбекистон соли воқеан таърихӣ гардид. Ба шарофати азму иродаи қавии роҳбарони ҳар ду давлат тамоми масъалаву мушкилоте, ки дар муддати зиёда аз ду даҳсола дар байни давлатҳо ба вуҷуд омада буданд, роҳи ҳалли худро ёфтанд.

Сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев тавонистанд ормонҳои чандинсолаи мардуми тоҷику ӯзбекро амалӣ созанд.

Имрӯз Тоҷикистону Ӯзбекистон бо ҳам на танҳо дӯст, балки шарики стратегӣ мебошанд ва ҳамкории ду кишвар ба дурнамои дарозмуҳлат нигаронда шудааст.

www.president.tj