14 ноябри соли 2018 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ба фаъолият оғоз кардани чархаи якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба беш аз 100 нафар мутахассиси касбу кори гуногуни арсаи нангу номус мукофотҳои давлатӣ супориданд.
Қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати рӯйдоди муҳими таърихӣ — ба кор андохтани чархаи аввалини Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва сарфароз гардиданашон бо мукофотҳои давлатӣ самимона табрик гуфтанд.
Сарвари давлат таъкид доштанд, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун» иншооти муҳиму стратегии кишвар ба ҳисоб меравад, аз ин рӯ, роҳбарияти олии мамлакат ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба сохтмони он таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои бунёди неругоҳҳои хурду бузург дар кишвар захираву имкониятҳоро сафарбар намуданд.
Таъкид гардид, ки бунёди пурраи ин кохи нур роҳи асосии ба истиқлолияти комили энергетикӣ ноил шудани Тоҷикистон буда, омили муҳимтарини таконбахши иқтисодиёти миллӣ, афзоиш ёфтани иқтидори содиротии кишвар ва муҳимтар аз ҳама, боиси таъмин намудани сатҳи зиндагии шоистаи сокинони мамлакат мегардад.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳои баланди истеҳсолӣ, фаъолияти самаранок ва саҳми арзанда дар бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» 2 нафар бо ордени «Шараф дараҷаи 2», 53 нафар бо медали «Хизмати шоиста» ва 48 нафар бо «Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардиданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни супоридани мукофотҳои давлатӣ хизмати арзандаи ҳар як нафар коргари Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии «Роғун», аз ҷумла сардорони раёсатҳои ширкат, васлгарон, ронандагони техникаҳои гуногун, нақбканон, кафшергарони газию барқӣ, таъмиргарони муҳаррик, челонгарон, пармагарон, устоҳои қитъаҳои сохтмонӣ, кормандони озмоишгоҳҳо, барқчиён, дуредгарон, назоратчиёни қитъаҳои сохтмонӣ, истеҳсолотчиён, инчунин, пудратчиён — кормандони ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдудро, ки дар рафти корҳои сохтмонӣ фаъолона иштирок кардаанд, махсус қайд намуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нафаронеро, ки аз ҷониби роҳбарияти Давлату Ҳукумати мамлакат бо мукофотҳои олии давлатӣ қадрдонӣ шуданд, ба ифтихори рӯйдоди муҳим табрик гуфта, ба онҳо саломативу сарбаландӣ ва барори кор орзу карданд.
Пешвои миллат бори дигар ба коргарон барои хизмати шоиста ва ватандӯстонаву созанда дар назди халқу Ватан миннатдорӣ баён намуда, бо итминон иброз доштанд, ки онҳо минбаъд низ барои ободии кишвар, пойдории сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти иқтисоди миллӣ ва амалӣ гардидани ҳадафҳои неки Давлату Ҳукумат бо азму талоши дучанд заҳмат мекашанд.
www.president.tj