20 декабри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ғайринавбатии сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия баргузор шуд, иштирок намуданд.
Сарони давлатҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамгироии байнидавлатиро дар доираи ИДМ мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба нақшаҳои кории минбаъда вобаста ба таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва таҳкими амнияту бехатарӣ дар давлатҳои аъзои ИДМ табодули афкор карданд.
www.president.tj