Ҷаласаи навбатии Шӯрои машваратӣ баргузор гардид

№136 (3282) 18.11.2014

1

17 ноябри соли 2014 таҳти раёсати Президенти кишвар, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи чордаҳуми Шӯрои мазкур баргузор гардид.

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои машваратӣ оид ба беҳсозии фазои сармоягузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ масъала баррасӣ шуд:

 - Гузориш оид ба рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ;

- Фаъолияти Шӯрои машваратӣ оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар вилояти Хатлон;

- Татбиқи Барномаи дастгирии муассисаҳои сохтмонӣ оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар соҳаи сохтмон барои солҳои 2012-2014;

- Муаррифии натиҷаҳои таҳлил оид ба рушди бозори такрории  коғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ дар Тоҷикистон;

- Лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ.

Дар оғози ҷаласа Раиси Шӯрои машваратӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон президенти Бонки Аврупоии Навсозӣ ва Рушд Сума Чакрабартиро хайра мақдам гуфта, нақши бонки мазкурро дар татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ ва лоиҳаҳои инфрасохторӣ баланд арзёбӣ намуд.

Президенти Бонки Аврупоии Навсозӣ ва Рушд Сума Чакрабарти дар навбати худ оид ба нақши минбаъдаи бонк дар рушди иқтисодии ҷумҳурӣ ва беҳсозии фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла татбиқи бомароми як қатор лоиҳаҳо дар бахшҳои энергетика, молия, навсозии роҳҳо, тиҷорат ва дастгирии бахши хусусӣ ибрози андеша кард. Аз ҷумла бо хушнудӣ тазаккур дода шуд, ки Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ бо дастгирии Бонки Аврупоии Навсозӣ ва Рушд фаъолият дорад. Бо ёдоварӣ аз фаъолияти босамари Шӯрои мазкур таъкид гардид, ки ин бонк минбаъд низ аз фаъолияти он ва ҳам ташаббусҳои дигари Тоҷикистон дар самти беҳсозии фазои соҳибкорию сармоягузорӣ пуштибонӣ хоҳад кард.

Сипас, гузориши котиби масъули Шӯро, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим оид ба мушоҳидаҳо аз рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ шунида шуд. Зикр гардид, ки қарорҳои дар ҷаласаи сенздаҳуми Шӯрои машваратӣ қабулгардида ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши суғурта, ташкил ва гузаронидани мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорону сармоягузорон, ба анҷом расонидани расмиёти шомилшавии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага, ташкили рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон дар соли равон, рушди саноат ва истеҳсолоти миллӣ равона шуда буданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши суғурта мукаммал карда, ба баррасии Ҳукумати кишвар пешниҳод шуд ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» дар таҳрири нав дар ҳоли таҳияшавӣ қарор дорад.

Тазаккур дода шуд, ки 29 октябри соли равон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Гаага ё худ Конвенсияи Апостил оид ба бекор намудани легализатсияи ҳуҷҷатҳои расмии хориҷиро ба тасвиб расонд, ки ин барои ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад намуд.

Бо мақсади ташкили рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон Бонки миллии Тоҷикистон бо агентиҳои рейтингии бонуфузи ҷаҳонӣ Standard & Poor’s ва Moody’s ҳамкориро ба роҳ монд, ки аз рӯи натиҷаҳои он моҳи декабри соли равон лоиҳаи хулоса ва натиҷаи минбаъдаи корӣ барои пешниҳоди рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон манзур мегардад.

Вобаста ба мониторинги иҷрои қарорҳои Шӯро ҳамчунин узви Шӯро, роҳбари намояндагии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон Кристофер Миллер ва намояндаи бахши хусусӣ дар Шӯрои машваратӣ, роҳбари Ассотсиатсияи агробизнеси Тоҷикистон Шорауф Шораҳматов изҳори андеша карданд.

Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа маърӯзаи раиси Шӯрои машваратии минтақавӣ оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ дар вилояти Хатлон, раиси ин вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода шунида шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки ҳоло дар вилояти Хатлон 19 лоиҳаи давлатӣ бо сармоягузории хориҷӣ амалӣ мешавад, ки маблағи умумиашон ба 390 миллион доллари амрикоӣ мерасад. Изҳори боварӣ карда шуд, ки аз ҳисоби Хазинаи давлатии дастгирии соҳибкории хусусӣ низ лоиҳаҳои зиёд, хусусан дар ноҳияҳои кӯҳистон, амалӣ хоҳанд шуд.

Оид ба масъалаи сеюми рӯзномаи ҷаласа раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдувалӣ Комилзода сухан гуфта, вобаста ба рафти татбиқи Барномаи дастгирии муассисаҳои сохтмонӣ оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши сохтмон барои солҳои 2012-2014 гузориш дод.

Оид ба масъалаи чоруми рӯзномаи ҷаласа – «Натиҷаҳои фаъолияти гурӯҳи корӣ оид ба рушди бозори такрории коғазҳои қиматнок ва ташкили биржаи фондӣ» раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов гузориш дод. Зимни ин гузориш, аз ҷумла ҳисоботи гурӯҳи корӣ бо тавсияҳои мушаххас ва лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди бозори такрории коғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ муаррифӣ карда шуд.

Доир ба ин мавзӯъ, ҳамчунин роҳбари Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон Изатулло Лалбеков сухан гуфта, оид ба нақши бахши хусусӣ дар рушди бозори такрории коғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ ибрози назар кард.

Доир ба масъалаи ниҳоии рӯзномаи ҷаласа котиби масъули Шӯро — Қодири Қосим маълумот дода, барои баррасӣ дар ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ масъалаи беҳсозии фазои сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрӣ (агробизнес) дар Тоҷикистонро пешниҳод намуд, ки он аз ҷониби ҳамаи аъзои Шӯрои машваратӣ дастгирӣ ёфт.

Дар хотимаи ҷаласа Президенти кишвар, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда, ба вазорату идораҳо ва дигар мақомоти масъули давлатӣ вобаста ба ҳар як масъалаи дар ҷаласа баррасишуда дастуру супоришҳои дахлдор дод. Аз ҷумла супориш дода шуд, ки шӯроҳо доир ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо таъсис дода шаванд. Таъкид гардид, ки низоми гирифтани иҷозат барои сохтмон тариқи «Равзанаи ягона» ба роҳ монда шавад, то ки ин раванд сода гардад. Ба Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои дахлдор дастур дода шуд, ки барои ба миён овардани заминаи меъёрии ҳуқуқии бозори такрории коғазҳои қиматнок ва ба бозор пешниҳод намудани чунин коғазҳои давлатӣ чораҳои муассир амалӣ намоянд.

www.president.tj