Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони кишварҳои аъзоиИттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид

№№ 137-138 (3438-3439) 17.10.2015

11223495_911940062209514_8857360937559189554_o№Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 16 октябри соли 2015 дар мавзеи Бурабой, воқеъ дар вилояти Акмолаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ кард.

Пеш аз оғози ҷаласа бо иштироки ҳайатҳои васеи давлатҳо, сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҳайати маҳдуд,  ки дар он Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев раисӣ намуд, 17 масъалаи ба рӯзномаи ҷаласа воридшавандаро баррасӣ карданд. Дар ҷаласаи сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил лоиҳаи санадҳои танзимкунандаи ҳамкориҳо дар бахши муҳоҷират, таъмини амният ва тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, идоракунии ҳолатҳои фавқулода, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва рушди ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ - техникӣ, 30 — юмин солгарди садамаи Неругоҳи барқи атомии «Чернобил» ва ҳамкориҳои фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил нахуст ба ҷониби Ҷумҳурии Қазоқистон барои иҷрои тадбирҳои мушаххас дар раёсати ИДМ ва анҷоми муваффақонаи корҳо изҳори сипос намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон инчунин Александр Лукашенкоро барои такроран интихоб шуданаш ба мақоми олӣ - Президенти Ҷумҳурии Беларус табрик гуфт.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки дар вазъи ноороми ҷомеаи ҷаҳонӣ, буҳрони иқтисодию молиявӣ, мураккаб гардидани муноқишаҳои минтақавӣ мо имкон дорем, ки дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамаи масъалаҳои мубрам ва роҳҳои ҳалли мушкилот дар минтақа ва ҷаҳонро баррасӣ намоем.

- Ҳамаи масъалаҳои ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳо воридгардида, аз ҷумла Изҳороти сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба муносибати 70 — солагии таъсисёбии Созмони Милали Муттаҳид дар вазъи феълии ҷаҳонӣ бисёр муҳим ва саривақтӣ мебошанд, — изҳор дошт зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории зичу пурсамари кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба таъмини амният, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва таҳкими сарҳади берунии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамкориҳо дар бахши гуманитарӣ, раванди муҳоҷират, мубориза бо ҷинояткорӣ, муносибатҳои фарҳангӣ, идоракунии ҳолатҳои фавқулода ва рушди ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ - техникӣ амри зарурист.

- Моҳи гузашта дар ҳамоиш ва тадбирҳои идонаи Созмони Милали Муттаҳид мо имкон доштем, ки аз минбари баланд барои таъмини сулҳу субот дар сайёра, ҳалли муноқишаҳо бо роҳи ҳамдигарфаҳмӣ бо пешниҳодҳои асоснок баромад карда, мавқеи устувори худро чун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ муайян намоем. Бо боварӣ гуфта метавонам, ки кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ мавқеи ягона доштанд, — изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки «Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори муборизаи муштарак бар зидди таҳдидҳои нав, аз ҷумла терроризм, экстремизм ва дигар ҷиноятҳои муташаккил мебошад».

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз қувваи нав пайдо кардани гурӯҳҳои экстремистӣ, гаравидани ҷавонон ба сафи онҳо, истифодаи дини мубини ислом барои ҳадафҳои нопок аз ҷониби террористон, амалҳои фоҷиабору мудҳиши давлати ба ном исломӣ, нооромӣ дар назди сарҳади кишварҳои ИДМ изҳори нигаронӣ карда, сарони давлатҳоро барои қабули қарорҳои қатъӣ дар мубориза бо ин зуҳурот даъват намуд.

Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор дошт, ки қарорҳои имрӯз қабулшаванда бо дарназардошти манфиатҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба таври матлуб татбиқ карда мешаванд ва омили муҳими рушду таҳкими муносибатҳои мо мегарданд.

Бояд зикр намуд,  ки дар ҷаласа сарони кишварҳои ИДМ дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ, бо дарназардошти манфиати умумии ҳалли масъалаҳо, мавқеи худро муайян намуданд ва барои муборизаи муштарак бар зидди хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, таъмини амният дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои мустақил, ҳалли буҳрони иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои мубрам омодагии давлатҳояшонро баён доштанд.

Дар ин ҳамоиш Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Ҷумҳурии Арманистон Серж Саргсян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Молдова Андрей Галбур, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Туркманистон Сатлык Сатлыков, кордори муваққатии Ҷумҳурии Украина дар Қазоқистон Юрий Лазебник иштирок намуданд.

Аз рӯи натиҷаҳои кори ҷаласаи навбатии сарони кишварҳои аъзои ИДМ раиси Кумитаи иҷроия — Котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ доир намуд.

 www.president.tj