Ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

№160-161 (3461-3462) 26.11.2015

00123 ноябри соли 2015 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аъзои доимӣ, аъзои Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва роҳбарону шахсони масъули дигар вазорату идораҳои кишвар доир ба баррасии ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сабаб ва омилҳои ба кӯшиши табаддулоти давлатии оғози моҳи сентябри соли ҷорӣ мусоидаткарда, инчунин вазъи мубориза бо терроризму экстремизм ва тадбирҳои минбаъда дар самти таҳкими амнияти давлату ҷомеа ва тақвияти суботу оромӣ дар кишвар ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Раиси Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози ҷаласа доир ба фаъолияти сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти таъмини амнияти давлат ва мардуми Тоҷикистон, волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ, инчунин масъалаи амалиёти зиддитеррористии рӯзҳои 4 — 16 сентябри соли ҷорӣ суратгирифта доир ба несту нобуд кардани гурӯҳи террористӣ, ки ҳадафи ноором сохтани суботу оромии мардум ва халалдор сохтани амнияти мамлакатро дошт, ибрози назар намуда, мавҷудияти як силсила камбудиву норасоиҳоро дар самтҳои зикршуда таъкид карданд.

Дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин ҳисоботи вазирони мудофиа ва корҳои дохилӣ, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ, раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд.

Дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони сохторҳои низомӣ ва  мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат вазифадор карда шуданд, ки камбудиҳои дар фаъолияти худ ҷойдоштаро дар муҳлати кӯтоҳтарин бартараф карда, бо дарназардошти вазъи мураккаб ва босуръат тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва авзои ноороми минтақа барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таъмини амнияти давлат ва сокинони мамлакат, суботу оромии ҷомеа ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандони кишвар, инчунин ба таври ҷиддӣ баланд бардоштани сатҳи малакаву таҷриба ва касбияти ҳайати шахсӣ, омодабошии ҷангӣ, ҳушёрии касбӣ ва зиракии сиёсӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва риояи бечунучарои интизоми ҳарбӣ ва талаботи оинномаҳои ҳарбӣ дар сафҳои сохтору мақомот чораҳои ҷиддӣ ва саривақтӣ андешида, аз натиҷаи корҳои анҷомдодашуда ба Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам гузориш пешниҳод намоянд.

 www.president.tj