19 декабри соли ҷорӣ дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он аъзои доимӣ ва аъзои Шӯрои амният, раиси Суди Олӣ, роҳбарони сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, роҳбарият ва масъулони дигар вазорату идораҳои дахлдори мамлакат иштирок намуданд.
Президенти мамлакат, Раиси Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз фаъолияти сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи кишварро дар роҳи таъмини амнияти давлат ва мардуми Тоҷикистон, волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи марзу буми кишвар ва мубориза ба муқобили ҷинояту ҷинояткорӣ натиҷагирӣ намуда, аз тадбирҳои муваффақ ва мавҷудияти як қатор камбудию норасоӣ ёдовар шуданд.
Масъалаҳои вобаста ба вазъи таъмини амну субот дар кишвар ва фаъолияти сохторҳои низомиву мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи мамлакат дар соли 2018 муфассал баррасӣ шуда, нақшаи тадбирҳои навбатию иловагӣ барои соли 2019 тарҳрезӣ ва мушаххас гардиданд.
Дар робита ҳисоботи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймӯмин Ятимов, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сулаймон Султонзода, вазири мудофиа Шералӣ Мирзо, фармондеҳони Гвардияи миллӣ ва Қӯшунҳои сарҳадӣ Бобоҷон Ҷамолзода ва Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, директори Агентии назорати маводи нашъаовар Шерхон Салимзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода ва дигарон шунида шуд.
Пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳама гуна таҳдиду хатари ҷаҳони муосир, тадбирҳои муштарак ба муқобили қонунвайронкунӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ, таъмини амнияту суботи давлату миллат, тарғибу гиромидошти арзишҳои истиқлолият, ваҳдату суботи комил ва ғайра аз масъалаҳои муҳими ҷаласа буданд.
Таъкид гардид, ки вазъи кунунии ҷаҳони муосир ва афзоиши хатари равияҳои террористӣ, экстремизми диниву сиёсӣ ва фаъолияти тахрибкоронаи онҳо аз ҳар роҳбари ниҳоду сохторҳои низомию ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва кормандони қатории онҳо ҳисси баланд ва масъулияти бузурги ватандӯстию хештаншиносиро тақозо менамояд.
Доир ба пурзӯр намудани қудрати мудофиавии давлат, тақвият бахшидани ҳифзи марзи давлатӣ, боло бурдани сатҳи омодагии ҷузъу томҳои низомӣ ва беҳсозии таъминоти моддию техникии онҳо, таҳкими интизоми ҳарбӣ, баланд бардоштани рӯҳияи маънавӣ, ҳисси ватандӯстию масъулиятшиносӣ ва таҷрибаву маҳорати касбии муҳофизони марзу буми кишвар, кормандони мақомоти судӣ, сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Барои бартарафсозии норасоиҳои мавҷуда ва андешидани тадбирҳои ҷиддию саривақтӣ дар роҳи иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот вазифадор гардиданд.
www.president.tj