Ҷаласаи Шӯрои миллии рушд

№82 (3876) 05.07.2018

29296348718_f542cfeea4_oСеюми июли соли 2018 дар Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои миллии рушд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он аъзои Шӯро, намояндагони Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок карданд.

Дар он танҳо як масъала — муаррифии «Ҳисоботи миллӣ оид ба натиҷаҳои фосилавии ҷараёни татбиқи ҳадафҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» дар ҳошияи Ҳадафҳои рушди устувор» баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат, Раиси Шӯрои миллии рушд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки афзалиятҳои асосии рушди кишвар дар давраи дарозмуҳлат масъалаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, шуғл, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасӣ ба ғизои хушсифат, истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани кишвар, мубориза алайҳи зуҳуроти коррупсионӣ, идоракунии самаранок, ҳифзи экология ва идоракунии равандҳои демографиро фаро мегиранд. Баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Сипас, ҳисоботи вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода шунида шуда, ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон хонум Пратибха Меҳта, раиси Шӯрои ҳамоҳангсози шарикони рушд, роҳбари дафтари Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ян-Петер Олтерз, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Ҳидайет Бишчевич пешравиҳои назаррасро дар фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эътидол овардани вазъи макроиқтисодӣ ва таъмини рушд эътироф намуданд. Онҳо ба тадбирҳои андешида баҳои мусбат дода, иброз доштанд, ки ҳамкориҳои устувор бо шарикони рушд барои тақвият бахшидан ба раванди татбиқи ҳадафҳои стратегӣ минбаъд низ идома меёбад.

Ҷаласаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои миллии рушд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъбаст карда, ба шарикони рушд барои иштироки фаъол дар татбиқи ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

www.president.tj