Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои ИДМ

№122 (3759) 14.10.2017

37375580440_93cedecb10_o11 октябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар он, ҳамчунин Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Арманистон Серж Саргсян, Президенти Беларус Александр Лукашенко, Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Молдова Игор Додон, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳаммадов ва Сарвазири Қирғизистон Сапар Исаков иштирок карданд.

Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви ИДМ нахуст дар ­ҳайати маҳдуд, сипас бо иштироки ҳайатҳои расмии давлатҳои узв баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои вобаста ба самтҳои асосии рушди ҳамкориҳои минбаъда дар риштаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар бахшҳои муҳими фаъолият мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ҷаласаи ҳайатҳои васеъ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, аз нақшаву ниятҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи раёсат дар ИДМ, ки соли оянда ба уҳдаи кишвари мо вогузор мегардад, ёдовар шуданд. Таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон Консепсияи раисӣ дар Иттиҳод ва нақшаи иҷрои онро таҳия карда, дар татбиқи ҳадафмандонаи он ҳамаҷониба саҳм мегузорад.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон тақвияти ҳамкориҳои давлатиро дар соҳаҳои иқтисоду энергетика, саноат, нақлиёту инфрасохтор, кишоварзӣ, иҷтимоӣ, меҳнат, муҳоҷират, гуманитарию инноватсионӣ ва ҳифзи муҳити зист аз самтҳои афзалиятноки ҳамгироии дуҷониба ва бисёрҷонибаи давлатҳои аъзои Иттиҳод барои давраҳои оянда арзёбӣ намуданд. Дар ҳамин замина татбиқи «Стратегияи рушди иқтисодии Иттиҳод барои давраи то соли 2022» ва Аҳднома дар бораи минтақаҳои озоди тиҷоратӣ махсус таъкид карда шуд.

Доир ба тақвияти ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ ва амниятиву мудофиавӣ дар доираи иҷрои «Консепсияи ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникии кишварҳои иштирокдори ИДМ барои давраи то соли 2020» ва «Барномаи панҷсолаи ҳамкорӣ оид ба таҳкими амнияти марзӣ» фикру мулоҳизаҳои судманд баён карда шуд.

Ҳамчунин, ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар доираи узвият дар СММ ва дигар ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ вобаста ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор таъкид гардид.

Таваҷҷуҳи иштирокчиёни ҷаласаи Шӯро ҳамзамон ба ­масъалаи таъмини амнияту субот дар Афғонистон, таҳкими иқтидорҳои марзбонӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ҷалб карда шуд.

Роҳбарони ҳайатҳои иштирокчӣ доир ба ҳамгироӣ дар доираи Иттиҳод дар масъалаи мубориза бо коррупсия, ҳамоҳангсозии фаъолияти Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва мутобиқсозии он ба таҳдидҳои муосир, эълон намудани соли 2019 — Соли китоб ва масъалаҳои вобаста ба раёсат дар Иттиҳоду муайян намудани макон ва санаи баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои он табодули афкор намуданд.

Вобаста ба натиҷаҳои ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои узви ИДМ қарорҳои дахлдор қабул ва раёсат дар ИДМ дар соли 2018 ба ҷониби Тоҷикис­тон вогузор гардид.

www.president.tj