Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай

№139 (4245) 13.11.2020

50586677966_6308b57f1a_o10 ноябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки аз тариқи видеоконференсия баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар он, ҳамчунин, Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин, иҷрокунандаи вазифаи Президент, Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизис­тон Садир Жапаров, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Роман Головченко, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ, Президенти Муғулистон Халтмаалгийн Баттулга ва Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Владимир Норов иштирок намуданд.

Дар ҳошияи ҷаласа муроҷиати видеоии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш интишор гардид.

Дар ҷаласа, ки таҳти раёсати Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин доир шуд, ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои давлатҳо дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай ва масъалаҳои умдаи марбут ба вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тадбирҳои ҷониби Россия дар давраи раёсат дар Созмони ҳамкории Шанхай ёдовар шуда, таъкид намуданд ки ҷониби Тоҷикистон низ дар давраи раёсат дар Созмони ҳамкории Шанхай аз соли 2021 тамоми тадбирро амалӣ менамояд, то ки ҳамкории байнидавлатӣ дар доираи созмон ба марҳилаи наву босифат ворид гардида, чорабиниҳои нақшавии созмон, аз ҷумла, ҷаласаи ҷашнии Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе, дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор карда шавад.

Тавре таъкид шуд, ҷаласаи кунунии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар даврае баргузор мегардад, ки минтақа ва ҷаҳонро паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19 фаро гирифта, ба вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва молиявии аксар кишварҳои ҷаҳон, ҳамчунин, ба ҷараёни рушди муносибатҳои байнидавлатии давлатҳои аъзо дар соҳаҳои гуногуни ҳамкорӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо дарназардошти таъсири хатарҳои пешгӯйинашавандаи беморӣ ба иқтисодиёти давлатҳои минтақа ва ҷаҳон, зарурати рушди ҳамкориҳои байнидавлатиро дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, аз ҷумла, саноат, энергетика, нақлиёт, молия ва бонкдорӣ, илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, сайёҳӣ, ҷавонон ва варзиш таъкид намуда, таваҷҷуҳи роҳбарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба зарурати дарёфти роҳу усулҳои нави ҳамкориҳо дар ин соҳаҳо, ҳамчунин, муборизаи беамон бар зидди зуҳуроти номатлуби терроризму экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, бахусус, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва киберҷинояткорӣ, мусоидат ба татбиқи ташаббусҳои бузурги Тоҷикис­тон дар соҳаи обу экология ва дастгирию ҷонибдорӣ аз онҳо ҷалб намуданд.

Бо дарназардошти хатари афзояндаи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ки яке аз манбаъҳои маблағгузории терроризму экстремизми байналмилалӣ ба ҳисоб меравад ва афзоиши офатҳои табиӣ бар асари тағйирёбии босуръати иқлими сайёра, таъсири инсон ба табиат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомҳои ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати дар шаҳри Душанбе таъсис додани Маркази доимоамалкунандаи зиддимухадиротии Созмони ҳамкории Шанхай ва Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар доираи Рӯзномаи байналмилалии об бори дигар таъкид намуда, дар хусуси дастгирии онҳо аз ҷониби шарикони Тоҷикистон даъват ба амал оварданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, доир ба вазъи кунунии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва мусоидати давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар таъмини сулҳу субот ва рушди иқтисодию иҷтимоии ин давлат, тақвияти ҳамгироии созмон бо ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, бахусус, СММ, фикру мулоҳизаҳои судманд баён доштанд.

Дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Баёнияи Москва ва силсилаи ҳуҷҷатҳои марбут ба ҳамкориҳои ояндаи кишварҳои аъзо қабул гардиданд.

Инчунин, сарони давлатҳои аъзо ва роҳбарони давлатҳои нозиру мушоҳид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати интихоб шуданашон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар шодбош гуфта, дар фаъолияти роҳбарӣ комёбию муваффақиятҳои нав таманно намуданд.

Ҳамин тариқ, раёсат дар Созмони ҳамкории Шанхай аз Федератсияи Россия ба ҷониби Тоҷикистон гузашт ва солҳои 2020-2021 Шӯрои сарони давлатҳои аъзои онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раисӣ намуда, чорабиниҳои созмон таҳти раёсати Тоҷикистон баргузор мегарданд.

Маврид ба ёдоварист, ки соли 2021 ҳам ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ таҷлил мегардад ва ҳам дар шаҳри Душанбе чорабиниҳои сатҳи баланд бахшида ба 20-солагии таъсисёбии Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мешаванд.

www.president.tj