Ҷаласаи васеи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ

№176 (3477) 24.12.2015

23259487804_6c9a0a62b1_o21 декабри соли 2015 дар шаҳри Москва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аввал дар ҷаласаи хоса ва сипас, дар ҷаласаи васеи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ иштирок ва суханронӣ кард.

Дар ин ҳамоиш сарони давлатҳои аъзои СААД — Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Арманистон Серж Саргсян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев иштирок карданд.

Ба рӯзномаи маҷлис барои баррасӣ масъалаҳои доир ба вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва таҳкими амният ва суботи минтақавӣ, муборизаи дастаҷамъона бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ворид карда шуд.

Зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки «вазъи имрӯзаи ҷаҳон аз мо тақозо мекунад, ки барои муқовимат бо таҳдиду хатарҳои терроризму экстремизми байналмилалӣ тадбирҳои муассири дастаҷамъона андешем».

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки вазъи зудтағйирёбанда дар минтақа бо ҷалби неруҳои нав ҳолати мураккаби пешгӯйинашавандаро ба миён овардааст ва дар назди Созмон вазифаҳои нави бетаъхир мегузорад.

Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори нигаронӣ гуфт: «Барои давлатҳои аъзои СААД аз ҳама омили хатарнок он аст, ки дар муноқишаҳои низомии минтақа баъзе шаҳрвандони кишварҳои мо иштирок менамоянд» ва илова кард: «ҳамоиши имрӯза имкон медиҳад, ки мо сохторҳои марбутаи худро барои ҳамдастӣ ва табодули иттилоъ сафарбар намоем».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон инчунин зимни суханронӣ оид ба фош сохтани таблиғгарон, пешгирии ҷалби ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои тундрав, вазъи сарҳадҳои кишварҳои СААД, пурзӯр кардани неруҳои низомӣ барои мубориза бо хатарҳои нав андешаронӣ намуд.

Ба сатҳи баргузории машқҳои низомӣ дар қаламрави кишварҳои аъзо баҳои арзанда дода, таклиф намуд, ки минбаъд дар доираи Созмон барои дар ҳолати омодабош нигоҳ доштани қувваҳои мусаллаҳ чораандешӣ карда шавад.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки Тоҷикистон бо дарназардошти мавқеи худ, ки дар сафи пеши муқовимат қарор дорад, барои мубориза бо ин таҳдиду хатарҳо тамоми тадбирҳоро амалӣ менамояд.

Дар охири ҷаласаи ҳайатҳои васеъ Изҳороти сарони кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ доир ба муқовимати муштарак бар зидди терроризми байналмилалӣ ва як зумра санадҳои дигари муҳим ба имзо расиданд.

www.president.tj