Ҷаласаи xx Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ

№20 (4126) 13.02.2020

12 феврали соли 2020 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи XX Шӯро баргузор гардид, ки дар он масъалаҳо оид ба рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ, натиҷаҳои таҳлили рушди кластерӣ дар соҳаи агросаноатӣ ва масъалаҳои асосии лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимни баррасии онҳо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба амалисозии тадбирҳо доир ба устувор намудани мавқеи ҷумҳурӣ дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ», муосиргардонии хизматрасониҳои давлатӣ ба доираҳои тиҷоратӣ дар асоси роҳандозии ҳуҷҷатгузории электронӣ, содагардонии расмиёти фаъолияти соҳибкорӣ ва таъмини фазои мусоиди сармоягузорӣ дар кишвар, фаъолияти шӯроҳои машваратии минтақавӣ ва арзёбии фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, ташкили ҷойҳои нави кор ва фаъол гардонидани сармоягузории хусусӣ, ташкили рейтинги миллӣ, низоми электронии «Равзанаи ягона» барои амалиёти содиротию воридотӣ, таъмини сифати баланди алоқаи интернет барои роҳандозии хизматрасониҳои электронии давлатӣ, ташкил ва рушди занҷираи иловашудаи маҳсулоти ниҳоӣ (кластерӣ) дар бахши агросаноатии ҷумҳурӣ тибқи занҷираи «ашёи хом — истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ — дарёфти бозори фурӯш» ва дигар масъалаҳо ибрози назар намуданд.

Оид ба рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ гузориши котиби масъули Шӯро, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрализода Фаррух шунида шуд.

Дар ин робита, вобаста ба маротибаи чаҳорум ба даҳгонаи кишварҳои пешқадами ислоҳотгари ҷаҳон шомил гардидан ва 20 зина боло рафтани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар байни 190 кишвари ҷаҳон ҷои 106 — умро соҳиб шудани он дар арзёбии ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ» барои соли 2020, то декабри соли 2023 татбиқи меъёри пасткардашудаи андоз аз арзиши иловашуда дар соҳаи маориф 5 фоиз ва барои иҷрои корҳои сохтмонӣ 7 фоиз, ба муҳлати 6 сол аз пардохти андоз аз фоида (андози низоми содакардашуда), андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, андоз аз объектҳои ғайриманқул ва андози замин озод шудани субъектҳои хоҷагидории соҳаҳои парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорво, инчунин, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод намудани воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳаҳои парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва молҳои бевосита барои эҳтиёҷоти худи субъектҳои хоҷагидор дар соҳаҳои мазкур воридотшаванда, аз андоз аз арзиши иловашуда ва пардохтҳои гумрукӣ озод кардани воридоти чорвои хушзот ва гӯштӣ ва ҳама намуди хӯроки чорво, қабули «Тартиби аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ озод кардани воридоти ашёи хом барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ», аз 1 январи соли 2020 дар мақомоти андоз ба сифати соҳибкори инфиродӣ ройгон ба қайди давлатӣ гирифта шудани шахсони воқеӣ тибқи номгӯйи намудҳои фаъолият оид ба истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва аз пардохти андозҳо озод гардидани онҳо, аз 2 январи соли 2020 аз байн бардоштани боҷи давлатӣ барои бақайдгирии субъект­ҳои соҳибкорӣ ва коҳиш додани хароҷоти ин расмиёт, аз байн бардоштани меъёри 1 фоизи андоз аз фоида, тибқи механизми «Равзанаи ягона» оғоз гардидани фаъолияти Маркази амалигардонии «Равзанаи ягона, мониторинг ва кадастри шаҳрсозӣ» дар шаҳри Душанбе ва аз 1-уми марти соли 2019 дар реҷаи мустақим роҳандозӣ шудани қабули аризаи шаҳрвандон барои пешниҳоди шартҳои техникӣ ҷиҳати пайваст­шавӣ ба шабакаи таъмини қувваи барқ ва тибқи он дар давоми 10 рӯз баррасӣ гардидани он иттилоъ дода шуд.

Сипас, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Амонулло вобаста ба натиҷаҳои таҳлил оид ба рушди кластерӣ дар соҳаи агросаноатӣ баромад намуда, лоиҳаҳои Консепсия ва Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат оид ба рушди кластери агросаноатӣ, масъалаҳои марбут ба фароҳам овардани заминаҳои татбиқи стандарти байналмилалии ГЛОБАЛ ГЭП (GLOBAL G.A.P) — ро дар ҷумҳурӣ муаррифӣ намуд.

Вазири саноат ва технологияҳои нав Файзуллозода Заробиддин масъалаи таҳлили вазъи соҳаи саноати кишвар, муайян намудани имкониятҳои нави баланд бардоштани иқтидорҳои соҳаро барои баррасӣ ба ҷаласаҳои оянда пешниҳод кард, ки аз ҷониби аъзои Шӯро ҷонибдорӣ ёфт.

Инчунин, раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, роҳбари намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян Питер Олтерс, роҳбари намояндагии Агентии Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Сабине Олтҳоф, роҳбари намояндагии Барномаи озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Олег Гучгелдиев, узви Шӯрои машваратӣ, роҳбари ҶДММ «Ресандаи Тоҷикистон» Равзанабону Негматуллоева, раиси Ассотсиатсияи миллии истеҳсолкунандагони шир ва маҳсулоти ширии Тоҷикистон Умед Шомуродов ва дигарон баромад карда, андешаҳояшонро вобаста ба масъалаҳои баррасишуда иброз доштанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаро ҷамъбаст намуда, вобаста ба нуқтаҳои дар он зикргардида ба вазорату идораҳо, масъулини дахлдор дастуру супоришҳо ва ба шарикони рушд тавсияҳо доданд.

www.president.tj