Ҳафтуми марти соли 2017 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни Рӯзи Модар чун анъанаи накуи наврӯзӣ бо занону бонувони фаъоли кишвар мулоқоти судманду самимӣ доир карданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни ҷамъомад ва дар шахси онҳо тамоми модарону бонувони мамлакатро бо Рӯзи Модар ва оғози эҳёи табиат табрику таҳният гуфтанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон модарро офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши рӯҳу ҷон номиданд ва таъкид доштанд, ки маҳз ба ҳамин хотир мардуми тоҷик ва умуман, аҳли башар, ба ин тимсоли беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд.
Сабаби дар сатҳи давлатӣ ва ботантанаву шукӯҳи хоса ҷашн гирифтани Рӯзи Модарро Президенти мамлакат нишонаи эътибору эҳтироми зиёди Давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон арзёбӣ карданд. Сарвари давлат изҳор доштанд, ки нақши занону модарон дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расонидани фарзандон, ба онҳо омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст.
Аз ин хотир, Пешвои миллат ҳозирин ва кулли ҳамватанонро даъват намуданд, ки модарони худро дӯст доранд, нисбат ба онҳо меҳрубону ғамхор бошанд, иззаташонро ба ҷо оварда, ҳаргиз озорашон надиҳанд ва нигоҳи пур аз меҳру шафқатро аз онҳо дареғ надоранд.
www.president.tj