Ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 25 — солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

№25 - 26 (3819 - 3820) 27.02.2018

ЛОГО23 феврал дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъо­мади тантанавӣ ба ифтихори 25 — солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ҳайати шахсии ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва шаҳрвандони кишварро бо санаи муҳими таърихӣ 25 — солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.

Сарвари давлат аз роҳи пуршарафи тайкардаи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, ки аз сифр оғоз гардидаву ба як неруи пуриқтидори мудофиавӣ мубаддал гардидааст, ёдовар шуданд. Зикр гардид, ки ҳанӯз бисту панҷ сол пеш ба дӯши ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат сарнавишти давлат, тақдири миллат ва сулҳу суботи кишвар вогузор шуд ва имрӯз хизматчиёни ҳарбӣ аз уҳдаи иҷрои рисолати таърихии худ дар назди давлат ва халқи Тоҷикистон бо сарбаландӣ мебароянд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Ҳукумати мамлакат бо вуҷуди мушкилоти сахту сангини иқтисодиву молиявӣ ва вазъи мураккаби сиёсӣ аз нахустин рӯзҳои таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсус эътибори аввалиндараҷа дода, дар баробари омодасозии мутахассисони соҳа, ба ташкили воҳидҳои алоҳида ва таъминоти онҳо бо техникаву муҳимот ва таҷҳизоти муосир шурӯъ намуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид дош­танд, ки мақсади асосӣ аз таъсис додани Артиши миллӣ ташкили неруи ҳарбие буд, ки ба ҳифзи истиқлолияту озодии кишвар қодир бошад ва якпорчагиву тамомияти арзии онро таъмин намояд. Бо гузашти солҳо бо шарофати далериву шуҷоат ва фидокориву ҷоннисории хизматчиёни ҳарбӣ — фарзандони бонангу номуси Ватан дар кишвари азизамон ҳокимияти қонунӣ барқарор гардида, барои сулҳу суботи устувор заминаи мустаҳкам фароҳам оварда шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки ҳайати шахсии ҷузъу томҳои ҳарбии мамлакат анъанаҳои хуби Қувваҳои Мусаллаҳро идома бахшида, минбаъд низ рисолати худро ҷиҳати ҳифзи зиндагии осоишта ва заҳмати созандаи халқ бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир, рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба касби бошарафу муқаддаси худ сарбаландона иҷро менамояд. Ҳукумати мамлакат дар оянда низ ба масъалаи сатҳу сифати корҳои тарбиявӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисоси ҳарбӣ, ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва инсондӯстиву рафоқат тарбия кардани ҳайати шахсӣ, мустаҳкам гардонидани заминаи моддиву техникии ҷузъу томҳои низомӣ, тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар ва баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ диққати махсус хоҳад дод.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳайати шахсии ҷузъу томҳои низомии мамлакатро ба ифтихори биступанҷсолагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ табрик гуфта, ба онҳо саломативу сарбаландӣ ва дар роҳи ҳифзи Ватани соҳибистиқлоламон рӯҳи шикастнопазир ва иродаи қавӣ орзу карданд.

Ҷамъомади идонаро барномаи рангину пурмуҳтавои консертӣ бо иштироки аҳли ҳунару фарҳанги кишвар шукуҳи тоза бахшид, ки туҳфаи арзандае буд барои афсарону сарбозони содиқи ҷумҳурӣ.

www.president.tj