Ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати оғози кори агрегати аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун»

№140 (3934) 20.11.2018

30985265217_bc83d400f9_o17 ноябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе ­Рустами Эмомалӣ дар Наврӯзгоҳи пойтахт дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати оғози кори агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» иштирок ва суханронӣ карданд.

Сарвари давлат мардуми кишвар ва иштирокчиёни тантанаи идонаро бори дигар бо барқи аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» — чароғи равшани хонадони мардуми Тоҷикистон ва ояндаи дурахшони Ватани маҳбубамон табрику таҳният гуфта, таъкид доштанд, ки санаи оғози кори агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои сокинони Тоҷикистони соҳиб­истиқлол фаромӯшнашаванда ва рӯзи таърихӣ мебошад.

Пешвои миллат оид ба талошҳову тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ барои мусоидат ба рушди устувор ва таъмини зиндагии шоистаи мардум андешаронӣ карданд.

Зикр гардид, ки баъди барқарор шудани сулҳу субот дар кишвар, бо вуҷуди вазъи мушкили молиявию иқтисодии мамлакат, сохтмони неругоҳи азиму ҳаётан муҳим оғоз ёфт, зеро бидуни сохт­мони НБО-и «Роғун» талаботи мунтазам афзояндаи аҳолӣ ва соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишварро бо барқ қонеъ намудан ва рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии мамлакатро таъмин кардан ғайриимкон мебошад. Яъне, Неругоҳи барқи обии «Роғун» омили муҳимтарини рушду тараққиёти минбаъдаи Тоҷикис­тон ва зиндагии осудаи мардуми он ба ҳисоб меравад.

Маҳз бо мақсади таъмин намудани рушди босуботи кишвар ва мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ Ҳукумати кишвар тараққиёти соҳаи энергетикаи обиро самти муҳимтарину афзалиятноки сиёсати иқтисодӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикиро яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ эълон кард.

Таъкид гардид, ки афзоиши табиии шумораи аҳолӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, яъне рушди иқтисоди миллӣ ва афзудани талабот ба неруи барқ, тақозо мекунад, ки ҳаҷми истеҳсоли он дар кишвар афзоиш дода шавад. Дар 27 соли соҳибистиқлолӣ истифодаи неруи барқ аз ҷониби аҳолӣ сеюним баробар зиёд гардида, соли 2017 ба 5,7 миллиард киловатт — соат расид, яъне, имрӯз беш аз 42 фоизи истеъмоли дохилии неруи барқ ба аҳолии кишвар рост меояд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ташаккул додани маданияти сарфакорӣ дар байни аҳолиро яке аз омилҳои истифодаи оқилонаву пурсамари неруи барқ маънидод карданд.

Президенти мамлакат «Роғун» — ро манбаи нури ҳар як хонадон, гармии қалби ҳар як фарди Ватан, сарчашмаи иқболу сарбаландии мардуми тоҷик, кафолати рушди босуботи Тоҷикистон ва нуфузу обрӯи давлати соҳибихтиёри тоҷикон номида, ба онҳое, ки саҳми ватандӯстона дар бунёди ин иншооти бузурги аср гузоштаанд, миннатдорӣ баён намуданд.

Чорабинӣ ба муносибати оғози фаъолияти аввалин агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо барномаи бошукӯҳи консертӣ ва мушакпарронӣ идома ёфт.

www.president.tj