Ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик

№132 (3278) 11.11.2014

1891387_738325159571006_5340475367525593831_o

Даҳуми ноябри соли 2014 ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик дар Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷамъомади бошукӯҳи бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик бо ворид шудани Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба толор ва садо додани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз шуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ кулли кормандони мақомоти корҳои дохилии мамлакат ва ҳозиринро ба ифтихори ҷашни касбиашон — Рӯзи милитсияи тоҷик самимона табрик карда, аз ҷумла таъкид намуд, ки таъмини сулҳу субот ва оромиву тартиботи ҷамъиятӣ ба зиммаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, бахусус мақомоти корҳои дохилӣ вогузор гардида, онҳо аз иҷрои ин вазифаи муҳиму бошарафи худ бо сарбаландӣ мебароянд.

Тавре зикр карда шуд: «дар солҳои охир Ҳукумати мамлакат хусусан барои таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, муосиргардонии назорати тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳимояи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ба тарбияву такмили фарҳанги риояи қонуният диққати махсус дода, дар марҳалаҳои амалисозии ислоҳоти сохтори давлатӣ ислоҳоти мақомоти корҳои дохилии кишвар ва ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонидани фаъолияти онҳо низ мунтазам идома дода шуда, дар баробари дигар сохторҳои низомии кишвар, мақомоти корҳои дохилӣ имрӯз ба мақомоти дорои нуфузу эътибори хоса ва мактаби муҳими ба камол расонидани муҳофизони тартиботи ҷамъиятӣ табдил ёфтаанд».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шуҷоату мардонагии садҳо нафар кормандони содиқи мақомоти корҳои дохилӣ, ки барои таъмини сулҳу субот ва оромии ҷомеа ҷоннисорӣ кардаанд, ёдовар шуда, таъкид намуд, ки онҳо «дар шароити тезутунд гардидани вазъияти сиёсиву ҷиноӣ дар кишвар ҳимояи Ватан ва халқу миллатро аз ҳамаи арзишҳо боло дониста, барои таъмини ояндаи дурахшони кишвар ва зиндагии орому осудаи мардуми он талошҳои зиёд намуда, хотираи неки онҳо дар саҳифаҳои таърихи навини кишварамон абадан сабт гардидаанд.

Аснои суханронӣ Сарвари давлат изҳор дошт, ки Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таҳкими заминаи моддӣ-техникии мақомоти корҳои дохилӣ ва ҳамаи сохторҳои он пайваста тадбирҳои муассир андешида, барои ҳайати шахсӣ шароити мусоиди корӣ муҳайё карда шуда, дар таъмини таҷҳизоту воситаҳои муосири техникӣ ва бунёди иншооти замонавӣ диққати аввалиндараҷа медиҳад.

Таъкид шуд, ки дар панҷ соли охир 60 бино ва иншооти маъмурӣ, аз ҷумла Маҷмааи варзишии «Динамо», госпитали замонавӣ, Маркази назоратии «Шаҳри бехатар», бинои панҷошёнаи маъмурӣ барои дастаи таъиноти махсуси милитсия, бинову иншооти хизматрасонӣ дар қисми низомии 3502, инчунин якчанд иншооти соҳа дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва гурӯҳи ноҳияҳои Рашт ба истифода дода шуда, ҷиҳати омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳа бунёди Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуд.

Зикр гардид, ки то имрӯз 650 оилаи хизматчиёни милитсияи тоҷик бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва манзили истиқоматӣ таъмин гардидаанд ва ин раванд оянда низ идома дода мешавад. Маоши кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бошад, тӯли даҳсоли охир 20 маротиба зиёд карда шуда, дар ин самт давра ба давра тадбирҳои муҳим амалӣ карда хоҳад шуд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар кишвар беш аз 15 ҳазор ҷиноят ба қайд гирифта шуда, 13 ҳазори он аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ошкор гардидааст.

Сарвари давлат аснои суханронӣ изҳор дошт: «бо вуҷуди он ки ҳодисаҳои содиршавии ҷиноят назар ба соли гузашта дар маҷмӯъ 570 адад кам ба қайд гирифта шудаанд, вале сатҳи ошкоркунӣ 87 фоизро ташкил медиҳад ва андешидани чораҳои иловагӣ ва боз ҳам пурзӯр кардани корро дар ин самт тақозо менамояд».

Дар интиҳои суханронӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон «бори дигар кормандони мақомоти корҳои дохилиро бо иди касбиашон табрику таҳният гуфта, дар ҷодаи хизмати бошарафу пурмасъулият ба нафъи давлат, Ватан ва халқи Тоҷикистон ба ҳар яки онҳо саломатӣ, азму иродаи қавӣ ва барори кор орзу намуд».

www.president.tj