Ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар

№31 (4137) 12.03.2020

7 марти соли 2020 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» ба муносибати Рӯзи Модар бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ занону духтарони мамлакатро ба ин муносибат самимона шодбош гуфта, нақши зан — модари тоҷикро дар ҳифзи музаффариятҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории навини миллӣ бузургу беназир арзёбӣ намуданд.

Тавре зикр гардид, Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ рисолати инсонофариву ҳаётбахши модаронро ҳамеша қадр намуда, ба сиришти поку номи нек ва заҳмату фидокории онҳо дар ҳама соҳаи ҳаёти ҷомеа ҳамеша арҷ мегузорад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Рӯзи Модар дар Тоҷикистон муждаи оғози фасли баҳор ва фарорасии ҷашни Наврӯзи дилафрӯз буда, аз мутобиқати сиришти занону духтарони тоҷик ба зебоиву рангорангии табиати Тоҷикистон башорат медиҳад.

Заҳмати шарафманду хизмати содиқонаи занону духтарони тоҷик дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, сохтмони сарнавиштсози Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва саҳми бузурги онҳо дар рушди қонунгузорӣ, соҳибкорию тиҷорат, соҳаҳои энергетика, молияву бонкдорӣ, саноату кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ, варзиш, сайёҳӣ ва дигар самтҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат махсус таъкид карда шуд.

Баробари тарбияи фарзандон ва сарфаю сариштакорӣ дар оила, тозаву озода нигоҳ доштани манзили зист, ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ одат кунонидани аъзои хонавода, аз ҷумла, кӯдакону наврасон ва нигоҳ доштани саломативу тандурустии онҳо аз вазифаҳои аввалиндараҷаи зан-модар ва духтарони тоҷик, хусусан, дар деҳоти мамлакат, арзёбӣ гардид.

- Маҳз беэътиноӣ ба масъалаҳои тозагӣ, яъне, риоя накардани талаботи беҳдоштӣ (гигиенаи шахсӣ), сабаби асосии паҳншавии ҳар гуна бемории сироятӣ ба ҳисоб меравад, — таъкид доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва афзуданд: мардуми шарафманди тоҷик набояд ба таҳлука афтода, ба овозаҳои бардурӯғ ва ҳадафҳои манфиатхоҳонаи гурӯҳҳои ҳангоматалаб бовар кунанд, баръакс, ба маълумоте, ки аз тарафи мақомоти расмии давлатӣ ҳар рӯз аз тариқи воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла, шабакаҳои телевизион ва радио пешниҳод мегардад, такя намоянд ва ба ҷойи харидории миқдори зиёди хӯроквориву захирасозии он ба қоидаҳои беҳдошти шахсӣ, тозагӣ ва озода нигоҳ доштани манзили зист, ҷойи кор ва маҳалли истиқоматӣ эътибори ҷиддӣ диҳанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед намуданд, ки модарони шарафманди тоҷик ва бонувони матиниродаи мамлакат минбаъд низ дар татбиқи нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назаррас гузошта, барои мусоидат ба рушди деҳоти Тоҷикистон, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, тарбият, соҳибилм ва соҳибкасб намудани насли ҷавону ояндасози давлату миллат садоқатмандона талош меварзанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки занону бонувони тоҷик бо маърифати баланд ва дониши муосир метавонанд дар таҳияи қонунҳои мутобиқ ба талаботи давру замон дар сатҳи парлумони касбии мамлакат, тарбияи фарзанд, мусоидат ба солимии ҷомеа, танзими ҷашну маросим, ҷалби ҷомеа ба китобу китобхона ва ҳунаромӯзӣ, пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуби минтақа ва ҷаҳон нақши назаррас гузоранд.

- Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳунару истеъдод, кӯшишу ғайрат, қобилияти ташкилотчигӣ, маҳорату кордонӣ ва донишу фаросати модарону бонувони тоҷик эътимоди бузург дорад ва минбаъд низ барои қадршиносии заҳмати софдилонаи онҳо дар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа тадбирҳои амалӣ меандешад, — гуфтанд Пешвои миллат.

Сипас, барномаи консертии пурмуҳтаво баргузор гардид, ки фарогири васфи истиқлолу озодӣ, ватану ватандорӣ ва мақому манзалати зан-модар дар ҷомеа буд.

www.president.tj