Ҳамдардии Пешвои миллат бинобар даргузашти Низорамо Зарипова

№146 (4886) 02.12.2024

314711679_497587035737340_5386955302811269199_nРӯзи 30 ноябр яке аз шахсиятҳои маъруфи кишвар, арбоби давлатӣ ва ҷамъиятӣ Низорамо Зарипова дар синни 101-солагӣ аз дунё даргузашт.

Низорамо Зарипова солҳои тӯлонӣ дар вазифаҳои гуногуни мақомоти роҳбарикунанда ба давлат ва халқи Тоҷикистон содиқона хизмат карда буд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинобар даргузашти Низорамо Зарипова ба наздикону пайвандони ӯ ҳамдардӣ баён намуда, ба онҳо сабри ҷамил хостанд.