Шашуми декабри соли 2023 яке аз ходимони намоёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – собиқ мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрҳо, вакили Маҷлиси намояндагон, Раиси вилояти Хатлон, узви Маҷлиси миллӣ ва Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев дар синни 77-солагӣ вафот кард.
Ӯ дар тамоми давраи фаъолияти тӯлонии сиёсиву давлатии худ ба мардум ва давлати Тоҷикистон содиқона хизмат кард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинобар даргузашти Амиршо Миралиев ба аҳли оила ва наздикону пайвандони ӯ изҳори ҳамдардӣ намуданд.