10 августи соли 2016 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушовири амнияти миллии Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмарро ба ҳузур пазируфт.
- Аввалин заминае, ки маҳаки муносибатҳои моро бо Афғонистон муайян менамояд, асли ҳамсоягии нек мебошад, — изҳор дошт дар оғози суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки ҳамкорӣ бо Афғонистон дар феҳристи авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон қарор дорад.
Зимни суҳбати пурмуҳтаво мавзӯъҳои муҳими рӯзмарра, аз ҷумла тақвияти муборизаи муштарак ва беамон алайҳи терроризму ифротгаройӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҳамдастии босамар дар самти таҳкими низоми ҳифзи марзҳои байнидавлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин доир ба тарҳрезии иқдомоти ҷиддӣ ва муассир баҳри танзими фаъолияти гузаргоҳҳои сарҳадӣ дар пулҳои байнидавлатӣ, тақвияти ҳамоҳангии зичтари неруҳои сарҳадӣ ва таҳкими робитаю ҳамкории ниҳодҳои амниятӣ дар марҳалаи мураккаби афзоиши хатари терроризму экстремизми байналмилалӣ дар минтақа ва ҷаҳон табодули назар намуданд.
www.president.tj