Ҳамоиши панҷуми машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон

№70 (4020) 18.06.2019

48067788066_18ed6e89bc_o15 июни соли 2019 дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон баргузор гардид.

Барои иштирок дар он сарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва намояндагони воломақоми кишварҳои иштирокчӣ — Озарбойҷон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Шоҳигарии Баҳрайн, Ҷумҳурии Халқии Бангладеш, Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам, Ҷумҳурии Арабии Миср, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Шоҳигарии Ҳошимии Урдун, Ҷумҳурии Ироқ, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Қазоқис­тон, Давлати Қатар, Шоҳигарии Камбоҷа, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Қирғизистон, Муғулистон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Давлати Фаластин, Федератсияи Россия, Шоҳигарии Таиланд, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка, роҳбарону намояндагони давлатҳои нозир — Ҷумҳурии Индонезия, Ҷумҳурии Филиппин, Ҷумҳурии Беларус, Украина, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Япония, роҳбарони ташкилоту созмонҳои байналамилалии нозир ва шарик — Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Созмони байналмилалии муҳоҷират, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Ассамблеяи парламентии кишварҳои туркзабон, Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва меҳмони ҳамоиш — Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар «Кохи Наврӯз» ба ҳам омаданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо — Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонис­тон Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Наврӯз Исмоил оғлу Мамедов, Сарвазири Шоҳигарии Камбоҷа Хун Сен, ноиби Президенти Ҷумҳурии Ветнам хонум Данг Тхи Нгок Тхин, Президенти Ҷумҳурии Халқии Бангладеш Муҳаммад Абдул Ҳамид, Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Майтрипала Сирисена, Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Руҳонӣ, Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган, Президенти Ҷумҳурии Қирғизис­тон Сооронбой Жээнбеков, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва роҳбарони ташкилоту созмонҳои бонуфузи оламро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Маросими аксбардории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони давлат ва ҳайатҳо дар толорҳои «Дидор» ва «Аржанг»-и «Кохи Наврӯз» сурат гирифт.

Макони асосии баргузории ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё толори пурнақшу нигори «Зарандуд» интихоб гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ҳамоишро ифтитоҳ карда, иштирокчиёнро самимона хайра мақдам гуфтанд.

Пас аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон оид ба натиҷаҳои раёсати ҷониби Тоҷикистон дар Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё сарони давлатҳои аъзои машварат — Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Халқии Бангладеш Муҳаммад Абдул Ҳамид, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Руҳонӣ, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизис­тон Сооронбой Жээнбеков, Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Майтрипала Сирисена, Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон Шавкат Мирзиёев, Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонис­тон Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Наврӯз Исмоил оғлу Мамедов, Сарвазири Шоҳигарии Камбоҷа Хун Сен, ноиби Президенти Ҷумҳурии Ветнам хонум Данг Тхи Нгок Тхин, вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Баҳрайн Халид Аҳмад Муҳаммад Оли Халифа, роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои нозир ва ташкилоту созмонҳои бонуфузи олам суханронӣ карданд.

Баромадкунандагон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пазироии гарм, меҳмоннавозии самимӣ ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор кардани ҳамоиш изҳори сипос карда, ба натиҷаҳои раёсати Тоҷикистон баҳои баланд доданд.

Баъд аз анҷоми кори ҳамоиш аз ҷониби иштирокчиён «Эъломияи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё» қабул шуд.

Мавриди зикр аст, ки барои дар сатҳи баланди ташкилӣ доир кардани ҳамоиш пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе идона ороста шуда, ҷараёни онро 650 хабарнигори рӯзномаву маҷалла, радио, телевизион ва агентиҳои иттилоотӣ аз кишварҳои Тоҷикистон, Чин, Канада, Баҳрайн, АМА, Афғонистон, Эрон, Камбоҷа, Туркия, Ҳиндустон, Беларус, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Ветнам, Покистон, Бангладеш, Лубнон, Шри-Ланка, Қирғизистон, Россия, Ироқ ва ғайра инъикос карданд.

Ёдовар мешавем, ки Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё — ­МҲТБО, анҷумани байнидавлатӣ ва созмони минтақавиест, ки соли 1992 бо дастгирии СММ таъсис ёфта, баррасии масоили амният ва ҳамкорӣ дар қитъаи Осиё ва саҳмгузорӣ дар мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ аз ҳадафҳои асосии он аст.

Мақомоти олии қабули қарор ҳамоиши нишасти сарони кишварҳо ва ҳукуматҳои аъзо буда, он дар чор сол як маротиба баргузор мегардад.

Охирин ҳамоиш 21 майи соли 2014 дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардида буд ва роҳбарӣ ба он тирамоҳи соли 2018 аз Чин ба Тоҷикистон гузашт.

www.president.tj