1. Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор карда шавад.
2. Низомнома, ҳайати комиссия, ҷоизаҳо ва рӯйхати адабиёти тавсияшавандаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).
3. Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир гардидани озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин намуда, ғолибони озмун ва омӯзгорону падару модаронеро, ки шогирдону фарзандонашон дар даври ҷумҳуриявии озмун барандаи ҷоизаҳо шуданд, бо мукофоти моддӣ ва маънавӣ қадрдонӣ намоянд.
5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2021 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани чорабинии мазкур 2 835 000 (ду миллиону ҳаштсаду сию панҷ ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо намояд.
6. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи мақсадноки маблағи ҷудошударо таъмин карда, оид ба хароҷоти анҷомдодашуда ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.
7. Назорати иҷрои амри мазкур ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) гузошта шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 11 феврали соли 2021, №АП-43
Замимаи 1
ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 11 феврали соли 2021, №АП- 43
Низомномаи
озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» (минбаъд — озмун) таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 баргузор мешавад.
2. Озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо, ходимони илмӣ), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар) доир мегардад.
3. Озмун аз рӯйи панҷ номинатсия баргузор мешавад:
- адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ;
- адабиёти классикӣ;
- адабиёти муосир;
- адабиёти ҷаҳон;
- эҷоди назму наср.
4. Иштирокчиёни номинатсияҳо ба гурӯҳҳои зерин тақсим мешаванд:
-хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11);
- донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавру магистрҳо);
- аспиранту докторантҳо ва ходимони илмӣ ва адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ;
- омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (ҳакамони озмун дар ҳар як номинатсия ин се табақаро ба таври алоҳида ҷудо менамоянд).
2. САРПАРАСТ ВА МАСЪУЛОНИ ОЗМУН
5. Сарпарасти озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
6. Масъулони баргузории озмун вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон», Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошанд.
7. Кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар тарғиб, ҷалб ва ҷараёни баргузории озмун иштирок мекунанд.
8. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор кардани давраҳои якум, дуюм ва сеюми озмун масъул буда, ғолибон ва омӯзгорони онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд мегардонанд.
9. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ раёсат, шуъба ва бахшҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маориф, фарҳанг, ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ масъули ташкил ва баргузории озмун мебошанд.
3. КОМИССИЯИ ОЗМУН
10. Барои гузаронидани озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» комиссия таъсис дода шуда, ҳайати он бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
11. Салоҳияти комиссияи озмун:
- таҳияи ҷадвали баргузории озмун ва назорати он;
- тасдиқи тартиб, талабот ва тавзеҳот оид ба озмун;
- пешниҳоди ҳайати ҳакамон барои даврҳои сеюм ва чоруми озмун;
- якҷо бо ҳайати ҳакамон гузаронидани семинари машваратӣ;
- назорати риояи талабот ва пешниҳоди тавсияҳо ба довталабони озмун;
- омӯзиш ва тавсияи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшудаи иштирокчиёни озмун ба даври ниҳоӣ;
- баррасии пешниҳодҳои ҳайати ҳакамон ва арзу шикояти довталабон ва иштирокчиён;
- тасдиқ ва эълони натиҷаи хулосаи ҳайати ҳакамони озмун.
4. ТАРТИБИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУН
12. Озмун аз чор давр иборат буда, аз аввали моҳи майи соли 2021 то моҳи декабри соли 2021 ба таври зайл ташкил ва гузаронида мешавад:
- даври якум – моҳи май, дар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту муассисаҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;
- даври дуюм – моҳи июл, дар маркази мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ноҳияҳо (ба истиснои шаҳри Душанбе);
- даври сеюм – нимаи дуюми моҳи октябр, дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва шаҳри Душанбе;
- даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ барои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври сеюм моҳи декабр дар муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
13. Протоколи ҳайати ҳакамон ба комиссияи ҷумҳуриявӣ ба даври чорум бо имзои раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва раиси ҳакамон пешниҳод мешавад.
14. Ҷойи баргузории даврҳои озмун дар деҳот, шаҳрак, маркази шаҳру ноҳияҳо, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян карда мешавад.
15. Масъулияти баргузории даври якум, дуюм ва сеюм ба зиммаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вогузор карда мешавад.
16. Ҷараёни баргузории даврҳои якум, дуюм, сеюм ва чоруми озмун тавассути воситаҳои ахбори омма васеъ инъикос ва пахш карда мешавад.
17. Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ғолибони даври сеюм барои иштирок дар даври чорум ба комиссияи озмун то 20 ноябр муқаррар карда мешавад.
18. Миёни роҳбари муассисаи таълимӣ, омӯзгор ва довталаб (дар шахси падару модар ва ё сарпарасти ӯ) шартнома ҷиҳати омода намудани довталаб ба имзо расонида мешавад. Тартиби шартномаро Вазорати маориф ва илм омода карда, ба ҳамаи муассисаҳои таълимӣ мерасонад.
19. Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳо, Китобхонаи миллӣ ва Кумитаи телевизион ва радио масъули гузаронидани маросими тантанавии супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмун мебошанд.
5. ШАРТҲОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН
20. Дар озмун аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аспирантҳо, докторантҳо, ходимони илмӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок карда метавонанд. Як шахс танҳо дар як номинатсия иштирок карда метавонад.
21. Шартҳои ташкил ва баргузории озмун аз ҷониби комиссияи озмун назорат карда мешавад.
22. Дар вақти баҳогузорӣ ва холгузорӣ ба маҳорати хондан ва аз худ кардан бартарӣ дода мешавад. Иштирокчии озмун ба ҳайати ҳакамон маҳорату малака, қобилияти хондан ва аз худ кардани осори адибонро пешниҳод менамояд.
23. Аз ҷониби ҳайати ҳакамони озмун ба иштирокчӣ барои аъзои фаъоли китобхона будан ва ба ҳунари нақлу оҳанги ӯ низ хол дода мешавад.
24. Ба мавзӯъҳои Ватану ватандӯстӣ, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон, тавсифи ғояҳои Истиқлол, тараннуми дӯстию рафоқат, озодию осоиштагӣ, сулҳу субот, инъикоси саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории миллӣ, мавзӯи об ҳамчун сарчашмаи ҳаёт, инсондӯстӣ, хайру саховат, накукорӣ, васфи ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада, ишқи поки инсонӣ, эҳсонкорӣ ва тасвири табиати зебои Ватан бартарӣ дода мешавад.
25. Иштирокчии озмун дар интихоби забон зимни хондан ва аз худ кардани осори шифоҳӣ ва адабиёти кӯдакон, осори адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик ва адабиёти хориҷӣ (тарҷума ва ё асл) озод аст. Ба довталабоне, ки осори бадеии адибони ҷаҳонро бо забонҳои хориҷӣ пешниҳод менамоянд, бартарӣ дода мешавад.
26. Иштирокчии озмун метавонад аз намунаҳои эҷодиёти халқ, аз ҷумла афсона, қисса, рубоӣ, достон, чистон, тезгӯяк, латифа ва ғайра вобаста ба номинатсияи интихобкардааш истифода намояд.
27. Дар номинатсияи эҷоди назму наср хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна, олӣ ва баъд аз дипломӣ, ходимони илмӣ ва адабӣ, докторҳо аз рӯйи ихтисос ва калонсолони ҳамаи табақаҳои иҷтимоӣ иштирок менамоянд.
28. Эҷодиёти ғолибони даври сеюми номинатсияи эҷоди назму наср, ки дар даври чорум иштирок менамоянд, бо номи мустаор барои гирифтани тақриз ба мутахассисони босалоҳият, адабиётшиносону мунаққидон ва адибони шинохта фиристода шуда, хулосаҳои онҳо ҳангоми ҷамъбаст ба инобат гирифта мешаванд.
29. Ба номинатсияи эҷоди назму наср асарҳое пазируфта мешаванд, ки қаблан ба ягон озмуни дигар пешниҳод нашудаанд.
30. Дар даври чоруми озмун иштирокчӣ шарҳи мухтасари ҳоли худ, рӯйхати асарҳои хонда ва азбаркарда (нусхаи чопӣ ё дастнависи ашъори азёдкардашуда ва мазмуни мухтасари асарҳои мутолиакардаашро бо зикри муаллиф ва номи асар) бо гузоштани имзо ба комиссияи озмун ба таври ҳатмӣ пешниҳод менамояд (рӯйхати матнҳо ва асарҳои азбаршуда дар се нусха ба даври чорум пешниҳод карда мешавад).
31. Дар сурати ба талабот ҷавобгӯ набудани номгӯи асарҳо, мукаммал набудани матни шеъру достонҳо ва ё изофанависӣ намудани номгӯи асарҳо ва шеърҳо холи довталаб кам карда мешавад.
32. Ғолибони даври чоруми озмун, ки сазовори ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва барандаи Шоҳҷоиза гардиданд, то се сол дар озмунҳои солҳои минбаъда ҳуқуқи иштирок карданро надоранд.
33. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ суроға ва ҷойи баргузории озмунро ба довталабон тавассути воситаҳои ахбори омма ва масъулон эълон менамоянд.
6. ТАЛАБОТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ОЗМУН
34. Маҳорату истеъдоди иштирокчиёни озмун аз рӯйи хондани назм ва насри бадеӣ муайян карда мешавад:
- барои иштирокчиёни озмун хондани роман, повест, ҳикоя, новелла ва дигар жанрҳои адабӣ вобаста ба номинатсияи интихобкардааш иҷозат дода мешавад;
- иштирокчӣ дар хондани шеърҳо (ғазал, қасида, рубоӣ, дубайтӣ, порчаҳо аз достонҳо ва дигар жанрҳои лирикӣ) вобаста ба номинатсияи интихобкардааш озод аст;
- ба иштирокчӣ барои нақли афсона, латифа, қиссаю ривоят ва дигар навъҳои осори шифоҳии халқ вобаста ба номинатсияи интихобкардааш иҷозат дода мешавад;
- довталаби номинатсия асарҳои худро аз рӯйи навъҳои адабӣ, жанрҳо ва навъҳои анъанавӣ, нав, адабиёти кӯдак, насру драма пешниҳод менамояд.
35. Аз довталаби номинатсияи эҷоди назму наср таълифи як достони мукаммал дар вазнҳои анъанавӣ, 20 ғазал дар вазнҳои анъанавии арӯз, 20 рубоӣ, 10 дубайтӣ, 3 мухаммас, 2 мусаддас, 4 қасида, 5 шеъри сафед, 10 суруди ватандӯстона, 2 тарҷеъбанд, 2 таркиббанд, 5 ҳикоя, 2 эссе, 1 повест, 1 драма талаб карда мешавад.
7. МЕЪЁРИ АРЗЁБИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН
36. Ҳайати ҳакамони озмун ба дараҷаи маҳорат ва истеъдоди иштирокчиён аз рӯйи меъёрҳои зерин баҳо медиҳанд:
- барои таваҷҷуҳ ба мавзӯъҳои Ватану ватандӯстӣ, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон, тавсифи ғояҳои Истиқлолу озодӣ, инъикоси саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории миллӣ, мавзӯи об – сарчашмаи ҳаёт, инсондӯстӣ, хайру саховат, накукорӣ, васфи ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада, ишқи поки инсонӣ, эҳсонкорӣ, дӯстию бародарӣ, сулҳу субот, бунёди роҳу нақбҳо ва иншооти бузурги аср, корнамоиҳои фарзандони фарзонаи миллат дар бунёдкорию ободонӣ;
- барои қобилияти нақл ва тарзи қироат, шарҳи мухтасари асар, маълумот оид ба қаҳрамонони асар, баёни лаҳзаҳои ҷолиби асар, қобилияти озодбаёнӣ ва санъати суханварӣ, ҳунари ровигӣ, қобилияти луғатдонӣ ва шарҳи маънои луғавии вожаҳо, дарки дурусти мазмун ва муҳтавои асар, таассурот аз хондани асар.
37. Ба ҳар як довталаб барои муаррифии китобҳои хондааш ва нақлу хондани шеърҳо вақти озод дода мешавад.
38. Бо мақсади баҳогузорӣ намудан ба истеъдоди довталабон ҷадвали 10-хола муқаррар карда мешавад. Барои аз ёд хондани осори манзум бо шарҳу эзоҳи калимаҳо 10 хол, барои ҷавоби аз хуб болотар 8 хол, барои ҷавоби хуб то 6 хол, барои ҷавоби аз миёна беҳтар 4 хол, барои ҷавоби миёна 3 хол, барои ҷавоби заиф 2 хол гузошта шуда, барои ҷавоби ғайриқаноатбахш хол дода намешавад.
Барои шарҳи муфассалу баёни равшани осори насрӣ ва ҳунари баланди ровигӣ, инчунин тавзеҳи калимаҳо аз асарҳои мутолиашуда 10 хол, барои ҷавоби аз хуб болотар 8 хол, барои ҷавоби хуб то 6 хол, барои ҷавоби аз миёна беҳтар 4 хол, барои ҷавоби миёна 3 хол, барои ҷавоби заиф 2 хол гузошта шуда, барои ҷавоби ғайриқаноатбахш хол дода намешавад.
39. Ҳангоми баҳогузорӣ ба маҳорати довталаби эҷоди каломи бадеӣ, тарзи интихоби мавзӯву мундариҷа, риояи рукнҳои вазни арӯз, қофияву радиф, корбарии санъатҳои бадеӣ, интихоби таъбиру ибораҳо, миқдори луғатҳои нав ва мутобиқати шакл, бандубасти асари бадеӣ ва ба мазмуни асар диққат дода мешавад.
40. Довталаби бахши назм бояд дар мавзӯъҳои пешниҳодшуда бадеҳатан шеър гуфта тавонад. Байти аввал аз ҷониби ҳакамон пешниҳод мегардад ва идомаи онро дар ҳамон вазну қофия довталаб хаттӣ ё шифоҳӣ ҷавоб медиҳад. Дар ин номинатсия шахсоне метавонанд иштирок намоянд, ки аъзои Иттифоқи нависандагон набуда, шеърро хуб дарк менамоянд, завқи шоирӣ доранд, нозукиҳои шеърро аз бар кардаанд ва дар рӯзномаву маҷаллаҳои шаҳрӣ, ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ намунаи ашъорашон чоп шудааст. Довталаб ҳангоми иштирок дар озмун намунаҳои шеърҳои худро дар шакли чопӣ ва ё дастнавис пешниҳод менамояд. Қобилияти адиби насрнавис низ бо ҳамин тарз санҷида мешавад.
41. Асарҳои пешниҳодкардаи довталабони бахши эҷоди назму насрро аъзои ҳакамон инфиродӣ мутолиа карда, баъдан дар асоси тақризи пешниҳодшуда мавриди баҳогузорӣ қарор медиҳанд.
8. ҲАЙАТИ КОМИССИЯ ВА ҲАКАМОНИ ОЗМУН
42. Шумораи ҳайати комиссия дар асоси банди 10 Низомномаи мазкур муқаррар мегардад. Шумора ва ҳайати ҳакамонро комиссия муайян мекунад.
43. Ҳайати ҳакамони озмуни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро раисони ноҳия, шаҳр ва вилоят бо санади дахлдор тасдиқ менамояд ва он амалҳои зеринро иҷро мекунад:
- тибқи пешниҳоди комиссияи озмун маҳорату истеъдоди иштирокчиёнро натиҷагирӣ мекунад;
- холҳоро муқаррар карда, бо овоздиҳии кушода ғолибро муайян менамояд;
- протоколи натиҷаи озмунро бо имзои аъзои ҳакамон тасдиқ мекунад.
44. Ба ҳайати ҳакамони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, деҳоту шаҳрак намояндагони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, омӯзгорон, шоирону нависандагон, олимону рӯзноманигорон, роҳбарони китобхонаҳо, аъзои ҷамъияти китобдӯстон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ворид мешаванд. Шумораи ҳайати ҳакамон бо раису муовинонаш бояд тоқ бошад.
45. Хулосаи ҳайати ҳакамони даври чорум дар комиссияи озмун баррасӣ ва тасдиқ карда мешавад.
46. Комиссияи озмун натиҷаи ниҳоиро ҷамъбаст карда, онро барои маълумот ва шиносоӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
47. Намояндагони Вазорати маориф ва илм ба ҳакамони озмуни ноҳияҳо, шаҳрҳо ва вилоятҳо барои босифат баргузор шудани озмунҳо ёрии методӣ мерасонанд.
9. ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВИИ ОЗМУН
48. Хароҷоти даврҳои якум, дуюм, сеюм ва хароҷоти вобаста ба сафарбаркунии ғолибон ва омӯзгорони онҳо ба даври чоруми озмун, будубоши онҳо дар маҳалли баргузории озмун аз ҳисоби буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дигар сарчашмаҳои маблағгузории бо қонунгузорӣ манънагардида пардохт карда мешавад.
49. Ғолибони даври якум, дуюм, сеюми озмун ва омӯзгорони онҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ (Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ) ва ташкилотҳо ба таври моддию маънавӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.
50. Омӯзгороне, ки шогирдони онҳо дар даври чоруми озмун сазовори ҷойҳои якум мегарданд, бо нишони ифтихории «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонда мешаванд.
51. Омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки шогирдони худро аз даври якум то даври чоруми озмун омода менамоянд ва дар даври ниҳоӣ онҳо ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро соҳиб мешаванд, аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд.
52. Падару модароне, ки фарзандони онҳо дар даври чорум ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ба даст меоранд, соҳиби нишони «Маърифатпарвар» ва «Ифтихорнома»-и Китобхонаи миллӣ мегарданд. Шакл, андоза ва тартиби супоридани нишонро Вазорати маориф ва илм таҳия ва тасдиқ менамояд.
53. Хароҷоти баргузории чорабинии даври чоруми озмун аз суратҳисоби махсуси Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илм пардохт карда мешавад.
54. Ба ғолибони даври чорум ва омӯзгорони онҳо тибқи тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоиза ва мукофоти пулӣ дода мешавад.
55. Ҷоиза ва мукофоти пулии ғолибони озмун ва омӯзгорони онҳо дар маросими тантанавӣ аз ҷониби намояндаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешавад.
56. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тартиби додани мукофот ва ҷоизаро раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тасдиқ ва амалӣ менамоянд.
57. Барои ҳавасмандгардонии ғолибони ҳамаи даврҳои озмун ва омӯзгорони онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалби сарпарастон иҷозат дода мешавад.
10. ТАРТИБИ ИШТИРОК ДАР ДАВРИ НИҲОИИ ОЗМУН
58. Барои иштирок дар даври чоруми озмун ба комиссия ҳуҷҷатҳои зерин ба таври ҳатмӣ пешниҳод карда мешаванд:
- маълумоти мухтасар дар бораи иштирокчӣ;
- рӯйхати асарҳои мутолиашуда;
- миқдори ашъори азёдшуда;
- нусхаи чопӣ ва ё дастнависи шеърҳои азёдкарда, мазмуни мухтасари асарҳои насрии мутолиакарда бо зикри муаллиф ва номи асар (дар се нусха);
- нусхаи чопӣ ва ё дастнависи осори эҷодшуда (дар се нусха барои довталабони номинатсияи эҷоди назму наср);
- протоколи ҳайати ҳакамони даври сеюми озмун.
59. Дар сурати изофанависии номи асарҳо ва миқдори матнҳои азбаркарда холи довталаб кам карда мешавад.
11. ТАРТИБИ ДАРЁФТИ ШОҲҶОИЗА
60. Барои дарёфти Шоҳҷоиза довталабоне метавонанд иштирок намоянд, ки дар даври ҷумҳуриявӣ аз рӯйи номинатсияҳои пешниҳодшуда ҷойҳои якумро сазовор гардидаанд.
61. Шоҳҷоиза ба иштирокчие дода мешавад, ки аз чор номинатсия (адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти шифоҳӣ ва бачагона, адабиёти ҷаҳон) беш аз 70 фоизи осори назмию насрии тавсияшударо мутолиа ва ҳифз намудааст.
12. ИМТИЁЗҲО
62. Ғолибони даври чорум (ҷойҳои 1, 2, 3) ва барандаи Шоҳҷоиза баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёна ва олии касбӣ ба ихтисоси интихобкардаи худ, бе озмун, ба тариқи ройгон, ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва баъд аз муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар қабул карда мешаванд. Тартиби қабули ғолибони даври чоруми озмун ва барандаи Шоҳҷоизаро Вазорати маориф ва илм тибқи муқаррарот муайян менамояд.
63. Вазорати маориф ва илм протокол ва санадҳои ғолибони озмунро дар асоси таҳияи тартиби махсус барои 10 сол нигоҳдорӣ намуда, баъдан ба бойгонӣ месупорад.
Замимаи 2
ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 11 феврали соли 2021, №АП- 43
Ҳайати
комиссияи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа), раиси комиссия;
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси комиссия;
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, муовини раиси комиссия;
Директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси комиссия;
Муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиби комиссия.
Аъзои комиссия:
Сардори раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа;
Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Раиси Иттифоқи нависандагон;
Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ»;
Сармуҳаррири нашриёти «Адиб»;
Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
Ректори Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода;
Директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Мудири кафедраи адабиёти навини тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
Мудири кафедраи таърихи адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
Мудири кафедраи адабиёти ҷаҳони Донишгоҳи славянии Тоҷикистон ва Россия.
Замимаи 3
ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 11 феврали соли 2021, №АП- 43
Ҷоизаҳои
озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»
Барои ғолибони озмун ҷоизаҳо аз рӯйи чор гурӯҳ ва панҷ номинатсия ба таври зер муқаррар карда мешаванд:
1. Миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11):
- номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти классикии тоҷик
№ |
Маблағ барои як номинатсия |
Шумораи ҷоизагирандагон (нафар) |
Маблағи умумӣ (бо сомонӣ) |
|||||||||||||||||||||||||||||||
1 |
Ҷойи якум |
35 000 |
1 |
35 000 |
||||||||||||||||||||||||||||||
2 |
Ҷойи дуюм |
25 000 |
2 |
50 000 |
||||||||||||||||||||||||||||||
3 |
Ҷойи сеюм |
20 000 |
2 |
40 000 |
||||||||||||||||||||||||||||||
Ҳамагӣ |
5 |
125 000 |
||||||||||||||||||||||||||||||||
- номинатсияи хондан ва азёд кардани осори адабиёти муосири тоҷик ва осори шифоҳии халқи тоҷик
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||
- номинатсияи хондан ва азёд кардани осори адабиёти бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик
- номинатсияи хондан ва азёд кардани осори адибони ҷаҳон |
||||||||||||||||||||||||||||||||||
№ |
Маблағ барои як номинатсия |
Шумораи ҷоизагирандагон (нафар) |
Маблағи умумӣ (бо сомонӣ) |
|||||||||||||||||||||||||||||||
1 |
Ҷойи якум |
35 000 |
1 |
35 000 |
||||||||||||||||||||||||||||||
2 |
Ҷойи дуюм |
25 000 |
2 |
50 000 |
||||||||||||||||||||||||||||||
3 |
Ҷойи сеюм |
20 000 |
2 |
40 000 |
||||||||||||||||||||||||||||||
Ҳамагӣ |
5 |
125 000 |
||||||||||||||||||||||||||||||||
2. Донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавру магистрҳо):
- номинатсияи хондан ва азёд кардани осори адабиёти классикии тоҷик
№ |
Маблағ барои як номинатсия |
Шумораи ҷоизагирандагон (нафар) |
Маблағи умумӣ (бо сомонӣ) |
|||||||||||||||||||||||||||||||
1 |
Ҷойи якум |
35 000 |
1 |
35 000 |
||||||||||||||||||||||||||||||
2 |
Ҷойи дуюм |
25 000 |
2 |
50 000 |
||||||||||||||||||||||||||||||
3 |
Ҷойи сеюм |
20 000 |
2 |
40 000 |
||||||||||||||||||||||||||||||
Ҳамагӣ |
5 |
125 000 |
||||||||||||||||||||||||||||||||
- номинатсияи хондан ва азёд кардани осори адабиёти муосири тоҷик ва осори шифоҳии халқи тоҷик
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||
- номинатсияи хондан ва азёд кардани осори адабиёти бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик
- номинатсияи хондан ва азёд кардани осори адибони ҷаҳон |
||||||||||||||||||||||||||||||||||
№ |
Маблағ барои як номинатсия |
Шумораи ҷоизагирандагон (нафар) |
Маблағи умумӣ (бо сомонӣ) |
|||||||||||||||||||||||||||||||
1 |
Ҷойи якум |
35 000 |
1 |
35 000 |
||||||||||||||||||||||||||||||
2 |
Ҷойи дуюм |
25 000 |
2 |
50 000 |
||||||||||||||||||||||||||||||
3 |
Ҷойи сеюм |
20 000 |
2 |
40 000 |
||||||||||||||||||||||||||||||
Ҳамагӣ |
5 |
125 000 |
||||||||||||||||||||||||||||||||
3. Аспиранту докторантҳо ва ходимони илмӣ ва адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ:
- номинатсияи хондан ва азёд кардани осори адабиёти классикии тоҷик
№ |
Маблағ барои як номинатсия |
Шумораи ҷоизагирандагон (нафар) |
Маблағи умумӣ (бо сомонӣ) |
|
1 |
Ҷойи якум |
35 000 |
1 |
35 000 |
2 |
Ҷойи дуюм |
25 000 |
2 |
50 000 |
3 |
Ҷойи сеюм |
20 000 |
2 |
40 000 |
Ҳамагӣ |
5 |
125 000 |
- номинатсияи хондан ва азёд кардани осори адабиёти муосири тоҷик ва осори шифоҳии халқи тоҷик
№ |
Маблағ барои як номинатсия |
Шумораи ҷоизагирандагон (нафар) |
Маблағи умумӣ (бо сомонӣ) |
|
1 |
Ҷойи якум |
35 000 |
1 |
35 000 |
2 |
Ҷойи дуюм |
25 000 |
2 |
50 000 |
3 |
Ҷойи сеюм |
20 000 |
2 |
40 000 |
Ҳамагӣ |
5 |
125 000 |
- номинатсияи хондан ва азёд кардани осори адабиёти бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик
№ |
Маблағ барои як номинатсия |
Шумораи ҷоизагирандагон (нафар) |
Маблағи умумӣ (бо сомонӣ) |
|
1 |
Ҷойи якум |
35 000 |
1 |
35 000 |
2 |
Ҷойи дуюм |
25 000 |
2 |
50 000 |
3 |
Ҷойи сеюм |
20 000 |
2 |
40 000 |
Ҳамагӣ |
5 |
125 000 |
- номинатсияи хондан ва азёд кардани осори адибони ҷаҳон
№ |
Маблағ барои
як номинатсия |
Шумораи ҷоизагирандагон (нафар) |
Маблағи умумӣ (бо сомонӣ) |
|
1 |
Ҷойи якум |
35 000 |
1 |
35 000 |
2 |
Ҷойи дуюм |
25 000 |
2 |
50 000 |
3 |
Ҷойи сеюм |
20 000 |
2 |
40 000 |
Ҳамагӣ |
5 |
125 000 |
4. Омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун
- номинатсияи хондан ва азёд кардани осори адабиёти классикии тоҷик
№ |
Маблағ барои як номинатсия |
Шумораи ҷоизагирандагон (нафар) |
Маблағи умумӣ (бо сомонӣ) |
|||||||||||||||||||||||||||||||
1 |
Ҷойи якум |
35 000 |
1 |
35 000 |
||||||||||||||||||||||||||||||
2 |
Ҷойи дуюм |
25 000 |
2 |
50 000 |
||||||||||||||||||||||||||||||
3 |
Ҷойи сеюм |
20 000 |
2 |
40 000 |
||||||||||||||||||||||||||||||
Ҳамагӣ |
5 |
125 000 |
||||||||||||||||||||||||||||||||
- номинатсияи хондан ва азёд кардани осори адабиёти муосири тоҷик ва осори шифоҳии халқи тоҷик
- номинатсияи хондан ва азёд кардани осори адибони ҷаҳон |
||||||||||||||||||||||||||||||||||
№ |
Маблағ барои
як номинатсия |
Шумораи ҷоизагирандагон (нафар) |
Маблағи умумӣ (бо сомонӣ) |
|||||||||||||||||||||||||||||||
1 |
Ҷойи якум |
35 000 |
1 |
35 000 |
||||||||||||||||||||||||||||||
2 |
Ҷойи дуюм |
25 000 |
2 |
50 000 |
||||||||||||||||||||||||||||||
3 |
Ҷойи сеюм |
20 000 |
2 |
40 000 |
||||||||||||||||||||||||||||||
Ҳамагӣ |
5 |
125 000 |
||||||||||||||||||||||||||||||||
5. Номинатсияи эҷоди назму наср
Миёни довталабони номинатсияи эҷоди назму наср:
- дар бахши шеър — миёни хонандагон, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, ходимони илмӣ, адабӣ, докторантҳо, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони соҳаи фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар
№ |
Маблағ барои як номинатсия |
Шумораи ҷоизагирандагон (нафар) |
Маблағи умумӣ (бо сомонӣ) |
|
1 |
Ҷойи якум |
35 000 |
1 |
35 000 |
2 |
Ҷойи дуюм |
25 000 |
2 |
50 000 |
3 |
Ҷойи сеюм |
20 000 |
2 |
40 000 |
Ҳамагӣ |
5 |
125 000 |
- дар бахши наср – миёни хонандагон, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, ходимони илмӣ, адабӣ, аспирантҳо, докторантҳо, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар
№ |
Маблағ барои як номинатсия |
Шумораи ҷоизагирандагон (нафар) |
Маблағи умумӣ (бо сомонӣ) |
||
1 |
Ҷойи якум |
35 000 |
1 |
35 000 |
|
2 |
Ҷойи дуюм |
25 000 |
2 |
50 000 |
|
3 |
Ҷойи сеюм |
20 000 |
2 |
40 000 |
|
Ҳамагӣ |
5 |
125 000 |
|||
6. Маблағи умумӣ барои ҷойҳои 1, 2, 3-и озмун: | |||||
№ |
Маблағ барои як номинатсия |
Шумораи ҷоизагирандагон (нафар) |
Маблағи умумӣ (бо сомонӣ) |
||
1 |
Ҷойи якум |
35 000 |
18 |
630 000 |
|
2 |
Ҷойи дуюм |
25 000 |
36 |
900 000 |
|
3 |
Ҷойи сеюм |
20 000 |
36 |
720 000 |
|
Ҳамагӣ |
96 |
2 250 000 |
|||
7. Шоҳҷоизаи озмун:
№ |
Маблағ барои як номинатсия | Шумораи ҷоизагирандагон (нафар) |
Маблағи умумӣ (бо сомонӣ) |
|
1 |
Шоҳҷоиза |
70 000 |
1 |
70 000 |
8. Маблағ барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумие, ки шогирдонашон барандаи Шоҳҷоиза ва дар озмун ҷойҳои 1,2,3-ро мегиранд:
№ |
Маблағ барои як номинатсия |
Шумораи ҷоизагирандагон (нафар) |
Маблағи умумӣ (бо сомонӣ) |
|
1 |
Ҷойи якум, дуюм, сеюм |
10 000 |
26 |
260 000 |
Ҳамагӣ |
26 |
260 000 |
9. Хароҷоти дигар:
№ |
Маблағи умумӣ (бо сомонӣ) |
||
1 |
Хароҷотҳо барои омода кардани ҷомҳои шоҳҷоиза, ҷоизаҳо, дипломҳо ва хароҷоитҳои дигар |
255 000 |
10. Ҳамагӣ:
№ |
Шумораи умумӣ |
Маблағи умумӣ (бо сомонӣ) |
|
1 |
Барои ҷоизаҳо |
96 нафар |
2 250 000 |
2 |
Барои омӯзгорон |
26 нафар |
260 000 |
3 |
Шоҳҷоиза |
1 нафар |
70 000 |
4 |
Хароҷоти дигар |
255 000 |
|
Ҳамагӣ |
2 835 000 |
Замимаи 4
ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 11 феврали соли 2021, №АП- 43
Рӯйхати
адабиёти тавсияшаванда барои иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»
1. Номинатсияи хондан ва азёд кардани адабиёти кӯдакон ва наврасон, осори шифоҳӣ, порчаҳо аз осори манзуми адибони классикӣ ва муосири тоҷик:
- хондани афсонаҳои халқи тоҷик, ҳикоя аз «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт», «Гулистон», «Бӯстон»-и Саъдии Шерозӣ, «Баҳористон»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ, «Таҳзиб-ус-сибён»-и Садриддин Айнӣ ва латифаю ҳаҷвияҳои халқӣ;
- аз ёд кардани зарбулмасалу мақолҳои халқӣ, чистонҳо осори манзум аз шоирони барҷастаи классикӣ (аз осори Абуабдулло Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Бадриддини Ҳилолӣ, Абдулқодири Бедил, Зебунисо, Соиби Табрезӣ, Туғрал, Шамсиддин Шоҳин ва дигарон), инчунин аз ашъори бачагонаи устод Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Гулчеҳра Сулаймонова, Ғаффор Мирзо, Сайдалӣ Маъмур, Нӯъмон Розиқ, Убайд Раҷаб, Акобир Шарифӣ, Мавҷуда Ҳакимова, Алӣ Бобоҷон ва ҳикояву афсонаҳо ва қиссаву асарҳои хаёлии Аминҷон Шукӯҳӣ, Абдумалик Баҳорӣ, Нозирҷон Боҳирӣ, Ҷӯра Ҳошимӣ, Латофат Кенҷа, Юсуфҷон Аҳмадзода, Маҷид Салим ва дигар нависандагони маъруф.
2. Номинатсияи хондани қиссаву ривоятҳои халқӣ, асарҳои насрӣ ва азёд кардани осори адибони классикии тоҷик:
1) намунаҳои насри ривоятӣ: «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт», «Чаҳор дарвеш», «Ҳазору як шаб», «Тӯтинома», «Синдбоднома», «Калила ва Димна», «Самаки айёр», «Марзбоннома», «Абумуслимнома», «Доробнома» ва ғайра;
2) осори насри классикӣ: «Томирис ва Куруш», «Шерак», «Корномаи Ардашери Бобакон», «Калила ва Димна», «Ёдгори Зарирон», «Ёдгори Бузургмеҳр», «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус, «Сафарнома»-и Носири Хусрав, «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ, «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ, «Ахлоқи Муҳсинӣ», «Футувватномаи султонӣ», «Рисолаи Ҳотамия», «Анвори суҳайлӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Зайниддин Маҳмуди Восифӣ, «Дастур-ул-мулук»-и Самандархоҷаи Тирмизӣ, «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш, «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзо Сироҷи Ҳаким ва дигар нависандагони маъруф;
3) азёд кардани ашъори шоирон аз рӯйи жанр:
- ғазал - на кам аз 100 ғазал (аз Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ, Саноии Ғазнавӣ, Анварии Абевардӣ, Шайх Фаридаддини Аттор, Адиб Собири Тирмизӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Фахриддини Ироқӣ, Саъдии Шерозӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ҳасани Деҳлавӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Убайди Зоконӣ, Салмони Соваҷӣ, Хоҷуи Кирмонӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Камолиддини Биноӣ, Бадриддини Ҳилолӣ, Зайниддин Маҳмуди Восифӣ, Абдурраҳмони Мушфиқӣ, Сайидои Насафӣ, Шавкати Бухороӣ, Абдулқодири Бедил, Зебунисо, Соиби Табрезӣ, Калими Кошонӣ, Ғании Кашмирӣ, Толиби Омулӣ, Абдулқодирхоҷаи Савдо, Шамсиддин Шоҳин, Раҳматуллоҳи Возеҳ ва дигар шоирони маъруф);
- рубоӣ ва дубайтӣ - на кам аз 120 рубоӣ ва дубайтӣ (аз Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ, Абӯалӣ ибни Сино, Бобо Тоҳири Урён, Абусаиди Абулхайр, Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, Умари Хайём, Аттори Нишопурӣ Адиб Собири Тирмизӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Убайди Зоконӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Ҳилолӣ, Сайидо, Абдулқодири Бедил, Соиби Табрезӣ ва дигар шоирони маъруф);
- қасида - на кам аз 100 байт (аз Абӯабдулло Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ, Кисоии Марвазӣ, Унсурӣ, Фаррухии Сиистонӣ, Манучеҳрии Домғонӣ, Носири Хусрав, Масъуди Саъди Салмон, Анварии Абевардӣ, Адиб Собири Тирмизӣ, Хоқонии Шервонӣ, Ҳаким Саноии Ғазнавӣ, Камолиддин Исмоили Исфаҳонӣ, Аттори Нишопурӣ, Саъдии Шерозӣ, Хоҷуи Кирмонӣ, Салмони Соваҷӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Абдурраҳмони Мушфиқӣ, Абдулқодири Бедил, Шамсиддин Шоҳин ва дигар шоирони маъруф);
- порча аз достон — на кам аз 150 байт (аз Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ, Абумансури Дақиқӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Фахриддини Гургонӣ, Саноии Ғазнавӣ, Аттори Нишопурӣ, Низомии Ганҷавӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ҳоҷуи Кирмонӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Биноӣ, Бадриддин Ҳилолӣ, Абдурраҳмони Мушфиқӣ, Абдулқодири Бедил, Фитрати Зардӯзи Самарқандӣ, Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ, Мирзо Содиқи Муншӣ, Шамсиддин Шоҳин ва дигар шоирони маъруф);
- дигар навъҳои шеърӣ - қитъа, мухаммас, мусаммат, мусаллас, тарҷеъбанд, таркиббанд ва ғайра - 100 байт.
3. Номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик ва адабиёти шифоҳӣ:
1) азёд кардани рубоӣ, дубайтӣ, ғазал, порчаҳо аз достону маснавӣ ва сурудҳои халқӣ аз эҷодиёти даҳонакии халқ;
2) осори насрии адибони муосир – ҳикояҳо, новеллаҳо, повестҳо, романҳо, драмаҳо, пессаҳо, ёддоштҳо ва очеркҳои Садриддин Айнӣ, Ҳаким Карим, Пулод Толис, Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил, Сотим Улуғзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Абдумалик Баҳорӣ, Ҷумъа Одина, Муҳиддин Хоҷаев, Урун Кӯҳзод, Сорбон, Кароматулло Мирзоев, Саттор Турсун, Абдулҳамид Самад, Юсуф Акобир, Ҷонибек Акобир, Бароталӣ Абдураҳмон, Баҳманёр, Сайф Раҳим, Муҳаммадзамони Солеҳ, Муаззама, Маҷид Салим ва дигар нависандагони маъруф;
3) ашъори шоирони муосир:
- ғазал - на кам аз 100 ғазал аз эҷодиёти Садриддин Айнӣ, Туғрали Аҳрорӣ, Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Мирзо Турсунзода, Аминҷон Шукӯҳӣ, Боқӣ Раҳимзода, Мирсаид Миршакар, Абдусалом Деҳотӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Аскар Ҳаким, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Ҳақназар Ғоиб, Гулрухсор Сафиева, Гулназар Келдӣ, Сайдалӣ Маъмур, Ҳабибулло Файзулло, Ғаффор Мирзо, Муъмин Қаноат, Қутбӣ Киром, Ашӯр Сафар, Ғоиб Сафарзода, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Ширин Бунёд, Камол Насрулло, Низом Қосим, Муҳаммад Ғоиб, Ҳақназар Ғоиб, Ҳадиса Қурбонова, Меҳринисо, Фарзона, Рустами Ваҳҳоб, Искандари Хатлонӣ, Салими Хатлонӣ, Хайрандеш, Озарахш, Озар ва дигар шоирони маъруф;
- рубоӣ ва дубайтӣ - на кам аз 120 рубоӣ ва дубайтӣ аз эҷодиёти Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Аминҷон Шукӯҳӣ, Боқӣ Раҳимзода, Аскар Ҳаким, Лоиқ Шералӣ, Ҳақназар Ғоиб, Гулрухсор Сафиева, Гулназар Келдӣ, Ҳабибулло Файзулло, Мӯъмин Қаноат, Қутбӣ Киром, Ашӯр Сафар, Ғоиб Сафарзода, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Ширин Бунёд, Камол Насрулло, Низом Қосим, Муҳаммад Ғоиб, Ҳадиса Қурбонова, Доро Наҷот, Меҳринисо, Фарзона, Рустами Ваҳҳоб, Искандари Хатлонӣ, Хайрандеш, Озарахш, Озар ва дигар шоирони маъруф;
- порча аз достон - на кам аз 150 байт аз эҷодиёти Садриддин Айнӣ, Туғрали Аҳрорӣ, Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Аскар Ҳаким, Ҳақназар Ғоиб, Гулрухсор Сафиева, Сайдалӣ Маъмур, Ғаффор Мирзо, Мӯъмин Қаноат, Сафармуҳаммад Аюбӣ, Ҳадиса Қурбонова ва дигар шоирони маъруф;
- дигар навъҳои шеърӣ –100 байт аз шоирони муосири тоҷик.
4. Номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони ҷаҳон:
- осори насрӣ ва аз бар кардани на кам аз 800 байт аз эҷодиёти адибони ҷаҳон:
Адабиёти рус: дар бахши назм, наср ва драма – Александр Пушкин, М. Лермонтов; дар бахши масал — Иван Крилов, дар бахши назм, наср ва драма — Александр Грибоедов, Иван Бунин, Борис Пастернак, Александр Островский, Николай Гогол, Иван Тургенев, Федор Достоевский, Лев Толстой, Антон Чехов, Максим Горкий, Михаил Булгаков, Александр Блок, Владимир Маяковский, Анна Ахматова, Марина Светаева, Сергей Есенин, Андрей Платонов, Владимир Набоков, Михаил Шолохов, Александр Солженитсин, Василий Шукшин, Валентин Распутин, Андрей Волос.
Адабиёти Украина, Беларус ва назди Балтика: дар бахши назм, наср ва драма – Максим Танк, Эдуардас Межелайтис, Янка Купала, Тарас Шевченко, Леся Украинка, Якуб Колас, Юстинас Мартсинкявичюс, Олес Гончар, Йонас Авижюс, Юрий Ритхэу.
Адабиёти Осиёи Марказӣ (ӯзбек, туркман, қазоқ, қирғиз): дар бахши назму наср ва драма – Абай, Алишер Навоӣ, Машраб, Увайсӣ, Нодира, Фурқат, Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Ғафур Ғулом, Эркин Воҳидов, Олжас Сулаймонов, Абдулло Орипов, Абдулло Қодирӣ, Мухтор Авезов, Чингиз Айтматов.
Адабиёти Қафқоз: дар бахши назму наср ва драма — Шота Руставели, «Довуди Сосунӣ», Мирзо Фатҳалӣ Охундов, Хачатур Абовян, Аветик Исаакян, Расул Ҳамзатов, Отар Чиладзе, Самад Вурғун, Нодар Думбадзе, Грант Матевосян.
Адабиёти кишварҳои Амрико ва Канада: дар бахши назм, наср ва драма – Филип Френо (ИМА), Генри Уодсворт Лонгфелло (ИМА), Уолт Уитмен (ИМА), Вашингтон Ирвинг (ИМА), Ҷеймс Фенимор Купер (ИМА), Эдгар Аллан По (ИМА), Марк Твен (ИМА), Теодор Драйзер (ИМА), Ҷек Лондон (ИМА), Фрэнсис Скотт Фитсҷералд (ИМА), Вилям Фолкнер (ИМА), Эрнест Ҳемингуэй (ИМА), Маргарет Митчелл, Ҷон Стейнбек (ИМА), Рэй Брэдбери (ИМА), Курт Воннегут (ИМА), Харпер Ли (ИМА), Эдгар Лоуренс Доктороу (ИМА) Кормак Маккарти (ИМА), Кен Кизи (ИМА), Стивен Кинг (ИМА), Ҷонатан Франзен (ИМА), Маргарет Этвуд (Канада), Элис Манро (Канада).
Адабиёти Амрикои Лотинӣ: дар бахши назм, наср ва драма – Габриэла Мистрал (Чили), Пабло Неруда (Чили), Жоржи Амаду (Бразилия), Габриэл Гарсиа Маркес (Колумбия), Хорхе Луис Борхес (Аргентина), Мигел Астуриас (Гватемала), Марио Варгас Лйоса (Перу), Хулио Кортасар (Аргентина), Карлос Фуэнтес (Мексика).
Адабиёти кишварҳои Аврупо: дар бахши назм, наср ва драма – Данте (Италия), Федерико Гарсиа Лорка (Испания), Ҷованни Боккаччо (Италия), Ҷеймс Ҷойс (Ирландия), Вилям Шекспир (Англия), Иоганн Волфганг фон Гёте (Олмон), Виктор Гюго (Франсия), Ромен Роллан (Франсия), Франсуа Рабле (Франсия), Мигел Сервантес (Испания), Даниел Дефо (Англия), Валтер Скотт (Шотландия), Фредерик Стендал (Франсия), Ҷорҷ Байрон (Англия), Оноре де Балзак (Франсия), Александр Дюма (Франсия), Жорж Санд (Франсия), Ҳанс Кристиан Андерсен (Дания), Вилям Теккерей (Англия), Чарлз Диккенс (Англия), Гюстав Флобер (Франсия), Жюл Верн (Франсия), Эмил Золя (Франсия), Анатол Франс (Франсия), Ги де Мопассан (Франсия), Ҷорҷ Бернард Шоу (Англия), Артур Конан Дойл (Англия), Этел Лилиан Войнич (Англия), Редярд Киплинг (Англия), Марсел Пруст (Франсия), Вирҷиния Вулф (Англия), Франс Кафка (Австрия), Грэм Грин (Англия), Жан-Пол Сартр (Франсия), Албер Камю (Франсия), Дэвид Митчелл (Англия), Ҷоан Роулинг (Англия), Генрик Ибсен (Норвегия), Шарлотта Бронте (Англия), Эмили Бронте (Англия), Люис Кэрролл (Англия), Рафаэлло Ҷованолли (Италия), Болеслав Прус (Лаҳистон), Герман Гессе (Олмон), Сомерсет Моэм (Англия), Ярослав Гашек (Чехия), Кадзуо Исигуро (Япония-Англия), Меша Селимович (Сербия-Босния-Герсеговина), Жозе Сарамаго (Португалия), Олдос Хаксли (Англия), Эрих Мария Ремарк (Олмон), Антуан де Сент-Экзюпери (Франсия), Ҷорҷ Оруэлл (Англия).
Адибони Эрону Афғонистон, Ҳиндустон ва Покистон: дар бахши назм, наср ва драма – Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ (Покистон), Маликушшуаро Баҳор (Эрон), Нимо Юшич (Эрон), Эраҷ Мирзо (Эрон), Парвини Эътисомӣ (Эрон), Халилуллоҳи Халилӣ (Афғонистон), Зиё Қоризода (Афғонистон), Аҳмади Шомлу (Эрон), Суҳроби Сипеҳрӣ (Эрон), Нодири Нодирпур (Эрон), Бориқ Шафеӣ (Афғонистон), Фурӯғи Фаррухзод (Эрон), Нусрати Раҳмонӣ (Эрон), Восифи Бохтарӣ (Афғонистон), дар бахши наср — Муртазо Мушфиқ Козимӣ (Эрон), Содиқ Ҳидоят (Эрон), Бузург Алавӣ (Эрон), Симин Донишвар (Эрон), Ҳушанг Гулширӣ (Эрон), Маҳмуди Давлатободӣ (Эрон), Аббос Маъруфӣ (Эрон), Робиндранат Такур (Ҳиндустон), Прем Чанд (Ҳиндустон).
Адабиёти Осиё ва кишварҳои арабӣ: дар бахши назм, наср ва драма — Рюноскэ Акутагава (Япония), Кобо Абэ (Япония), Лу Син (Чин), Мо Ян (Чин), Ҷуброн Халил Ҷуброн (Лубнон), Нақиб Маҳфуз (Ҷумҳурии Мисри Араб), Азиз Несин (Туркия), Иброҳим Ал-Куни (Лубнон), Маҳмуд Саид (Ироқ), Муҳаммад Зифзоф (Марокаш).