Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

№25-26 (4287-4288) 25.02.2021

1. Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2021 баргузор карда шавад.

2. Низомнома, ҳайати комиссия ва ҷоизаҳои Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).

3. Вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир гардидани озмун тадбир андешанд.

4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин намуда, барои ҷалби бештари дӯстдорони санъату мусиқӣ ҷораҷӯӣ карда, ғолибони даврҳои якум, дуюм ва омӯзгорони онҳоро бо мукофотҳои моддӣ ва маънавӣ қадрдонӣ  намоянд.

5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маб­лағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2021 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ кардани чорабинии мазкур 2 540 000 (ду миллиону панҷсаду чил ҳазор)  сомонӣ ба таври нақд ҷудо намояд.

6. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  истифодаи мақсадноки маблағи ҷудошударо таъмин карда, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи хароҷоти анҷомдодаро пешниҳод намояд.

7. Назорати иҷрои амри мазкур ба зиммаи муовини Сарвазири  Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа)  гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон           Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 11 феврали соли 2021, №АП-42

Замимаи 1

ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 11 феврали соли  2021, №АП — 42

Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман»

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ 

1. Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» (минбаъд — озмун) ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

2. Озмун бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд гузаронида мешавад.

3. Мазмун ва ғояи асосии суруду оҳанг ва асарҳои мусиқиро, ки ба озмун пешниҳод мешаванд, тараннуми шахсиятҳои барҷастаи халқи тоҷик, дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ, арҷ гузоштан ба анъанаҳои милливу мероси пурғановати ниёгон дар бар мегирад.

 2. САРПАРАСТ ВА МАСЪУЛОНИ ОЗМУН

4. Сарпарасти озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

5. Масъулони баргузории озмун вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, кумитаҳои телевизион ва радио, Иттифоқи композиторони Тоҷикистон мебошанд.

6. Кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, занон ва оила ҷиҳати ҷалби наврасон, ҷавонон ва занони боистеъдод ба озмун мусоидат менамоянд.

7. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, раёсат, шуъба ва бахшҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маориф, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш, занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ масъули ташкил ва баргузории озмун мебошанд.

3. КОМИССИЯИ ОЗМУН

8. Барои гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» комиссия таъсис дода мешавад.

9. Салоҳияти Комиссияи озмун:

- таҳияи ҷадвали баргузории озмун ва назорати он;

- тасдиқи тартиб, талабот ва тавзеҳот оид ба озмун;

- пешниҳоди ҳайати ҳакамон барои даврҳои дуюм ва сеюми озмун;

- якҷо бо ҳайати ҳакамон гузаронидани семинари машваратӣ;

- интихоби дурусти асарҳои мусиқӣ;

- назорати риояи талабот ва пешниҳоди тавсияҳо ба довталабони озмун;

- омӯзиш ва тавсияи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшудаи иштирокчиёни озмун ба даври ниҳоӣ;

- баррасии пешниҳодҳои ҳайати ҳакамон ва арзу шикояти довталабон ва иштирокчиён;

- тасдиқ ва эълони натиҷаи хулосаи ҳайати ҳакамони озмун.

4. ТАРТИБИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУН

10. Озмуни мазкур дар се давр гузаронида мешавад:

- даври якум — моҳи  май-июни соли 2021 дар маркази шаҳру ноҳияҳо;

- даври дуюм — моҳи июл – нимаи аввали моҳи августи соли 2021 дар марказҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рашт;

- даври сеюм — то 16 ноябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, бо супоридани ҷоизаву дипломҳо ҷамъбаст мешавад.

11. Корҳои ташкилӣ барои баргузор кардани даври дуюми озмун ба зиммаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рашт вогузор мегардад.

12. Протоколи ҳайати ҳакамон ба комиссияи ҷумҳуриявӣ ба даври сеюм бо имзои раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои Ҳисору Рашт ва раиси ҳакамон пешниҳод мешавад.

13. Ҳуҷҷатҳои ғолибони даври дуюм аз ҷониби ҳайати ҳакамон бо протоколҳои расмӣ тасдиқ шуда, барои иштирок дар даври сеюм ба комиссияи озмун  пешниҳод карда мешаванд.

14. Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ғолибони даври дуюм ба даври сеюм то 30 октябр муқаррар карда мешавад.

15. Рафти даврҳои озмун тавассути васоити ахбори омма ва шабакаҳои телевизиону радио тарғиб карда мешаванд.

5. ШАРТҲОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН

16. Ба озмун, қабл аз ҳама, асарҳои тозаэҷоди композиторони ватанӣ ва инчунин асарҳо аз осори беҳтарини мусиқии классикии ватаниву ҷаҳонӣ дар жанрҳои мусиқии суннатӣ, академӣ ва эстрадӣ пешниҳод мешаванд.

17. Озмун дар байни гурӯҳҳои зерин доир мегардад:

- хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии мусиқии касбӣ, гурӯҳҳои касбӣ, сарояндагону навозандагони филармонияҳои халқӣ, театрҳои халқӣ, дастаҳои ҳунарии назди раёсат, шуъбаву бахшҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ансамблҳои ҳунарӣ, оилавӣ (минбаъд – гурӯҳи касбӣ);

- хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва баъд аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, ходимони илмӣ ва эҷодӣ (минбаъд – гурӯҳи ҳаваскорон).

18. Барои ҳар як гурӯҳ меъёрҳои озмунро комиссияи озмун дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанг муқаррар менамояд.

19. Дар озмун шахсони шинохтаи санъати мусиқӣ, сарояндагону навозандагони унвондору касбӣ иштирок намекунанд. Ҳамзамон як шахс дар ду номинатсия ширкат варзида наметавонад.

20. Ғолибони озмун бо Ҷоизаи ифтихорӣ, ҷоизаҳои якум, дуюм ва сеюм, диплом ва мукофотпулиҳо сарфароз гардонида мешаванд.

21. Ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» (лауреатҳои Ҷоизаи ифтихорӣ, ҷоизаҳои якум, дуюм ва сеюм) баъди се сол ҳуқуқи иштирок дар озмуни навбатиро пайдо мекунанд.

22. Раддабандии синнусолӣ (барои иштирокчиёни гурӯҳи касбӣ) ба таври зайл тақсимбандӣ мегардад:

- аз 12 то 17- сола;

- аз 18 то 40 — сола.

23.  Дар озмун истифодаи фонограмма қатъиян манъ аст.

24. Теъдоди иштирокчиёни даври якум бемаҳдуд буда, ғолибони даври якум ба даври дуюм, ғолибони даври дуюм ба даври сеюм роҳхат мегиранд.

25. Миёни роҳбари муассисаи таълимӣ, омӯзгор ва довталаб (дар шахси падару модар ва ё сарпарасти ӯ) шартнома ҷиҳати омода намудани довталаб ба имзо расонида мешавад. Тартиби шартномаро Вазорати фарҳанг омода карда, ба ҳамаи муассисаҳои таълимӣ мерасонад.

26. Баромади иштирокчиёни озмун дар даврҳои дуюм ва сеюм тибқи қуръапартоӣ сурат мегирад.

6. НОМИНАТСИЯҲО ВА ТАЛАБОТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ОЗМУН

27. Озмун аз рӯи номинатсияҳои зерин гузаронида мешавад:

- композиторӣ;

- сарояндагӣ;

- навозандагӣ.

28. Дар ҳар се номинатсия асарҳое пешниҳод мегарданд, ки дар мавзӯи зебоии табиати Тоҷикистон, ишқу ҷавонӣ, васфи Ватану ватандӯстӣ, ғояҳои Истиқлолу Озодӣ, сулҳу субот, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон, тараннуми симоҳои барҷастаи миллат, ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада, об ҳамчун манбаи ҳаёт ва ободӣ ва ғайра таълиф шудаанд.

29. Ҳар як номинатсия дорои талаботи махсуси касбӣ мебошад.

1) талаботи номинатсияи композиторӣ:

- дар ин номинатсия иштирокчиён бояд дорои таҳсилоти миёнаи махсуси мусиқӣ ва олии мусиқӣ, инчунин намояндагони мактаби суннатии устод-шогирд (бо нишондоди мушаххаси мактаб ва устод) бошанд;

- иштирокчиёни номинатсияи композиторӣ асарҳои худро метавонанд дар жанрҳои дилхоҳи худ бо истифодаи жанрҳои камеравӣ, калонҳаҷм, консерт, фантазия, поэма, сонато, сонатино, вариатсия, пйеса, ариозо, романс, суруд, кантата (симфонӣ, балет, опера, оперетта, оратория – барои мутахассисони калонсол), инчунин дар жанрҳои хосаи мусиқии анъанавӣ ва мусиқии эстрадӣ пешниҳод намоянд;

- иштирокчӣ ба ҳар давр як асар (ҳамагӣ 3 асар)-ро пешниҳод менамояд. Дар ин номинатсия аз довталаб коллоквиуми тахассусӣ гирифта мешавад. Тақризи касбӣ ба ҳар як асари пешниҳодшуда ҳатмӣ мебошад;

- асарҳо дар шакли клавир, партитура ё сабти нотавии шакли дигар (хусусан барои жанрҳои суннатӣ) ба комиссияи озмун пешниҳод карда мешаванд;

- дар даври дуюм ва даври сеюм асарҳо дар шакли мусиқии зинда (иҷрои амалӣ) баррасӣ мегарданд;

- ҳангоми баҳогузорӣ ҳар як аъзои ҳакамон уҳдадор аст, ки ба техникаи композиторӣ (тарзи созбандӣ, фактура, хусусиятҳои драматургиву композитсионӣ), мутобиқати мавзӯъ ба жанр, ҳамоҳангии матни шеърӣ ба мусиқӣ ва ғайраҳо аҳамият диҳад;

- хоҳишмандон аз гурӯҳи ҳаваскорон барои иштирок кардан дар ин бахш бо тариқи ариза муроҷиат намуда, баъди гузаштан аз коллоквиуми тахассусӣ имкони иштирокро пайдо менамоянд;

2) талаботи номинатсияи сарояндагӣ:

- дар иҷрои барномаи сароянда маҳорати касбӣ, талаффузи бурро, тарзи баён, нафаси равон, диапазони васеи овоз, тақсимбандии дурусти ҳиҷоҳо, саҳназебӣ, либоси саҳнавӣ, одоб ва ҳаракати саҳнавӣ, ҷалби шунаванда ва самимияти сарояндагӣ ба эътибор гирифта мешавад;

- иштирокчӣ ба ҳар давр як асар (ҳамагӣ 3 асар)-ро дар жанрҳои гуногун пешниҳод менамояд;

- иштирокчӣ метавонад барномаи худро аз асарҳо дар жанрҳои суруд, романс, ария, ариозо, жанрҳои дигари мусиқии камеравии вокалӣ аз осори композиторони ватанӣ ва ҷаҳонӣ, инчунин жанрҳои дахлдори мусиқии суннатӣ (аз шашмақом, фалак, мақомҳои маҳаллӣ ва ғайраҳо) ва мусиқии эстрадӣ мураттаб созад;

- дар ин номинатсия пешниҳоди силсилавӣ низ иҷозат дода мешавад;

- дар пешниҳоди сарояндагӣ ба шеърҳои муосир, хусусан истифодаи шеърҳо аз баёзҳои тозанашр, афзалият дода мешавад;

3) талаботи номинатсияи навозандагӣ:

- дар баромади навозанда маҳорати касбӣ, интихоби арзишманди асари мусиқӣ, мазмун ва жанри асар, хушсадоӣ, техникаи садобарорӣ, дилнишинии сабки навозандагӣ, одоби саҳнавӣ, симои зоҳирӣ, эҳсосоти зарбиву оҳангӣ, самимият ва аслияти сабки навозандагӣ ба эътибор гирифта мешаванд;

- иштирокчӣ ба ҳар давр як асар (ҳамагӣ 3 асар)-ро пешниҳод менамояд, ки онҳо бояд ба жанрҳои гуногун тааллуқ дошта бошанд;

- иштирокчӣ метавонад барномаи худро аз асарҳо дар жанрҳои гуногуни мусиқии полифонӣ, соната, вариатсия, консерт, пйесаи консертӣ, жанрҳои дигари мусиқии камеравии созӣ аз осори композиторони ватанӣ ва ҷаҳонӣ, инчунин жанрҳои дахлдори мусиқии суннатӣ (аз шашмақом, фалак, мақомҳои маҳаллӣ ва ғайра) ва мусиқии эстрадӣ мураттаб созад;

- дар ин номинатсия пешниҳоди силсилавӣ низ иҷозат дода мешавад;

- дар пешниҳоди навозандагон ба сабкҳои аслии санъати навозандагии тоҷик афзалият дода мешавад.

30. Регламенти баромади довталаб дар даври дуюм то 5 дақиқа ва дар даври сеюм то 10 дақиқа муайян мегардад.

7. ҲАЙАТИ ҲАКАМОН

31. Ҳайати ҳакамони даври якум аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз ҳисоби мусиқишиносон, композиторон, санъатшиносон, омӯзгорони муассисаҳои махсуси санъати мусиқӣ дар мувофиқа бо Вазорати фарҳанг интихоб гардида, ҳайати ҳакамони даврҳои дуюму сеюм бо пешниҳоди Вазорати фарҳанг ва Иттифоқи композиторон аз ҷониби комиссияи озмуни ҷумҳуриявӣ тасдиқ карда мешаванд.

32. Ҳайати ҳакамон аз рӯи меъёри аз 5 то 10 хол тариқи овоздиҳии пӯшида ғолибонро муайян мекунад.

33. Комиссияи озмун дар ҳолати ҷавобгӯ набудани хулосаи ҳайати ҳакамон ба талаботи Низомномаи мазкур (дар ҳолатҳои истисноӣ ва ё муайян гардидани иштибоҳоти техникӣ) ҳуқуқи бекор кардани онро дорад.

8. ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВИИ ОЗМУН

 34. Хароҷоти даврҳои якум, дуюм ва сеюми озмун вобаста ба сафарбаркунии ғолибон ва омӯзгорони онҳо, будубош дар маҳалли баргузории озмун аз ҳисоби буҷети мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, хароҷоти иловагии даври ниҳоӣ аз ҳисоби маблағи Вазорати фарҳанг  ва дигар сарчашмаҳои маблағгузории бо қонунгузорӣ манънагардида пардохт карда мешавад.

35. Ғолибони даври якум, дуюми озмун ва омӯзгорони онҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ (Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ) ва ташкилоту муассисаҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, ба таври моддию маънавӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.

36. Омӯзгороне, ки шогирдони онҳо дар даври сеюми озмун сазовори ҷойҳои якум мегарданд, бо нишони ифтихории «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида мешаванд.

37. Ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври сеюм аз номинатсияи композиторӣ ба аъзогии Иттифоқи композиторони Тоҷикистон пешниҳод мегарданд.

38. Омӯзгороне, ки  шогирдони худро дар радабандии синнусолии аз 12 то 17 – сола  аз даври якум то даври сеюми озмун омода менамоянд ва дар даври ниҳоӣ онҳо соҳиби Ҷоизаи ифтихорӣ ва ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро сазовор мешаванд, аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд.

39. Ба ғолибони даври сеюм ва омӯзгорони онҳо, тибқи тартиби муқарраргардида, аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоиза ва мукофоти пулӣ дода мешавад.

40. Рӯйхати ғолибони даври сеюм аз ҷониби комиссияи озмун дар асоси протокол тасдиқ гардида, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мувофиқа пешниҳод мешавад.

41. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тартиби додани мукофот ва ҷоизаро раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тасдиқ ва амалӣ менамоянд.

42. Барои ҳавасмандгардонии ғолибони ҳамаи даврҳои озмун ва омӯзгорони онҳо, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби сарпарастон иҷозат дода мешавад.

9. ТАРТИБИ ИШТИРОК ДАР ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУН

43. Барои иштирок дар даври сеюми озмун ба комиссия ҳуҷҷатҳои зерин ба таври ҳатмӣ пешниҳод карда мешаванд:

- маълумот дар бораи довталаб;

- асарҳо дар шакли ҳомили электронӣ;

- сабти нотавӣ (тибқи талаботи озмун);

- матни шеърҳо дар се нусха;

- нусхаи диплом оид ба таҳсилоти махсуси миёна ва ё олии мусиқӣ (барои гурӯҳи касбӣ).

44. Ҳуҷҷатҳо оид ба ҷамъбасти даври сеюм бо протоколҳои расмӣ аз ҷониби ҳайати ҳакамон тасдиқ гардида, комиссияи озмун онро баррасӣ менамояд.

45. Довталабоне, ки дар даври сеюм ғолиб намебароянд, бо диплом ва ифтихорнома сарфароз гардонида мешаванд.

10. ТАРТИБИ ДАРЁФТИ ҶОИЗАИ ИФТИХОРӢ

46.  Ба ғолиби беҳтарин Ҷоизаи ифтихорӣ дода мешавад.

47. Дар даври сеюм ба ҳар як номинатсия як Ҷоизаи ифтихорӣ ҷудо карда мешавад, ки баробар ба Шоҳҷоиза аст.

48. Ҷоизаи мазкур ба иштирокчие дода мешавад, ки дар асар офаридан, суруд хондан ва мусиқӣ навохтан маҳорат ва истеъдоди фавқулода дошта, маҳорат, истеъдод ва касбияти ӯ аз иштирокчии ҷойи якум болотар аст. 

11. ИМТИЁЗҲО

49. Ғолибони озмун ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро пайдо намуда, ба мактабҳои миёнаи махсуси мусиқӣ, коллеҷи мусиқӣ ва мактаби олии мусиқӣ (консерватория) тариқи суҳбат, ба таври ройгон, бе супоридани имтиҳон, қабул карда мешаванд.

50. Вазорати фарҳанг протокол ва санадҳои ғолибони озмунро дар асоси таҳияи тартиби махсус барои 10 сол нигоҳдорӣ намуда, баъдан ба бойгонӣ месупорад.

Замимаи 2

ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 11 феврали  соли  2021, №АП-42

Ҳайати комиссияи озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман»

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) -  раиси комиссияи озмун;

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон — муовини раиси комиссияи озмун;

Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — муовини раиси комиссияи озмун;

Сардори раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон –  котиби Комиссияи озмун

Аъзои Комиссияи озмун:

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон;

Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода;

Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон;

Директори Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов.

Замимаи 3

ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 аз 11 феврали  соли  2021, №АП-42

Ҷоизаҳои озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман»

1. Номинатсияи композиторӣ (аз 12 то 17-сола)

 

Маблағ барои як номинатсия

Шумораи ҷоизагирандагон (нафар)

Маблағи умумӣ

Жанри академӣ

1

Ҷойи якум

35 000

1

35 000

2

Ҷойи дуюм

25 000

2

50 000

3

Ҷойи сеюм

15 000

2

30 000

ҳамагӣ

5

115000

2. Номинатсияи композиторӣ (аз 18 то 40-сола)

 

Маблағ барои як номинатсия

Шумораи ҷоизагирандагон (нафар)

Маблағи умумӣ

Жанри академӣ

1

Ҷойи якум

35 000

1

35 000

2

Ҷойи дуюм

25 000

2

50 000

3

Ҷойи сеюм

15 000

2

30 000

ҳамагӣ

5

115 000

Жанри анъанавӣ

1

Ҷойи якум

35 000

1

35 000

2

Ҷойи дуюм

25 000

2

50 000

3

Ҷойи сеюм

15 000

2

30 000

ҳамагӣ

5

115 000

Жанри эстрадӣ

1

Ҷойи якум

35 000

1

35 000

2

Ҷойи дуюм

25 000

2

50 000

3

Ҷойи сеюм

15 000

2

30 000

ҳамагӣ

5

115 000

ҷамъ

 

345 000

3. Номинатсияи сарояндагӣ (аз 12 то 17-сола)

 

Маблағ барои як номинатсия

Шумораи ҷоизагирандагон (нафар)

Маблағи умумӣ

Жанри академӣ

1

Ҷойи якум

35 000

1

35 000

2

Ҷойи дуюм

25 000

2

50 000

3

Ҷойи сеюм

15 000

2

30 000

Ҳамагӣ

5

115 000

Жанри анъанавӣ

1

Ҷойи якум

35 000

1

35 000

2

Ҷойи дуюм

25 000

2

50 000

3

Ҷойи сеюм

15 000

2

30 000

ҳамагӣ

5

115 000

Жанри эстрадӣ

1

Ҷойи якум

35 000

1

35 000

2

Ҷойи дуюм

25 000

2

50 000

3

Ҷойи сеюм

15 000

2

30 000

Ҳамагӣ

5

115 000

Ҷамъ

 

345 000

4. Номинатсияи сарояндагӣ (аз 18 то 40-сола)

                               №

 

Маблағ барои як номинатсия

Шумораи ҷоизагирандагон (нафар)

Маблағи умумӣ

Жанри академӣ

1

Ҷойи якум

35 000

1

35 000

2

Ҷойи дуюм

25 000

2

50 000

3

Ҷойи сеюм

15 000

2

30 000

Ҳамагӣ

5

115 000

Жанри анъанавӣ

1

Ҷойи якум

35 000

1

35 000

2

Ҷойи дуюм

25 000

2

50 000

3

Ҷойи сеюм

15 000

2

30 000

Ҳамагӣ

5

115 000

Жанри эстрадӣ

1

Ҷойи якум

35 000

1

35 000

2

Ҷойи дуюм

25 000

2

50 000

3

Ҷойи сеюм

15 000

2

30 000

Ҳамагӣ

5

115 000

Ҷамъ

 

345 000

5. Номинатсияи навозандагӣ (аз 12 то 17-сола)

 

Маблағ барои як номинатсия

Шумораи ҷоизагирандагон (нафар)

Маблағи умумӣ

Жанри академӣ

1

Ҷойи якум

35 000

1

35 000

2

Ҷойи дуюм

25 000

2

50 000

3

Ҷойи сеюм

15 000

2

30 000

Ҳамагӣ

 

115 000

Жанри анъанавӣ

1

Ҷойи якум

35 000

1

35 000

2

Ҷойи дуюм

25 000

2

50 000

3

Ҷойи сеюм

15 000

2

30 000

ҳамагӣ

5

115 000

Жанри эстрадӣ

1

Ҷойи якум

35 000

1

35 000

2

Ҷойи дуюм

25 000

2

50 000

3

Ҷойи сеюм

15 000

2

30 000

Ҳамагӣ

5

115 000

ҷамъ

 

345 000

6. Номинатсияи навозандагӣ (аз 18 то 40-сола)

 

Маблағ барои як номинатсия

Шумораи ҷоизагирандагон (нафар)

Маблағи умумӣ

Жанри академӣ

1

Ҷойи якум

35 000

1

35 000

2

Ҷойи дуюм

25 000

2

50 000

3

Ҷойи сеюм

15 000

2

20 000

Ҳамагӣ

5

115 000

Жанри анъанавӣ

1

Ҷойи якум

35 000

1

35 000

2

Ҷойи дуюм

25 000

2

50 000

3

Ҷойи сеюм

15 000

2

30 000

Ҳамагӣ

5

115 000

Жанри эстрадӣ

1

Ҷойи якум

35 000

1

35 000

2

Ҷойи дуюм

25 000

2

50 000

3

Ҷойи сеюм

15 000

2

30 000

Ҳамагӣ

5

115 000

ҷамъ

 

345 000

Ҷамъи бандҳои 1-6

 

1 840 000

7. Маблағ барои омӯзгороне, ки шогирдонашон дар озмун ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро мегиранд

 

Маблағ барои як номинатсия

Шумораи ҷоизагирандагон

(нафар)

Маблағи умумӣ

1

Ҷойи якум

10 000

7

70 000

2

Ҷойи дуюм

10 000

14

140 000

3

Ҷойи сеюм

10 000

14

140 000

   

Ҳамагӣ

35

350 000

8. Ҷоизаи ифтихорӣ

 

Маблағ барои як номинатсия

Шумораи ҷоизагирандагон (нафар)

Маблағи умумӣ

1

Ҷоизаи ифтихории озмун (барои номинатсияи композиторӣ)

50 000

1

50 000

2

Ҷоизаи ифтихории озмун (барои номинатсияи сарояндагӣ)

50 000

1

50 000

3

Ҷоизаи ифтихории озмун (барои номинатсияи навозандагӣ)

50 000

1

50 000

 

Ҳамагӣ

3

150 000

9. Хароҷоти иловагӣ

      Маблағи умумӣ

1

Омода кардани ҷоми шоҳҷоизаҳо, дипломҳо  ва хароҷоти дигар     200 000

Эзоҳ:

-  маблағи умумӣ барои пардохти маблағи мукофоти ҷоизаҳо ва хароҷоти иловагии озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман»
2 540 000 (ду миллиону панҷсаду чил ҳазор) сомониро ташкил медиҳад;

- мукофотҳо бо пули миллии сомонӣ, тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дар назар доштани пардохти андозҳо, пешбинӣ шудаанд;

- иштирокчиёни даври сеюм бо дипломи озмун сарфароз гардонида мешаванд.