Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

№16 (4756) 02.02.2024

1. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз ҳисоби маб­лағҳои Фонди ­захира­­в­и­­и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мукофотонидани 68 ғолиб ва ҷоизадори мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва мураббиёни онҳо тибқи рӯйхати замимагардида 1462500 (як миллиону чорсаду шасту ду ҳазору панҷсад) сомонӣ ҷудо намояд.

2. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи саривақтӣ ва мақсадноки маблағҳои ҷудошударо таъмин карда, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи хароҷоти анҷомдодаро пешниҳод намояд.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон         Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 31 январи соли 2024, № АП-508

Ҳанӯз 9 январи соли 2015 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ» ба тасвиб расида буд, ки тибқи он соли ҳаштум аст ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ бо ҷоизаи мазкур қадршиносӣ мегарданд.

Ин аст, ки соли 2023-юм 1178 нафар варзишгар, аз ҷумла 210 бонуи узви дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ба 112 мусобиқаи сатҳи байналмилалии варзишӣ сафарбар гардида, дар натиҷа ба хазинаи варзишии кишвар 701 медал, аз ҷумла 203 тилло, 188 нуқра ва 310 биринҷӣ, ворид намуданд.

Ҳадафи асосӣ аз амалӣ кардани сиёсати давлат дар соҳаи варзиш, пеш аз ҳама, тарбия намудани насли худшиносу худ­огоҳ, донишманду созанда, соҳибмаълумоту соҳибкасб, аз лиҳози ҷисмонию маънавӣ обутобёфта ва бо ҳамин роҳ ба вуҷуд овардани заминаи боэътимод барои ҷомеаи тавонои Тоҷикистон мебошад.

www.prezident.tj