АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

№ 02.01.2025

1. Дар соли 2025 Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор карда шавад.

2. Низомнома, ҳайати комиссия, ҷоиза ва рӯйхати адабиёти тавсияшавандаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).
3. Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, кумитаҳои оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланд доир гардидани Озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин намуда, ғолибони Озмун ва омӯзгорон, падару модаронеро, ки шогирдону фарзандонашон дар даври ҷумҳуриявии Озмун барандаи ҷоизаҳо шуданд, аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонанд.
5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2025 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргузор гаштани Озмуни мазкур 6 670 000 (шаш миллиону шашсаду ҳафтод ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо намояд.
6. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи мақсадноки маблағи ҷудошударо таъмин карда, оид ба хароҷоти анҷомдода ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.
7. Назорати иҷрои амри мазкур ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) гузошта шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
2 январи соли 2025
№АП-709

 

Замимаи 1
ба амри Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «02» январи соли 2025, №АП-709

  Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» (минбаъд — Озмун) таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 баргузор мешавад.

2. Озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолӣ доир мегардад.

3. Озмун аз рӯйи чор номинатсия баргузор мешавад:

- адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ;

- адабиёти классикии тоҷик;

- адабиёти муосири тоҷик;

- адабиёти ҷаҳон;

4. Довталабони номинатсияҳо ба гурӯҳҳои зерин ҷудо карда мешаванд:

1) Номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ (3 гурӯҳ):

- гурӯҳи якум — хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-4);

- гурӯҳи дуюм — хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-8);

- гурӯҳи сеюм — хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 9-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11).

2) Номинатсияи адабиёти классикии тоҷик (4 гурӯҳ):

- гурӯҳи якум — хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 1-4)

- гурӯҳи дуюм — хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11).

- гурӯҳи сеюм- донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо);

- гурӯҳи чорум — омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун.

3) Номинатсияи адабиёти муосири тоҷик (4 гурӯҳ):

- гурӯҳи якум — хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 1-4);

- гурӯҳи дуюм — хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11);

- гурӯҳи сеюм — донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо);

- гурӯҳи чорум — омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун.

4) Номинатсияи адабиёти ҷаҳон (4 гурӯҳ):

- гурӯҳи якум — хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 1-4);

- гурӯҳи дуюм — хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11);

- гурӯҳи сеюм — донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо);

- гурӯҳи чорум — омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун.

 

2. САРПАРАСТ ВА МАСЪУЛОНИ ОЗМУН

5. Сарпарасти Озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

6. Масъулони баргузории Озмун вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ», кумитаҳои оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, телевизион ва радио ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошанд.

7. Кумитаҳои оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар тарғиб, ҷалб ва ҷараёни баргузории Озмун иштирок мекунанд.

8. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор кардани даврҳои якум, дуюм ва сеюми Озмун масъул буда, ғолибон ва омӯзгорони онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд мегардонанд.

9. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, раёсату шуъбаҳои маориф, бахшҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш, шуъба ва бахшҳои вилоятию минтақавии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон масъулони ташкил ва баргузории Озмун мебошанд.

 

3. КОМИССИЯИ ОЗМУН

10. Барои гузаронидани Озмун комиссияи Озмуни ҷумҳуриявӣ (минбаъд-комиссияи Озмун) таъсис дода шуда, ҳайати он бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

11. Ваколати комиссияи Озмун:

- таҳияи ҷадвали баргузории Озмун ва назорати он;

- тасдиқи тартиб, талабот ва тавзеҳот оид ба Озмун;

- пешниҳоди ҳайати ҳакамон барои даврҳои сеюм ва чоруми Озмун;

- барои ҳайати ҳакамон гузаронидани семинари машваратӣ;

- назорати риояи талабот ва пешниҳоди тавсияҳо ба довталабони Озмун;

- муайян намудани ҷойи баргузории даври сеюми Озмун дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ;

- омӯзиш ва тавсияи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшудаи довталабони Озмун ба даври чорум;

- таъсиси комиссияи аппелятсионӣ;

- баррасии пешниҳоди ҳайати ҳакамон ва арзу шикояти довталабон;

- тасдиқи протокол ва эълони натиҷаи хулосаи ҳайати ҳакамони даври сеюм ва чоруми Озмун;

- ҷамъбасти натиҷаи ниҳоӣ ва пешниҳоди он ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шиносоӣ ва маълумот.

 

4. ТАРТИБИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУН

12. Озмун аз чор давр иборат буда, аз моҳи марти соли 2025 то моҳи ноябри соли 2025 ба таври зайл ташкил ва гузаронида мешавад:

- даври якум — моҳи март дар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту муассисаҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот.

Эзоҳ: донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо) танҳо дар маҳалле иштирок карда метавонанд, ки муассисаи таълимӣ ва ё илмиашон дар ҳамон маҳал қарор дорад;

- даври дуюм — нимаи аввали моҳи май дар маркази мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ноҳияҳо.

Эзоҳ: даври дуюми Озмун аз ҷониби намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат карда мешавад;

- даври сеюм — моҳи август дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ;

- даври чоруми Озмун барои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври сеюм моҳи ноябр дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» баргузор мегардад.

13. Протоколи ҳайати ҳакамони даври сеюм ба комиссияи Озмун бо имзои раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва раисони ҳакамон ба даври чорум пешниҳод мешавад.

14. Ҷойи баргузории даврҳои Озмун дар деҳот, шаҳрак, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ муайян карда мешавад.

15. Масъулияти баргузории даври якум, дуюм ва сеюми Озмун ба зиммаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо вогузор карда мешавад. Шумораи ғолибони даври сеюми Озмун, ки ба даври чорум пешниҳод мешаванд, аз ҳар як номинатсия ва гурӯҳ набояд аз 6 нафар зиёд бошад.

16. Ҷараёни баргузории даврҳои якум, дуюм, сеюм ва чоруми Озмун тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва воситаҳои ахбори омма васеъ инъикос ва пахш карда мешавад.

17. Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ғолибони даври сеюм барои иштирок дар даври чорум ба комиссияи Озмун то 20 сентябр муқаррар карда мешавад.

18. Миёни роҳбари муассисаи таълимӣ, омӯзгор ва довталаб (дар шахси падару модар ва ё сарпарасти ӯ) метавонад шартнома ҷиҳати омода намудани довталаб ба имзо расонида шавад. Намунаи шартномаро Вазорати маориф ва илм омода карда, ба раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо пешниҳод менамояд.

19. Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳо, Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» ва кумитаҳо оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, телевизион ва радио масъули гузаронидани маросими тантанавии супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони Озмун мебошанд.

 

5. ШАРТҲОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН

20. Дар Озмун хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолӣ иштирок карда метавонанд.

21. Довталаби Озмун ба рӯйхати китобҳои хондашуда асарҳоеро бояд пешниҳод намояд, ки аз доираи китобҳои дарсии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ берун бошанд.

22. Дар вақти холгузорӣ ба миқдори асарҳои хондашуда, мухтасар баён кардан, дарки мазмуну муҳтавои асар, хониши ифоданок, шарҳу тавзеҳи калимаҳо бартарӣ дода мешавад. Довталаби Озмун ба ҳайати ҳакамон маҳорату малака, қобилияти хондан ва аз худ кардани осори адибонро пешниҳод менамояд.

23. Ҳайати ҳакамони Озмун аъзои фаъоли китобхона будани довталабро ба инобат мегиранд.

24. Ба мавзуъҳои Ватану ватандӯстӣ, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон, тавсифи ғояҳои Истиқлол, тараннуми дӯстию рафоқат, озодию осоиштагӣ, сулҳу субот, инъикоси саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ, мавзуи об ҳамчун сарчашмаи ҳаёт, инсондӯстӣ, хайру саховат, накукорӣ, васфи ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада, Тиргон, ишқи поки инсонӣ, эҳсонкорӣ ва тасвири табиати зебои кишвар бартарӣ дода мешавад.

25. Пешниҳоди осори азбаршуда асосан бо забони тоҷикӣ сурат мегирад. Довталаби Озмун дар интихоби забон ҳангоми хондан ва аз худ кардани осори адабиёти кӯдакон ва наврасон, осори адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик ва адабиёти хориҷӣ (тарҷума ва ё асл) озод аст. Ба довталабе, ки осори бадеии адибони ҷаҳонро бо забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ ва ғайра) пешниҳод менамоянд, бартарӣ дода мешавад.

26. Довталаби Озмун метавонад аз намунаҳои эҷодиёти халқ, аз ҷумла афсона, қисса, рубоӣ, достон, чистон, тезгӯяк, латифа ва ғайра вобаста ба номинатсияи интихобкардааш истифода намояд.

27. Дар даври чоруми Озмун довталаб шарҳи ҳоли мухтасари худ, рӯйхати асарҳои хонда ва азбаркарда (номи шеъри азёдкардашуда ва номгӯйи асарҳои насрии мутолиакардаашро бо зикри номи муаллиф) ба комиссияи Озмун дар се нусха ба таври ҳатмӣ дар шакли хаттӣ ва электронӣ пешниҳод менамояд. Зикри маълумоти зиёдатӣ, аз ҷумла мазмуни мухтасари асар, қаҳрамонони он, шакли пурраи шеъру ғазалу достон шарт нест.

28. Дар сурати ба талабот ҷавобгӯй набудани номгӯйи асарҳо, пурғалат будани дафтар, ҳамчунин мукаммал набудани матни шеъру достонҳо ва ё изофанависӣ намудани миқдори матнҳои азбаркардашуда, холи довталаб кам карда мешавад. Ҳакамон метавонанд, ки ба рӯйхати пешниҳоднамудаи довталаб маҳдуд нашуда, ба ӯ аз асарҳои дигари маълуму машҳури адибони муосиру классику ҷаҳон вобаста ба номинатсияи иштироккардааш савол диҳанд.

29. Агар довталаб хонандаи муассисаи таҳсилоти умумӣ дар даврҳои якуму дуюм ва сеюм ба қайд гирифта шуда бошад ва дар даври чоруми Озмун донишҷӯйи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ шуда бошад, ҳамчун хонанда дар даври чоруми Озмун иштирок мекунад.

30. Ғолиби даври чоруми Озмун, ки сазовори ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва барандаи Шоҳҷоиза гардидааст, то 5 сол дар Озмун ва минбаъд дар номинатсияи ғолибомадааш ҳуқуқи иштирок карданро надорад.

31. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо дар назди шуъба ва раёсатҳои маориф комиссияи қабули ҳуҷҷатҳои довталабони Озмунро таъсис дода, як нафарро ба таври ҳатмӣ котиби масъул таъин менамоянд. Котибони масъули комиссияҳои қабул ҳуҷҷатҳои довталабонро санҷида, дар асоси санад онро ба комиссияи ҷумҳуриявӣ пешниҳод мекунанд. Котиби масъули комиссия суроға, рӯз ва ҷойи баргузории Озмунро ба довталабон тавассути воситаҳои ахбори омма ва масъулон эълон менамояд.

 

6. ТАЛАБОТ БА ДОВТАЛАБОНИ ОЗМУН

32. Маҳорату истеъдоди довталабони Озмун аз рӯйи хондани осори манзум ва мансури бадеӣ муайян карда мешавад:

- барои довталабони Озмун хондани роман, повест, ҳикоя, новелла ва дигар жанрҳои адабӣ вобаста ба номинатсияи интихобкардааш иҷозат дода мешавад;

- довталаб дар хондани шеърҳо (ғазал, қасида, рубоӣ, дубайтӣ, порчаҳо аз достонҳо ва дигар жанрҳои лирикӣ) вобаста ба номинатсияи интихобкардааш озод аст.

 

7. МЕЪЁРИ АРЗЁБӢ

33. Ҳайати ҳакамони Озмун ба дараҷаи маҳорат ва истеъдоди довталаб аз рӯйи меъёрҳои зерин баҳо медиҳанд:

- барои таваҷҷуҳ ба мавзуъҳои Ватану ватандӯстӣ, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон, тавсифи ғояҳои Истиқлолу озодӣ, инъикоси саҳм ва ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ, мавзуи об ҳамчун сарчашмаи ҳаёт, инсондӯстӣ, хайру саховат, накӯкорӣ, васфи ҷашнҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Сада ишқи поки инсонӣ, эҳсонкорӣ, дӯстию бародарӣ, сулҳу субот, бунёди роҳу нақбҳо ва иншооти бузурги аср, корнамоиҳои фарзандони фарзонаи миллат дар бунёдкорию ободонӣ;

- барои қобилияти нақл ва тарзи қироат, шарҳи мухтасари асар, маълумот оид ба қаҳрамонони асар, баёни лаҳзаҳои ҷолиби асар, қобилияти озодбаёнӣ ва санъати суханварӣ, ҳунари ровигӣ, қобилияти луғатдонӣ ва шарҳи маънои луғавии вожаҳо, дарки дурусти мазмун ва муҳтавои асар, таассурот аз хондани асар.

34. Ба ҳар як довталаб барои муаррифии китобҳои хондааш ва нақлу хондани шеърҳо на камтар аз 20 дақиқа вақт дода мешавад.

35. Бо мақсади баҳогузорӣ намудан ба истеъдоди довталабон ҷадвали 10-хола муқаррар карда мешавад. Дар вақти холгузорӣ ба миқдори асарҳои хондашуда, мухтасар баён кардан, дарки мазмуну муҳтавои асар, хониши ифоданок, шарҳу тавзеҳи калимаҳо ва ҷавобҳои пурра 10 хол, барои ҷавоби аз хуб болотар то 9 хол, барои ҷавоби хуб то 7-8 хол, барои ҷавоби миёна то 5-6 хол, барои ҷавоби аз миёна поёнтар то 3-4 хол, барои ҷавоби суст 1-2 хол гузошта мешавад.

 

8. ҲАЙАТИ ҲАКАМОН

36. Ҳайати ҳакамони даврҳои Озмуни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро раиси комиссияи Озмун бо санади дахлдор тасдиқ менамояд. Ҳайати ҳакамон амалҳои зеринро иҷро мекунад:

- тибқи пешниҳоди комиссияи Озмун маҳорату истеъдоди довталабонро натиҷагирӣ мекунад;

- холҳоро муқаррар карда, бо овоздиҳии кушода ғолибро муайян менамояд;

- натиҷаи Озмунро дар протокол дарҷ карда, бо имзои аъзои ҳакамон тасдиқ менамояд.

37. Ҳайати ҳакамони даврҳои Озмуни шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо пешниҳоди комиссияи тадорукоти шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳо тасдиқ карда мешавад.

38. Ба ҳайати ҳакамони даври Озмуни шаҳрӣ, ноҳиявӣ, деҳоту шаҳрак намояндагони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, омӯзгорон, шоирону нависандагон, олимону рӯзноманигорон, роҳбарони китобхонаҳо, аъзои ҷамъияти китобдӯстон ва иттифоқҳои касаба ворид мешаванд. Шахсе, ки шогирд ё узви оилаи ӯ дар Озмун иштирок мекунад, ҳуқуқи ба ҳайати ҳакамон шомил гардиданро надорад. Шумораи ҳайати ҳакамон бо раису аъзо бояд 5 нафар бошад.

39. Хулосаи ҳайати ҳакамони даври чорум дар комиссияи Озмун баррасӣ ва тасдиқ карда мешавад.

40. Комиссияи Озмун дар ҳолати ҷавобгӯй набудани хулосаи ҳайати ҳакамон ба талаботи Низомномаи мазкур (дар ҳолатҳои истисноӣ ва ё муайян гардидани иштибоҳоти техникӣ) ҳуқуқи бекор кардани онро дорад. Ҳамчунин, дар сурати ба вуҷуд омадани мушкилоте, ки дар Низомномаи мазкур пешбинӣ нашудаанд, комиссияи Озмун ваколати ҳалли онро дорад.

 

9. ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВИИ ОЗМУН

41. Хароҷоти баргузории даврҳои якум, дуюм, сеюм ва хароҷоти вобаста ба сафарбаркунии ғолибон ва омӯзгорони онҳо ба даври чоруми Озмун, будубоши онҳо дар маҳалли баргузории Озмун аз ҳисоби буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва сарчашмаҳои дигари маблағгузории бо қонунгузорӣ манънагардида пардохт карда мешавад.

42. Ғолибони даврҳои якум, дуюм, сеюми Озмун ва омӯзгорони онҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ба таври моддию маънавӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.

43. Омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки шогирдони онҳо дар даври чоруми Озмун сазовори ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва ё барандаи Шоҳҷоиза мегарданд, бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» сарфароз гардонида мешаванд.

44. Падару модароне, ки фарзандони онҳо дар даври чоруми Озмун ғолиби ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ё барандаи Шоҳҷоиза мегарданд, бо нишони «Маърифатпарвар» ва «Ифтихорнома»-и Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» сарфароз гардонида мешаванд. Шакл, андоза ва тартиби супоридани нишонро Вазорати маориф ва илм таҳия ва тасдиқ менамояд.

45. Ба ғолибони даври чоруми Озмун ва омӯзгорони онҳо аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоиза ва мукофоти пулӣ дода мешавад.

46. Хароҷоти баргузории чорабинии даври чоруми Озмун аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суратҳисоби махсуси Вазорати маориф ва илм пардохт карда мешавад.

47. Рӯйхати ғолибони даври чоруми Озмун ва омӯзгорони онҳо аз тарафи комиссияи Озмун омода ва барои маълумот ва шиносоӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.

48. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо тартиби додани мукофот ва ҷоизаро раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо тасдиқ ва амалӣ менамоянд.

49. Барои ҳавасмандгардонии ғолибони ҳамаи даврҳои Озмун ва омӯзгорони онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалби сарпарастон иҷозат дода мешавад.

 

10. ТАРТИБИ ИШТИРОК ДАР ДАВРИ ЧОРУМИ ОЗМУН

50. Барои иштирок дар даври чоруми Озмун ба комиссияи Озмун ҳуҷҷатҳои зерин дар шакли хаттӣ ва электронӣ пешниҳод мешаванд:

- маълумоти мухтасар дар бораи довталаб;

- рӯйхати асарҳои мутолиашуда;

- номи шеър, достон ё мисраи аввали ашъори азёдшуда;

- нусхаи чопӣ ва электронии шеърҳои азёдкарда, рӯйхати асарҳои насрии мутолиакарда бо зикри номи муаллиф;

- нусхаи протоколҳои ҳайати ҳакамони даврҳои якум, дуюм ва сеюми Озмун.

51. Ҳуҷҷатҳои ғолибони даври сеюми Озмунро ба даври чорум котиби масъули комиссияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба комиссияи Озмун пешниҳод менамояд.

 

11. ТАРТИБИ ДАРЁФТИ ШОҲҶОИЗА

52. Барои дарёфти Шоҳҷоиза довталабе метавонад иштирок намояд, ки дар даври чоруми Озмун дар гурӯҳи номинатсияи худ ҷойи якумро сазовор гардидааст.

53. Дар ҳолати муайян шудани ғолиби Шоҳҷоиза натиҷаи ҷойҳои ишғолкардаи ғолибони ҳамон гурӯҳи номинатсия як зина боло бардошта мешавад.

54. Барандаи Шоҳҷоиза довталабе шуда метавонад, ки ба саволҳои иловагии ҳакамон ҷавоб дода тавонад, дафтари ӯ ҷавобгӯйи талаботи Низомномаи Озмун буда, рӯйхати асарҳои мутолианамуда ва азёдкарда мутобиқ ба синну сол ва гурӯҳи худаш бошад. Ҳангоми баҳо додан донистани забонҳои хориҷӣ ва аъзои фаъоли китобхонаҳо будан ба эътибор гирифта мешавад.

12. ИМТИЁЗҲО

55. Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 9-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11), донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр), ки дар даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» сазовори ҷойҳои 1, 2, 3 ё барандаи Шоҳҷоиза гардидаанд, ба ихтисоси интихобкардаашон ба муҳлати се сол бе Озмун ва ройгон дар асоси тавсияномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва баъд аз муассисаи олии таълимӣ қабул карда мешаванд. Хонандагон ва донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таълимӣ дар гурӯҳҳои пулакӣ таҳсил мекунанд, дар сурати дар даври ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои 1, 2, 3 ва ё Шоҳҷоиза гардидан, ба гурӯҳи ройгони таҳсил гузаронида мешаванд. Тартиби қабули ғолибони даври чоруми Озмун ва барандаи Шоҳҷоизаро Вазорати маориф ва илм тибқи муқаррарот муайян менамояд.

56. Довталабони даври чоруми Озмун (хонандагони синфи 11) дар соли ҷорӣ ба ихтисосҳои омӯзгорӣ ва филологии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар бе Озмун ба тариқи ройгон қабул карда мешаванд. Тартиби қабули довталабони даври чоруми Озмунро Вазорати маориф ва илм тибқи муқаррарот муайян менамояд.

57. Вазорати маориф ва илм протокол ва санадҳои ғолибони Озмунро дар асоси таҳияи тартиби махсус барои 3 сол нигоҳдорӣ намуда, баъдан ба бойгонӣ месупорад.

 Замимаи 2

ба амри Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «02» январи соли 2025, №АП-709

 Ҳайати комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»

муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа), раиси комиссия;

вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси комиссия;

муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиби комиссия.

Аъзои комиссия:

сардори раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа;

президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;

директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон;

раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.