Анҷоми Сафари Давлатии Президенти Туркманистон

№63 (4646) 12.05.2023

Нимаи дуюми 11-уми майи соли равон, пас аз анҷоми сафари бобарори давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳаммедов аз шаҳри Душанбе ба Ватан баргаштанд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақом — Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳаммедовро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ бо нишони эҳтирому самимияти зиёд гусел намуданд.

Ёдовар мешавем, ки сафари давлатии Президенти Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-ум то 11-уми майи соли 2023 идома ёфт. Зимни ин сафар мулоқоти сарони давлатҳо ва ҳайатҳои расмии ҳар ду давлат баргузор гардида, аз рӯи натиҷаҳои он 24 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

АМИТ «Ховар»