Анҷоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Беларус

№144-145 (4727-4728) 24.11.2023

23 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар саммити Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ аз шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ба шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар карданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони мудофиа, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.