Аз 3 то 5 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ва бо мақсади иштирок дар Конфронси байналмилалӣ оид ба мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки амнияти сарҳадӣ — марҳалаи кувайтии “Раванди Душанбе” дар шаҳри Ал-Кувайти Давлати Кувайт қарор доштанд.
Зимни сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти олии ин кишвари дӯст, аз ҷумла бо Амири Давлати Кувайт ва Валиаҳд мулоқотҳои судманду созанда анҷом доданд.
Аз руи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Кувайт 9 санади нав, ки робитаҳоро дар сиёсати хориҷӣ, танзими қувваи корӣ дар бахши хусусӣ, тиҷорат, саноат, ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия, тарбияи ҷисмонию варзиш ва сайёҳӣ танзим менамояд, ба имзо расид.
Сафари Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Кувайт аз он лиҳоз пурмаҳсул буд, ки зимни он Пешвои миллат ҳамчунин дар Конфронси байналмилалии марҳалаи кувайтии “Раванди Душанбе” иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни суханронӣ дар конфронс Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдории Тоҷикистонро аз қабули Конвенсия оид ба мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ таъкид намуданд.
Ҳамчунин, Президенти кишвар мусоидат ба таъмини сулҳу суботи пойдор ва ҳаёти осоишта дар паҳнои оламро яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати хориҷии давлати мо номида, аз пешниҳоди худ дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати қабули қатъномаи махсус оид ба эълон кардани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” ёдовар шуданд.
Рӯзи 4 ноябр дар ҳошияи ин сафар ҳамчунин дигар чорабиниҳо, аз қабили Форуми саноатӣ, сармоягузорӣ ва иқтисодии Тоҷикистону Кувайт, намоиши молу маҳсулоти саноатӣ ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии тарҷумаи арабии китоби академик Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” баргузор гардид.
Аз лаҳзаҳои нахустини ворид шудан ба Давлати Кувайт истиқболу пазироии самимии роҳбарияти олӣ ва мардуми кишвари дӯст баръало эҳсос мегардид. Кӯчаҳои шаҳр бо парчамҳои ҳар ду давлат идона ороста шуда буд.
Ҷараён ва натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт ва иштироки Сарвари давлат дар конфронси сатҳи баланд дар даҳҳо расонаҳои ин кишвар, аз ҷумла дар рӯзномаву маҷаллаҳо, агентиҳои иттилоотӣ ва радиову телевизион ба таври васеъ инъикос ёфт.
5 ноябр сафари расмии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Давлати Кувайт ба анҷом расид.
Чун маросими истиқбол ҳамчунин гусели Сарвари давлат дар фурудгоҳи байналмилалии Ал-Кувайт бо шукуҳи хоса баргузор шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми ин кишвари дӯст самимона гусел намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Ал-Кувайт ба Ватан баргаштанд.