Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон

№62 (3856) 19.05.2018

41248599295_1a5f4340c8_o16 майи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко мавзеъҳои зебову нотак­рори кишварро дар ноҳияи Варзоб ­тамошо карданд.

 Сайру тамошои сарони давлатҳо аз Бӯстонсаройи беруназшаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ва то мавзеи Такоби ноҳияи Варзоб идома ёфт.

Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко дар Бӯстонсарои беруназ­шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, воқеъ дар ноҳияи Варзоб, гаштугузор ва суҳбати озоди дӯстона намуда, аз табиати сабзу ҳавои тоза ҳаловат бурданд.

Александр Лукашенко барои меҳмоннавозии гарми анъанавии тоҷикӣ, ки аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зоҳир гардид, изҳори қаноатмандӣ намуд.

Нимаи дуюми 16 май сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон анҷом ёфт ва Александр Лукашенко аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Минск баргашт.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии ­Душанбе меҳмони олиқадрро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гусел намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Беларус бо сафари расмӣ 14 — 16 май дар Тоҷикистон қарор дошт.

Зимни сафари бобарор ва аз рӯйи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ 15 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки бахшҳои тиҷорату иқтисод, илму маориф, тандурустӣ, саноат, мудофиаи гражданӣ, кишоварзӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва сармоягузориро дар бар мегиранд. Акнун шумораи ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Беларус наздик ба 100 адад расид.

Рӯйдоди дигари муҳими сафари расмӣ баргузории Анҷумани муштараки соҳибкорони Тоҷикис­тон-Беларус-Афғонистон бо иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистону Беларус ва доираи соҳибкорони ӯзбекистон, қазоқистон, Покистон, ифтитоҳи Намоишгоҳи молу маҳсулоти Беларус ва ба истифода додани марҳилаи аввали корхонаи муштараки тракторсозии Тоҷикистону Беларус дар шаҳри Ҳисор мебошад.

 www.president.tj